- Иҷтимоъ

Дар Варзоб ду нафар аз заминфурўшон боздошт шуданд

Рўзи гузашта ду нафар аз масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Варзоб бо ҷурми заминфурўшӣ боздошт шуданд.

Агентии мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионии ҷумҳурӣ Курбонов Аслонбек  раиси ҷамаоати Чорбоғ ва Ниёзов Оллоҳмурод раиси ҷамоати Лучоби ноҳияи Варзобро ҳамчун гумонбар дар заминфурўшӣ дастгир карда ба боздоштгоҳи муваққатӣ фиристоданд. Гуфта мешавад маблағи ришва 24 000 сомониро ташкил медодааст.

Хабарро масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб тасдиқ карданд. Тафтишоти пешакӣ оғоз шудааст.

                                                Саиди Ҳайдар