- Иқтисод

Кӣ ба манфиати давлат кор мекунад, роҳбар ё корманд?!

   Сареҳ аст, ки алҳол қарздорӣ аз рўи напардохтани ҳаққӣ истифодаи нерўи барқ қариб дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ҷой дорад. Сол то сол қарз ба ҷойи кам шудан, таассуфан, зам шудан дорад. Бино ба иттилои масъулин, қарзи барқ дар шаҳру навоҳии минтақаи Кўлоб маҷмўан ба 328 миллиону 342 ҳазор сомонӣ расидааст, ки қиёсан ба соли гузашта 21 миллиону 973 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар идораи шабакаҳои барқ миёни кормандон баҳсҳое ҷой доранд, ки ба кам шудани маблағҳои қарзи барқ хатти батлон мекашанд. Кам нашудану баръакс афзоиши қарзҳоро сабаб кадом аст?

   Дар аввали соли 2021 кормандони тамоми идораҳои барқ ва фурӯши барқ дар минтақа аз корманди қаторӣ сар карда то роҳбараш иваз шуданд. Мардум фикр карданд, ки бо ин тағйироти кадрӣ кори ин сохтор беҳтар мешаваду қарзи барқ камтар, аммо ҳамаи кор баръакс шуд.

   Восиф Сайдаҳмадов, собиқ нозири барқи “Филиали ҷамъияти саҳҳомии кушодаи шабакаҳои барқ дар шаҳри Кӯлоб” (албатта ба гуфти худаш) бо даъвати директори филиали мазкур Маҳмуродзода Ғайратшо Мерган дар шаҳри Кӯлоб бар кор омада буд. Ин ҷаноб чунин иддао дорад, ки ўро директор ба кор даъват карда гуфтааст, ки ҳолатҳои дуздии барқро ошкор намояд, чунин ҳам шуд. Чанд идораю заводро ошкор карда ва ба назди директор рафта, чунин ҳолатҳоро шарҳ додаст. Ба унвони мисол метавон гуфт, ки дар яке аз коргоҳҳои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ҳолати дуздии барқро ин нозир ошкор кардааст. Дар ҳамин ҳол аз ин кор кормандони дотситонӣ огаҳӣ пайдо карданду ўро ба Прокуратураи минтақа даъват карданд. Ў рафтаву онҳо талаб карданд, ҷойҳое, ки дар он ҳолатҳои дуздии барқро ошкор намудаашро ба кормандони прокуратура гўяд. Сайдаҳмадов ба кормандони прокуратура ҳолати коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикиро шарҳ додааст. Кормандони дотситонӣ рафта ин соҳибкорро ба маблағи 57 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ намуданд. Маҳмуродзода Ғайратшо Мерган директори “Филиали ҷамъияти саҳҳомии кушодаи шабакаҳои барқ дар шаҳри Кӯлоб” ўро ба наздаш даъват карда чунин гуфт: ту чаро бе супориши ман бо мақомот кор мекунӣ ва аз ҳамин сабаб Восиф Сайдаҳмадовро аз кор озод кардааст.

   Дар сабте, ки дар дасти мо аст, Маҳмуродзода Ғайратшо Мерган бо собиқ кормандаш чунин суханон мегўяд, нукти айнан нақлшударо иқтибос меорем:

-“Ма 17 солай раисм Шумо кира мефурӯшен Кӯлоби Кӯлобира “манзури ин ҷаноб он будааст, ки ин корманд дуздии барқро ошкор карда ва сипас кормандони дотситонӣ онро ҷарима кардаанд” ма оли фармони тра ноброварда т ихели кардестай, ма тра файрод кардм, гуфтм бра ҷура резултат бков. Ак т мада уқа резултатиам наёварди, ки мисол…т мегӯй перемичкара уво мемонан неким уво меган перемичкамон хдш бд, мара ай пеши пркрор телефон кардӣ, ма нозир рои кардм, чӣ тда харидор шидай пракрор у пркрорай ияй увай тафтишот рӯи днёда ҳастай барои чӣ тда харидор шидаян барои унаму даҳани ҳуйт.  Ма тра дар як минут грфтм ҳуҷҷат кардм. Т неким чзи бугуй нагуй амуво оста-оста вехи роҳбар миян “манзураш кормандони дотситонӣ аст”. Бра ак ма тра озод кардагийм.” Шакли пурраи сабти мазкур дар дасти мо маҳфӯз аст, ки суханони зиёде гуфта шудааст.

   Ин буд бахше аз суҳбати директори “Филиали ҷамъияти саҳҳомии кушодаи шабакаҳои барқ дар шаҳри Кӯлоб” Маҳмуродзода Ғайратшо Мерган бо собиқ нозири ҳамин идора Восиф Сайдаҳмадов.

   Албатта, ин баҳс байни онҳост, аммо ин ҷо чӣ пинҳонкорӣ аст, ки ҷаноби директор дуздони барқро на сарзаниш мекунад, на ҷарима? Вазифаи ҷонии ин ҷанобро кормандони дотситонӣ уҳда мекунанду муҷримонро ҷарима. Ин ҷаноб бошад кормандеро, ки ҳолатҳои дуздии барқро ошкор кардааст, аз кор озод намудааст. Аз ин ҳолати кор чӣ хулоса бояд кард, роҳбар ба манфиати давлат кор мекунад ё корманд? Яъне зери коса нимкосаест… 

Мӯсавӣ