- Варзиш

Маблағҳои Бахши ҷавонони минтақа куҷо сарф мешаванд?

   22-июл нишасти матбуотии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар минтақаи Кӯлоб бо иштироки роҳбари нави ин бахш (5 моҳ фаолият дорад) Маҳмудҷон Хоҷаев баргузор гардид. Як соат вақти нишасти матбуотӣ нишон дад, ки ин нафар дар симмати роҳбарӣ аз бисёр корҳое, ки бояд чун панҷ панҷа бидонад, бехабар аст.

   Нишонаи нахустини ноогоҳии ин масъул пешниҳодсозии маълумотномаи нопурра ва номафҳум ба рӯзноманигорон аст. Маълумотномае, ки ба ҷуз иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳо чизи дигаре набуд. Ҳол он ки ин бахш миёни ҷавонон аз рӯи 10 самт фаолият мебарад.

   Суолҳо аз ҷониби рўзноманигорон ба мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар минтақаи Кӯлоб зиёд буданд.

   Аз ҷумла суол дар мавриди сметаи хароҷотии бахш ва дар нимсолаи аввали соли 2021 ва чӣ миқдор маблағ сарф кардан ба Хоҷаев дода шуд. Бовар нокарданист, ки мавсуф ба роҳгумӣ афтод ва аз чӣ буд, ки сметаи хароҷотии ниҳоди зери роҳбарияшро, ки бо муҳр тасдиқ мешавад, дақиқан гуфта натавонист. Кор то ба ҳадди тахмину тақрибан расид. Аслан фаолияти ин бахш вобаста аст аз мабалағ, аз ҷумла барои сафарбарнамоии варзишгарон ба мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳо, вале бовар нокарданист вақте роҳбар намедонад пулҳо куҷо сарф мешаванд.

   Хоҷаев гуфт, “сметаи хароҷотии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кўлоб тақрибан 1 миллион сомонӣ аст ва дар нимсолаи аввал 600 ҳазор сомонии он барои гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳо ва дигар корҳо сарф шудааст.”

   Маблағи сметаи хароҷотӣ ва дар куҷо сарф кардани ин маблағҳоро ҳамчун мудир надонистани ин нафар боз ҳам дар нишасти матбуотии Раёсати молияи минтақаи Кўлоб баръало айён гардид.

   Дар нишасти ин ниҳод иттилоъ доданд, ки сметаи хароҷотии Бахши ҷавонони минтақа 1 миллиону 37 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардида, дар 6 моҳи имсол 1 миллион сомонии он азхуд карда шудааст.

   Яъне боз ҳам ин рақамҳо гувоҳи он аст, ки тўли 5 моҳи роҳбари Маҳмудҷон Хоҷаев то ҳол аз бурду бохти бахш ва маблағҳое, ки барои рушди соҳа ҷудо мегарданд, хабар надорад.  

   Дар маълумотномае, ки болотар ишора рафт, кор то ба ҳадди бемасъулиятӣ аст, ки ҳатто шумораи ҷавонон дар минтақа, ҷавонони бекор, онҳое, ки имконияти маҳдуд доранд ва дар давоми нимсолаи аввал ҷавононе, ки ҷиноят содир кардаанд дарҷ нашудааст. Дар нишастҳои матбуотии бахши мазкур бо иштироки директори пешинааш дар маълумотнома ҳамаи маълумотҳо дарҷ мешуданд.

   Танҳо дар пресс-релиз як чиз фаҳмо буд, дастоварди варзишгарони минтақа. Мувофиқи варақаи маълумотӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 варзишгарони минтақаи Кӯлоб дар 35 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, 10 Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 506 медал, аз ҷумла 146 тилло, 155 нуқра ва 205 медали биринҷӣ гардиданд.

   Дар интиҳо чӣ бояд гуфт? Агар ба ҷойи Маҳмудҷон Хоҷаев роҳбари дигаре мебуд дар давоми 5 моҳ соҳаро бо ҳама нозукиҳояш пурра меомўхт ва ба қавле дар шаби хобаш мепурсиданд, ҷавоб медод ва дар назди рўзноманигорон дар ҷавоби саволҳо мушкилӣ намекашид. Магар чӣ мушкил дорад соҳаи зери роҳбарияшро омўхтан?

Худододи Ислом