- Тандурустӣ

ДАР УЗБЕКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН КОВИД-19 ЗИЁД ШУДААСТ, ДАР АФҒОНИСТОН ФАВТИДАҲО

Шабонарўзи гузашта теъдоди гирифторон ба бемории Коронавирус дар Узбекистон ба 371 нафар расид- хабар медиҳад маркази матбуотии Вазорати Тандурустии Узбекистон. Гирифторон ба ин беморӣ то имрўз бошад ба 104 834 нафар расидааст. Ду нафар ҳам шабонарўзи гузашта аз ин беморӣ фавтидаанд ва ба теъдоди 713 нафар фавтидагони дигар зам шудаанд.  170 нафар гирифторони Ковид-19 дар пойтахти Узбекистон шаҳри Тошканд ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Қирғизистон шабонарўзи гузашта 787 нафар мубталои бемории Коронавирус шудаанд. Ин нишондиҳандаи баландтарин аст аз аввали сол. 368 нафари беморон дар пойтахти ин кишвар шаҳри Бишкек ба қайд гирифта шудаанд. Тули шаборузи гузашта 4 нафар ҳам ҷони худро аз даст додаанд. Теъдоди гирифторони беморӣ дар маҷмўъ бошад дар Қирғизистон ба 112 777 нафар расидааст, 1916 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии ҷумҳурии исломии Афғонистон 17 июн дар бораи гирифтор шудани 2313 нафар дар як шабонарўз хабар дод. То ба ҳол дар Афғонистон 98 844 нафар гирифтори Ковид-19 гаштаанд, 3943 нафар фавтидаанд.