- Иҷтимоъ

БЕДОДГАРӢ ДАР НУРОБОД

Ба диққати роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Озода Раҳмон

 Ба диққати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуф Раҳмон Аҳмадзод

Ҳамасола аз тарафи ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо баҳри рушду нумуи соҳибкорию тиҷорати зиёд бурсияҳо ва грантҳои бебозгашт ба сокинони кишвар дода мешавад, то ки онҳо фаолият намуда ризқи худ ва дигаронро таъмин намоянд. Мирзоева Насибахон, дар шаҳраки Дарбанд ки маркази маъмурии ноҳияи Нуробод мебошад, барои худ макони зисту фаолияти корӣ интихоб намуда, давоми беш аз 4,5-сол боз онҷо зиндагӣ менамояд. Соҳиби ду фарзанди ноболиғ асту пештар дар маҳаллаи Мехколоннаи ш. Душанбе иқомат мекард. Аз сабаби рўзи ногузар ба инҷо омада зиндагӣ ихтиёр кард. Ин бонуи ҳунарманд дар маркази бозомузии калонсолони ноҳияи Нурообод фаъолият намуда дар як муддати кутоҳ ба 70-нафар духтарону модарон касабаҳои бурандагию дузандагӣ омузонда ба онҳо барои дар оянда фаолияти корию касбӣ доштан ёрии амалии худро расонидааст.

Бо ибтикори ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон рузи 18-июни соли 2021 ба ноҳияи Нуробод  15-дастгоҳои дузандагии муосирро муовини раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ҳамчун туҳфаи ҳизб ба муносибати ҷашни арзандаи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ оварда супорид, ки ин амал байни мардуми ноҳия басо бо хушнудӣ пазируфта шуд. Лекин ин хурсандиву хушнудии мардум дер давом накард. Тахминан соатҳои 15:10 ду зани ҳузарб бо номҳои Ғунчагул ва Кайбону, ки оилаҳои якумаш оилаи корманди мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод Ҳушанов Садриддин ва дуюмин бошад завҷаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод Зафарҷон Ҳисориев буданд, ки ин ду зани ошуфта давоми беш аз 40 дақиқа бо тамоми қудрат ба ин муштипари танҳо, ки дар коргоҳ танҳо нишаста буд, зуриву қудрати тавоноии худро аз ҳисоби шавҳаронашон нишон доданд. Насиба танҳо дид, ки аз ягон ҷиҳат зураш ба ин занҳои ашхоси воломақом намерасад, хомўш истоду сипас ашк рехта ҳасрат кард. Кор то ба ҷое расид, ки чор дафъа аз ҳисоби ҳақоратҳои ин занҳо дар коргоҳ қай намуд ва ин амали ин занҳо то омадани ёрии аввали тиббӣ ки Насиба даъват намуда буд давом кард. Вақте, ки духтурон омаданд диданд, ки Насиба беҳуш аст, базудӣ ёрии таъҷилиро даъват намуданд, то ки ўро ба беморхона интиқол диҳанд.

Духтурони беморхонаи маркази ноҳия барои паст кардани шиддати фишор ва асаби Насиба мубориза бурданд. Гарчанде, ки ин ду зан ҳамчун коромўз дар коргоҳи Насиба Мирзоева ҳамагӣ 4-5 рўз фаолият намуда бошанд ҳам, ҳамаруза ба ў ҳушдор медоданд, ки гуё шавҳаронашон ба онҳо гуфта бошанд ки шумо ҳар моҳ бояд аз 700 то 1000 сомонӣ маош гиред. Гузашта аз ин барои дилхоҳ корашон Насиба ба онҳо аз 5 то 15 сомонӣ маблағ медод. Инҷо суоле бармеояд, ки чӣ ин занҳои мансабдорони давлатиро водор кардааст, ки ба ин модари танҳо фишор биёранд, агар мо тамоми ҳақоратҳову таҳдидҳои ин занҳоро рўи коғаз биёрем  чандин саҳифаҳои газетаҳо камӣ мекунад. Ҳамагӣ як суханашонро меорем ки «ту пасмондаи табақи …. мардум аз куҷо пайдо шудиву нони моро кашида гирифтаӣ «, яъне давоми беш аз 40 дақиқа он қадар фишор оварданд, ки имруз Насиба 3-4 метр дуриро дида наметавонад. Гузашта аз ин ҳолати равониаш бисёр вазнин гашта кушиш бар он дорад, ки мактаби худ, шогирдони худ ва ноҳияро партофта бозпас ба Душанбе баргардад, то ки инҷо табобату ташхис гирад. Танҳо барои табобату ташхиси давраи якум ў беш аз 4700 сомонӣ хароҷот намудааст, вале заррае шифо наёфтааст. Гузашта аз ин гарчанде дар мақомот  шавҳарони ин занҳоро дида бошанд ҳам, чандин дафъа саломи ўро алек нагирифтаанд. Ин нишон медиҳад, ки амали занҳои воломақоми нишияи Нуробод пешакӣ аз тарафи шавҳаронашон тарҳрезӣ шудааст. Гарчанде, ки Насиба ба ШВКД оид ба ин кирдори ин ду зан шикояд бурда бошад ҳам, то ба имрўз касе онҳоро ҳайфи шумо низ нагуфтааст.  Давоми беш аз 4,5 сол Насиба боре ба табибон оиди бемории чашм, фишорбаландӣ, дарди сар ва дилаш шикояте накардааст ва имруз, ки ба ҳоли зори ин модари танҳо ҳатто мурғони ҳаво мегирянд, ҷуброни зарарҳои моддию маънавие, ки ў дидааст ва шабу руз дар нола аст ки пардохт менамояд? Кӣ бояд пеши роҳи чунин худсариву чунин худхоҳиро гирад? Оё аз ин кирдорҳои ин ду зан ки як шахси бегуноҳро то ба дараҷаи беҳушиву беҳолӣ расонидаанд, мақомоти дахлдори ноҳияи Нуробод хабардор ҳастанд?

Саиди Ҳайдар,

Душанбе -Нуробод- Душанбе