- Фарҳанг

Примадоннаи рус бо се миллион ҳайкал сохт, примадоннаи тоҷикро ҷарима бастанд

Дирўз бузургтарин хунёгари дар қайди ҳаёт будаи тоҷик бонў Сурайё Қосимоваро барои бори аввал дар умраш ҷарима бастанд.

Хабаргузории газета.ру хабар медиҳад, ки Алла Пугачёва, бузургтарин хунёгари рус, ё ба истилоҳ примадонна Алла Пугачёва, барои сохтмони ҳайкали бастакори машҳури рус- Эдуард Шаинский ба пайвандонаш 3 миллон рубл тўҳфа кардааст, то ҳайкали ўро дар қабристони Новодевичии шаҳри Москва бисозанд.

Дар ҳамин маврид примадоннаи тоҷик, шахсе, ки 51 соли ҳаёти ширини худро дар саҳнаҳои худӣ ва бегона гузаронида шарафи санъати миллати тоҷикро то ба Сурайё расонид -Сурайё Қосимоваро санҷишгарони Агентии мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Соате пеш апаи Сурайё Қосимова бо машаққати зиёд (шояд бо қарз) маблағи ҷаримаро дарёфт карда пардохт кард, яъне кормандони Агентӣ 15 000 сомонӣ ба давлат фоида оварданд. Ба саволи он, ки ин кормандон чӣ қадар зарар ба маънавиёти мардум ва ба обирўйи давлат оварданд, гумон дорам, ҳар як фарди солимақл посух дода метавонад. Ин зарар нарх надорад, чунки болатар аз ҳисоби маблағ аст.

Примадоннаи тоҷикро ба он гунаҳкор кардаанд, ки дар Кўлоб зиндагӣ намекунад, аммо аз идораи фарҳанг моҳона мегирад.  Савол, магар бонў Сурайё барои зиндагӣ кардан дар Кўлоб моҳона мегирад ё барои фаолият кардану чорабиниҳоро обод гирифтан? Гумон дорам, бояд дуюмаш бошад. Бисёр нафаронро медонам, ки аз идораи фарҳанги шаҳру минтақа ва вилоят моҳона дарёфт мекунанду дар минтақа истиқомат мекунанд, аммо кореро ба сомон намерасонанд. Акнун бубинед, ки Сурайё чӣ кор мекунад.

Аловуддин Абдуллоев, сардори Раёсати Фарҳанги вилояти Хатлон дар сўҳбат бо «Пайк» ба саволи мо дар мавриди он, ки Сурайё ҳоло барои вилоят чӣ хизмат мекунад? Гуфт: «Дар ҳама чорабиниҳои фарҳангии минтақа шаҳр ва вилоят ҳозир аст.  Хоҳ рўзи модар бошад, хоҳ ҷашни Истиқлолият, хоҳ Наврўз Сурайё Қосимова ҳозир асту аз сидқи дил хизмат мекунад.»

Яъне Сурайё Қосимова дар минтақа ҳузур дорад ва рисолаташро пурра иҷро мекунад. Дар ин чорабиниҳо хизмат карда ягон маблағ намеситонад. Аз ҳисоби худ меояд, меравад, мехурад ва мехобад. Ин маънои онро дорад, ки рисолаташро ҷавонмардона ва беҳтар аз дигарон ба иҷро мерасонад.

Абдураҳим Одинаев, мудири бахши Раёсати Фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб ба ҳамон саволи мо чунин посух дод:

«Апаи Сурайёро дар ҳар чорабиние, ки даъват мекунем бе ягон инҷиқӣ қабул мекунад,сари вақт меояд ва аз сидқи дил хизмати мардум мекунад. Дар ҳоле, ки дигар ҳунармандон барои иштирок дар як чорабинӣ то 10 000 сомонӣ талаб мекунанд. Апаи Сурайё бо ҳама ҳунари волояш аз ҳисоби худ меояд ва бепул хизмат мекунад. Мо аз он кас миннатдорем. Моҳонаи каме, ки дар инҷо мегирифт маҳз барои ҳамин хизматҳояш буд.»

         Албатта кормандони Агентии зидди фасод аз рўйи қонун амал кардаанд. Аммо инро фаромўш набояд кард, ки қонун бояд дар хизмати инсон бошад. Аввал андеша мекарданд, ки Примадонна моҳонаашро ҳолол мекунад ё пули бедарди миён мегирад. Ба андешаи мо Сурайё Қосимова дар як сол то 10 чорабинии вилоят ва минтақаю шаҳри Кўлобро обод мегирад ва хизмати холисона мекунад. Ба гуфти Одинаев, агар як ҳунарманд то 10000 сомонӣ барои як чорабинӣ пурсад, пас апаи Сурайё дар як сол 100 000 сомонӣ фоида меовардааст? Бубинед, ки дигарон аз Сурайё қарздоранд, ё баръакс.

Дар ҳар сурат, охирин пайсаи бузурги миллатро кашида гирифтанд, яъне ба осиёби ғайбатхонаи бадхоҳони миллат боз ҳам об рехтанд, акнун гардишаш зиёд мешавад. Пешниҳод мекунам, ки хонандаи сомона ва ҳафтавори «Пайк» аз рўйи оини ҷавонмардӣ ва ватандўстӣ даст ба ҷайби ниматиҳии худ халонда дастҷамъона 15 000 сомонӣ ғундорад, то аз шармандагӣ раҳо ёбем. Гумон дорам ба сари ҳар кас 1  сомонӣ мерасад. Хатои санҷишгарро сари вақт бояд ислоҳ кард.Хосса хатои ин корманд хатои давлат нест.

           А. Иброҳим