- Иҷтимоъ

ЧАРО ИДОРАИ ФАРЪӢ-КОМУНАЛӢ БА ТЕМУРМАЛИК ТЕХНИКА НАМЕДИҲАД?

   Темурмалик яке аз ноҳияҳоест, ки барои сарбаландона  истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузург дар он корҳои ободонӣ идома доранд. Дар гўшае бино месозанду дар мавзее гулу дарахт мешинонанд, дар маконе харобазореро обод мекунанду дар роҳе шиору овеза ва навиштаҷот насб мекунанд. Хулоса ҳама дар пайи ободӣ. Маълум аст, ки дар шароити муосир аксари корҳои ободониро техникаи ҳозиразамон беҳтару бештар ба сомон мерасонад. Гузашт давраи белу каланд, ҷумҳурии мо ҳам дар баробари ҷаҳони мутамаддин хеле пеш рафтааст. Гап сари он, ки набудани техникаҳои корӣ барои кормандони корхонаи коммуналӣ баҳри ободии ноҳия хеле мушкилӣ пеш овардааст. Техника, ки надоранд коршон ба тундӣ ва мушкилот  пеш меравад.

   Айни чунин корҳои созандагӣ дар маркази ноҳияи Темурмалик давом дорад. Дар ин ноҳия масъулин дар такопуи ободу зебо сохтани гирду гўшаи ноҳияанд. Рўзҳои наздик ба ин ноҳия сафари хизматӣ доштем, чунин манзараро мушоҳида кардем. Дар маркази ноҳия, аниқтараш назди бинои Ҳукумати ноҳия кормандони корхонаи коммуналӣ ба насби шиору овезаҳо (баннерҳо) машѓул буданд. Чун ба кори эшон назорат кардам, кормандони Корхонаи коммуналии ноҳияи мазкур дар насби шиору овезаҳо хеле мушкилӣ мекашиданд. Барои як овезаро дар ду дарахти тарафи роҳ овезон кардан аз сабаби набудани техникаи вижаи корӣ, техникае, ки корманд ё шиорро ба нуқтаи даркорӣ боло мебардорад, аз ҳар ҳилла кор мегирифтанд.

   Як корманд аз як тараф ба болои дарахт баромада, ду нафари дигар ба ҷойи техникаи болозикр дар болои техникаи обпошӣ баромада бо зарби чубу бел шиорро аз поён медоштанд ва он нафарони дар ду дарахт буда шиорро ба ҳам мекашиданду ба дарахтон мебастанд. Хулоса азоби алим… Ин манзараи хело аҷиб ва ҳам нигаронкунанда буд. Аҷиб барои ин ки эшон бо ҳилла ҳам бошад кори худро анҷом медоданд, нигаронкунанда барои он ки эшон ба техникаи корӣ дастрасӣ надоштанду ба як зўре корашонро анҷом медоданд. Дар ҳоле, ки дар дигар навоҳӣ дидаем, ки техникаи корӣ доранду корн ест. Агар гўем коргарон бо баромадан ба баландӣ ҷони худро ба хавф мегузоштанд, хато намекунем. Норасоии техника дар ҳама корхонаҳои коммуналӣ аст, аммо дар ноҳияи Темурмалик набудани онро сабаб дар чист?

   Ҳабибуллозода Самариддин Ҳабибуллоҳ, сардори Корхонаи давлатии фаръии коммуналии ноҳияи Темурмалик рўзи 17-июн дар сўҳбати телефонӣ иттилоъ дод, ки “Дар корхона 5 техникаи корӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла 2 техникаи обкашӣ, 1 дамлавоз, 1 ГАЗ 53-и партовкашонӣ як адад техникаи корношоям. Аз ин техникаҳо як ададаш нави хитойӣ буда, боқимонда техникаҳои замони шўравиянд. Талабот ба техника дорему шароит нест. Баъзе техникаҳо як вақт кор мекунанду вақти дигар не. Мо ба вазорат «КВД Фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналии» назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» муроҷиат кардаем ва ишораи онҳоро интизорем. Дар навбати худ вазорат ҳармоҳа маблаѓи 8 %-и худро мегирад ва бояд моро бо техника таъмин созад.”

   Гуфтан ба маврид аст, ки асоси кори кормандони Корхонаи коммуналӣ аз техникаҳои корӣ сахт вобастагӣ дорад. Самариддин Ҳабибуллозода, ки худ шоҳиди кори зердастон вақти насбу часпондани шиору овезаҳо буд ва хуб медид, ки зердастон аз набудани техникаи корӣ, ба қавле ҷон дар хатар фаолият мекарданд. Таври маълум аз буҷети маҳаллӣ барои харидории техникаҳо имкон нест. КВД Фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналии» назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ниҳоди болоии ин корхона аст, чаро барои ҳалли чунин проблемаҳои идораҳои зерсохтори худ дар минтақа мусоидат  ё ба таъбире ба ин масъала бо ду чашм нигоҳ намекунад? Охир маблаѓи 8%-ро бе чуну чаро мегиред ку.

Худододи Ислом