- Фарҳанг

МУРОҶИАТНОМАИ Ситоди шаҳрӣ вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Ҳамдиёрони азиз!

Ситоди шаҳрӣ барои ҳар чӣ зудтар бартараф намудани оқибатҳои сели шадид, ки рӯзи 11-ми май ба як қатор маҳаллаҳои зисти шаҳри Кӯлоб харобиҳо овардааст, чунин муроҷиат менамояд:

Пеш аз ҳама бояд ёдовар шуд, ки корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати рӯйдода пайваста дар зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Дар шаҳр Ситоди ҷумҳуриявӣ фаъолият дошта, ҳамаи хисороти расидаро таҳлил намуда, чораҷуӣ карда истодааст.

Имрӯзҳо аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб, донишҷӯёни донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо, кормандони идораву муассисаҳои шаҳр дар поксозии кӯчаву хиёбонҳо, наҳру ҷӯйборҳои обгузар, сангобу ҳавлиҳои одамон, инчунин барқарорсозии пулҳову лӯлаҳои обрав ва дигар  корҳои созандагӣ якдилона иштирок мекунанд.

Ба таъкид ишора мекунем, ки сабабгори асосии пуртуғён  гаштани наҳру сойҳо, дучори монеаҳои сунъӣ гаштани ҷараёни селовард мебошад. Яъне аҳолии шаҳру деҳот, ки ба оддитарин қоидаҳои нигаҳдорӣ ва нест кардани партовҳои маишӣ бепарвоӣ зоҳир карда, партовҳои хонаву корхонаи худро ба масири рӯдхонаҳо партофта, пеши роҳи селро гирифтаанд, ҷараёни сел масири худро тағйир дода, ба хонаву ҳавлиҳо сарозер гашт. Агар ба обравҳо афкандани партовҳои маишӣ, ба монанди зарфҳову қуттиҳои пластикӣ, халтаҳову уребчаҳо, пасмондаҳои аз забҳи чорво ба амал омада, умуман ҳар гуна партовҳои маиширо қатъ накунем, чунин ҳодисаи ногувор ҳар сол метавонад сар занад.

Бо назардошти ин, ҳамдиёрони муҳтарам ба Шумо муроҷиат намуда огоҳ месозем, ки:

— Партовҳои  маиширо, ба обравҳо, ҷӯйҳо ва наҳру сойҳо напартоед. Партовҳоро танҳо ба қуттиҳо ва ҷойҳои хоси муайяншуда партоед. Ин ҳама маънии пешгирӣ аз сар задани бемориҳои сироятӣ мебошад.

— Ба назар гиред, ки обҳои зеризаминии аз лӯлаи чоҳҳои амудӣ ҷорибударо барои нӯшидан истифода накунед, зеро ин обҳо аз сатҳи болоии замин, ки коллектор номида мешавад, фаввора зада, оби техникӣ мебошанд. Ин обҳо аз ҷамъшавии боришот ба амал омада, ба таври лозимӣ полуда (филтр) нашудаанд ва истифодаи онҳо метавонанд сабаби сар задани бемориҳои ногувори сироятӣ гарданд.

— Худатон дарк кунед ва ба кӯдаконатон бифаҳмонед, ки аз нӯшидани оби ноҷӯшонида қатъиян даст кашанд. Фарзандони мактабхонатон, бо худ дар зарфҳо оби ҷӯшондаи хунукшуда дошта бошанд, то ки ташнагиро аз ҳисоби обҳои  носанҷида ва ифлос бартараф насозанд.

— Аз ҳамаи шаҳрвандони бомаърифати шаҳр хоҳиш мекунем, ки ба ҳамсояҳои худ, хонадони худ, ба хурду калон бифаҳмонанд, ки ба тоза кардани назди дару дарвоза ва пушти девори хонаҳояшон саҳм гузоранд;

—  Шаҳри мо хонаи мост. Ҳоло ки фасли баҳор ба поён нарасидааст, дар пешгоҳи ҳавлиатон, пештоқҳои манзилҳои баландошёна гулу гулбуттаҳо бикоред. Мардумони шаҳри Кӯлоби бостонӣ бо гулпарастиву зебоишиносиашон машҳуранд ва поку сафо нигоҳ доштани шаҳрамон, зистгоҳамон мояи обрӯи ва иззату этиромамон мебошад.

Мо ба нерӯи созандаи Шумо ҳамдиёрони бонангу номусамон бовариву эътимоди пурра дорем ва дар иттиҳоду якҷоягӣ аз ӯҳдаи бартарафсозии ҳама душвориҳои рӯзгор, аз ҷумла оқибатҳои офати табиӣ сабаландона мебароем!

Барои амалї шудани ин корҳо ба шумо бурдборӣ ва саломатӣ хоҳонем. Боварӣ доем, ки дар ин корҳои хайр ҳар яки мо саҳми худро мегузорем.

Бо этиром, Ҳайати тадорукоти Ситод.