- Тандурустӣ

Дар минтақаи Кўлоб 13427 адад маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии пастсифат безарар карда шуд

   Дар самти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ аз тарафи кормандони Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи Кўлоб дар 5 моҳи соли равон ба хотири муайян кардани камбудиҳо корҳои назоратӣ ва санҷишҳо гузаронда шуда, як қатор камбудиҳо ошкор шуданд.

   Аз ҷумла 5-моҳи соли 2021 9 қарор фаолияти 9 муассисаҳои фармасевтӣ, бо 12 қарор фаолияти 12 муассисаҳои табобатию профилактикӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд. Аз тарафи мутахассисони раёсат 1 маротиба санҷиши муштарак дар 5 муассисаҳои фармасевтӣ бо кормандони Прокуратураи ноҳияи Фархор, 1 маротиба санҷиши муштарак дар 5 муассисаҳои фармасевтии шаҳри Кўлоб бо кормандони КДАМ гузаронда шуд. Инчунин 1 санҷиши муштарак дар 6-муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Кўлоб бо мутахассисони Дастгоҳи марказӣ ва мутахассисони Раёсати хадамоти фавқ сурат гирифт. Ҳангоми санҷиш аз муассисаҳои фармасевтии ш.Кўлоб ва н.Фархор 31 номгўй ба миқдори 90 адад маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд. Дар ин замина нисбати шахсони масъули дорухонаҳо 5 парвандаи ҳуқуқваронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 10600 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Ҳамзамон дар ҳамин давра аз нуқтаҳои дорухонагии шаҳри Кўлоб, ноҳияҳои Фархор, Ховалинг ва Данғара 77 номгўйи маводҳои доруворӣ барои ташхиси такрорӣ ба озмоишгоҳи раёсат супорида шуд.

   Бояд гуфт, маводҳои дорувории сифатнок, ки фурўши он дар муассисаҳои фармасевтӣ (дорухонаҳо) ба роҳ монда шудааст, кафолати солимии ҷомеа аст. Назорати сифатнокии ин намуди маводи тиббӣ бошад бар зиммаи ниҳоди мазкур аст. Пас ин кор аз масъулин масъулияти ҷиддиро металабад.

   Тавре масъулин мегўянд дар қатори фурўшандагоне, ки маҳсулоти пастсифати худро пинҳон мекунанд, ашхосе ҳаст, ки дар сурати гузаштани муҳлати истеъмолӣ бо мо дар робита мешавад. Барои мисол дар панҷмоҳаи соли ҷорӣ аз тарафи муассисаҳои табобатию профилактикии минтақаи Кўлоб 44 номгў ба миқдори 8530 адад ва аз тарафи муассисаҳои фармасевтӣ 130 номгў ба миқдори 6529 адад бо тариқи мактуб маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта барои безарар ва несту нобуд сохтан ба анбори раёсат супурдаанд. Дар маҷмуъ дар 5 моҳи соли 2021 119 номгўйи маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо миқдори 13427 адад ба маблағи умумии 60281,72 сомонӣ, ки вазни умумиаш 955 кг-ро ташкил медод, дар иштироки комиссияи тасдиқшуда бо роҳи сўзондан ва безараргардонӣ несту нобуд карда шуд.

   Тибқи маълумот дар минтақаи Кўлоб 297 муассисаи фармасевтӣ яъне дорухонаҳо ба фурўши маводҳои доруворӣ машғуланд. Ба шаҳри Кўлоб 92, навоҳии Восеъ 53, Фархор 36, Балҷувон 3, Темурмалик 9, Ховалинг 17, Ҳамадонӣ 37, Данғара 34, Муъминобод 9 ва Шамсиддин Шоҳин 7 адад дорухона рост меояд. Мегўянд, агар чиз зиёд шавад, беқадр мешавад, яъне арзишаш поён меравад. Шумораи дорухонаҳо дар минтақа сол аз сол меафзояду маводи доруворӣ ҳам зиёд мешавад, аммо нархи доруворӣ баръакс, қиммат мешаваду арзон не.

Худододи Ислом