- Иҷтимоъ

Дар Мексика одамхури пирро боздошт карданд

Дар Мексика марди 72 солаеро боздошт карданд, ки дар марги беш аз 30 нафар тули 20 соли ахир айбдор мешавад. Полиси Мексика ҷинояткорро баъди марги Рейн Родригеси 34 сола ошкор карданд, хабар медиҳад El Pais.

Ин зан 13 май ғайб зад. Ҳангоми ҷустуҷу дар хонаи марди мексикоӣ қисмҳои бадани одамони зиёд дарёфт гардид. Пулис хабар медиҳад, ки ин мард гўшти қурбониёни худро мехурдааст. Ба ҷуз ин дар хонаи нафақахур ашёи шахсии одамони гумшударо тайи солҳои гуногун дарёфт кардаанд.

Инчунин аз хонаи ин мўйсафед сабти садои кушташудагонро пеш аз марг дарёфт карданд. Гуфта мешавад, гумонбар ҷисми Родригесро ҳам пора карда хурдааст. Теъдоди аниқи қурбониёнро тафтишот муайян мекунад.