- Кишоварзӣ

Суғд: 1824 гектар замини кишоварзӣ аз гардиш берун монд

Дар ҳудуди вилояти Суғд 1824 гектар заминҳои таъйиноти кишоварзӣ аз гардиш берун мондаанд.   Сабаби асосиро масъулини мақомоти прокуратураи вилоят дар саҳлангорӣ ва нодуруст истифода бурдани замин аз ҷониби масъулини кишоварзӣ ва мақомоти иҷроия медонанд.

Бино ба гуфти прокурори вилояти Суғд Хоҷазода Фурқат дар 9 шаҳру навоҳии вилоят проблемаи аз гардиш бозмондани заминҳои кишоварзӣ ташвишовар аст. Аз ҷумла дар шаҳри

Истаравшан- 724 гектар,

 Мастчоҳ-336 гектар,

Ашт-227 гектар

Деваштич-165 гектар

Зафаробод-126 гектар

Конибодом-69 гектар

Спитамен-65 гектар

Б.Ғафуров-54 гектар ва дар  шаҳри Панҷакент 28 гектар  заминҳои кишоварзӣ ба заминҳои бекорхобида табдил ёфтаанд.

Ин ҳам дар ҳолест ки маъалаи норасоии қитъаи замин (ҳам кишоварзӣ ва ҳам лалмию наздиҳавлигӣ) дар саросари кишвар проблемаи №1 аст. Аммо оморе, ки овардем нишон медиҳад, ки имрӯз корбарӣ дар соҳаи кишварзӣ ва ҳам назорат дар самти замин суст аст. Зеро 1824 гектар замини аз кишт берунмондаро саривақт коркарду обёрӣ ва аз эрозия шуданаш пешгирӣ карда ҳадди ақал 5 сотиқӣ ба кишоварзон тақсим мекарданд беш аз 350 нафар соҳиби замин мешуданд. Беш аз 350 нафар андозсупоранда “тавлид” мешуд…

Вале ба қавли як дӯсти шухам, аксар раисон баъди курсиро харидан бо муовинони худ якум шикори заминҳоро нақша мекашанд, баъд объектҳои давлатию хусусиро.  Аз ин ҷост ки аз ҷониби кормандони прокуратураи вилоятӣ ба 347 адад қарорҳои раисони шаҳру навоҳии вилоят эътироз оварда шуд ва ё ба талаботи қонун бо дахолати мақомоти зикршуда мутобиқ гардонида шуд.

Танҳо дар ноҳияи Деваштич нисбати 45 адад қарори раиси ноҳия эътироз оварда шудааст ки ин дар сатҳи дигар шаҳру навоҳии вилоят аз ҳама нишондиҳандаи баланд аст. Баъд аз ноҳияи Деваштич ноҳияи Мастчоҳ, ки нисбати 35 адад қарори раиси ноҳия даъвои прокурорӣ оварда шудааст ва сеюм ноҳияи “парчамбардор” дар ин самт ноҳияи Б. Ғафуров аст, ки ба 30 адад қарорҳои қабулкардаи раиси ноҳия эътироз оварда шудааст. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят  қарорбекоркунӣ  камтар ба қайд гирифта шудааст.   

    Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолатҳои бархилофи талаботи қонунгузории замин, қоидаю меъёрҳои шаҳрсозӣ ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замин аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ҷой дошта, дар ин давра ба 347 адад қарорҳои раисони шаҳру навоҳии вилоят вобаста ба замин эътироз оварда шудааст.

Фаъолони ҷомеа бар он назаранд, ки  вақте қарори қабулкардаи раиси ноҳияи ки худро “шоҳ”-и ноҳияњо ном мебарад эътироз оварда мешавад, яқинан фаъолияти раис ва масъулини кумитаи идораи замини ноҳияро зери суол мебарад. Зеро имрӯз хариду фуруш ва тақсимоти ғайриқонунии замин ба як “бизнес” табдил ёфтааст, ки яке барои ҳамагӣ 2 сотиқ замин солҳо дар навбат меистад, аммо дуюмӣ (албатта бо додани пора)баъди ягон ҳафтаи аризааш барои гирифтани замин қонеъ карда мешавад…

Некрӯз Раҳматов