- Иқтисод

Пули мардум куҷо шуд? Посухи Вазорати молия

Дар вазорати Молияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз доир гашт гуфтанд, ба суратҳисоби барои зарардидаҳои муноқишаи марзӣ бозшуда маблағ ворид нашудааст.

Ба иттилои мавҷуда баъди кушодани суратҳисоби махсус онҳо ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карданд, то ба осебдидагони муноқишаи марзӣ кӯмаки худро расонанд, ки дар ин самт барои дастрасии маблағҳои зарурӣ ҳоло кор идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли ҷорӣ барои кумак ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ суратҳисоби кумак боз кард, аммо бо гузашти чанд рӯз мақомот ҷамъоварии маблағро манъ кард. Дар пайи ин дар назди вазорати Молия суратҳисоби махсус боз шуд ва аз сокинон даъват карданд, ки кумакҳояшонро ба ин суратҳисоб гузаронанд.

«Ҳоло аҳолии зарардида кумаки моддӣ гирифтанд. Масъалаи на танҳо барқарорсозии иншооти дар муноқишаи марзӣ зарардида, балки аз сел низ харобшуда дар ҳама ҷаласаҳои раҳбари давлат аввалиндараҷа аст», — гуфт, вазир.

Ҳафизулло Тоҳирӣ