- Иқтисод

Деваштич: Роҳбари дастгоҳ ба 100 ҳазор сомонӣ пора ба даст афтод

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Деваштич Суҳбатулло Санатуллозода аз як сокини ноҳия барои ҷудо  намудани 2627м2 қитъаи замин 100000 сомонӣ пора талаб кардааст. Ин маблағи калони пулиро роҳбари дастгоҳ дар  ду ҳолат гирифтааст. Имрӯз зимни нишасти хабарӣ бо журналистон   сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд Аваззода Шараф Тавар гуфт, ки Санатуллозода ба шаҳрванд «А» барои ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони майдончаи варзишӣ аз ҳисоби заминҳои ҷамоати деҳоти Яхтан ба сифати пора 100 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Аввалҳои моҳи апрели соли 2021 маблағи 28700 сомониро гирифтааст.

Роҳбари дастгоҳ аз шаҳрванд дарёфт ва дастрас кардани боқимондаи маблағи  маслиҳатшударо талаб мекунад. 14-уми апрели соли 2021 шаҳрванд ҳангоми гирифтани боқимондаи маблағ, яъне 4700 доллари ИМА ва 23000 сомонӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дастгир карда шудааст. Вобаста ба ҳолати ошкоршуда нисбати Санатуллозода бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ  Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Ба иттилои сардори Раёсати Агентӣ дар давоми шаш моҳи соли равон 157 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки 25 ҷиноят аз ҷониби кормандони ҳукумати шаҳру навоҳии вилоят содир шудааст. Дар байни ин ҷиноятҳо ба истилоҳ пуровоза ва пурсарусадо ин ҳам бошад дар ҳаҷми махсусан калон пора талаб карда гирифтани Роҳбари дастгоҳи ноҳияи Деваштич буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷудо карда додани қитъаи замин дар ваколати номбурда набуд. Мувофиқи талаботи қонун танҳо раисони шаҳру ноҳияҳо ваколати  додани қитъаи заминро доранд.

Фарзона Муродӣ