- Варзиш

Кӯлоб, майдончаҳои футбол аз бетаваҷҷуҳӣ валангор шудаанд

   Дар маҳаллаҳо сохтани майдончаҳои футболи хӯрд далолати рушд ва таваҷҷуҳи беандозаи давлат ба ин намуди варзиш аст. Вақте майдончаҳо бунёд мешаванд, шароити машқу тамрин барои ҷавонону наврасон муҳайё мегардад. Майдончаҳо ку дар беҳтарин ҳолат ба истифода дода мешаванд, аммо дере нагузашта онҳо аз бетаваҷҷўҳӣ ба вайрона мубаддал мегарданд. Чӣ лозим вақте чунин иншооти варзишӣ бо сарфи маблағ сохта шаванду аз хунукназарӣ дар андак муддат вайрону валангор гарданд?

‎ ‎ ‎ Сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Кӯлоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки футболи хӯрд дар ин шаҳр оммавӣ мешаваду зери таваҷҷуҳи давлат қарор надоранд. Имрӯз бо даст додани шароит дар маҳаллаҳо майдончаҳои варзишӣ бо суръат сохта мешаванд. Дар ин майдончаҳо садҳо ҷавонону наврасон тамрин мекунанду ҳамин миқдор дур аз корҳои ношоям ба бозии футбол вақт мегузаронанд. Сохтани майдончаи футбол як масъала, аммо нигоҳубин ва дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани он талабот ва масъалаи дигар аст, ки на дар ҳама майдончаҳои футболи хурди шаҳр ин талабот риоя мегардад. Бар замми ҳамаи ин ғамхориҳо дар баъзе аз гӯшаҳои шаҳри Кӯлоб майдончаҳои футбол дар ҳоли хуб ќарор доранд.

   Майдончаҳои футболи хӯрде, ки дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин, шафати Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст, ҳамин гуна ҳоли бад дорад. Дар ин макон ду майдончаи футболи хурд паҳлӯи ҳам сохта шуда, дар ихтиёри дӯстдорони варзиш гузошта шудааст. Тибқи маълумот ин ду майдонча моҳи марти соли 2015 аз тарафи Федератсияи Футболи Тоҷикистон сохта шудааст. Ин аз таваҷҷуҳии роҳбарияти ин ниҳоди олии футбол дар кишвар ва махсусан дар шаҳри Кӯлоб дарак медиҳад. Таассуф, ки ин ду майдончаи футбол пас аз 6 сол, ба қавле, хизмати пурра ба анҷом нарасонда вайрону корношоям гардидаанд. Сабзаҳои сунъии (газон) сурохшуда, майдони бедарвозаву симтурҳои канда ва курсиҳои нишасти  пора-пораву титу парешону алафҳои бегонаи гирди майдончаҳоро пашхкарда гувоҳии ҳолати бади майдончаҳои мазкурро медиҳанд. Бояд гуфт аз ин ду майдонча якеаш ҳоли миёна дорад, лекин дуввумӣ тамоман ҳоли хароб дорад. То ба ин дараҷа ба нестӣ рафтани ин майдончаҳоро сабаб дар чӣ бошад?

   Баҳром Рустамов, директори Мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб рӯзи 22-май тариқи сӯҳбати телефонӣ ба «Пайк» иттилоъ дода гуфт:

   «Майдончаҳо соли 2015 аз тарафи Федератсияи Футболи Тоҷикистон сохта шуда, ба тавозуни мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб гузошта шуд. Замини мутааллиқи майдончаҳои футболро мувофиқи қарор ба соҳибкоре барои сохтмони аквапарк додаанд. Як майдонча корношоям ва дигараш соз ва бачаҳо тамрин мекунанд. Обод кардани майдони валангор кори мушкил нест, лекин дар сурати оғози корҳои сохтмонӣ аз ҷониби соҳибкор хароҷоти мо барбод меравад. Аз он ки ин маконро ба соҳибкор додаанд, мо интизорем кай соҳибкор майдончаи варзишӣ месозад. Мувофиқи шартнома соҳибкор аввал барои мо майдони футбол месозад ва баъд ин заминро ба ихтиёраш мегузорем.»

   Аз он ки ин мавзеъ ба соҳибкоре дода шудааст масъала равшан аст, аммо соҳибкор кай корҳояшро оғоз мекунад, инаш маълум нест. Мумкин дар давоми имсол ҳам сохтмонашро анҷом надиҳад.

   Дар интиҳо ҳаминро бояд гуфт, ки соли аввали ба истифода додани ин ду майдончаи варзишӣ, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ буданд, дар онҳо мусобиқаҳои футболи хурд гузаронда мешуду сокинони маҳаллаҳои гирду атроф ба бозии футбол машғул мешуданд. Ҳоло ки шароит баръакс шудааст, ба қавле дар ин майдончаҳо пашша пар намезанад.

Худододи Ислом