- Маориф

ХОВАЛИНГ: муассисаҳои томактабӣ намерасанд

   Новобаста аз он ки ҳамасола дар навоҳии минтақаи Кӯлоб даҳҳо иншоот барои пешрафти таълиму тарбия дар самти маориф сохта мешавад, аммо бар замми ин барои ҷалби кӯдакону наврасон ба таълим ҳоло ҳам мушкилиҳо вуҷуд доранд. Ин аст, ки барномаи давлатии фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар минтақа пурра иҷро нашуда, қисми ками кӯдакон ба таълим ҷалб шудаанд.

   Дар ноҳияи кӯҳистони Ховалинг, ки дар чанд соли ахир дар соҳаи маориф чандин муассисаҳои таълимӣ сохта шуда, соҳаи маориф каме дар роҳи беҳбудӣ аст, чунин мушкил ҷо дорад. Аз 5705 кӯдакони аз синни 3 то 6 сола қисми ками онҳо дастрасӣ ба таълим дар кӯдакистонҳоро доранд.

Муҳаммадназар Амирсаидов, мудири маорифи ноҳияи Ховалинг рӯзи 15 апрел ба «Пайк» иттилоъ дода гуфта буд, ки» дар ноҳия барои ҷалби кӯдакон ба таълим ду муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дорад, ки якеаш хусусӣ ва дигараш давлатӣ мебошад. Мактаби хусусӣ дар деҳаи Шугнов ва давлатӣ бошад дар маркази ноҳия карор дорад. Дар ин ду муассиса 177 кӯдакон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Сабаби кам будани шумораи муассисаҳои таълимӣ аз кам будани талабот ба кӯдакистонҳо бо иллати сатҳи пасти иҷтимоии сокинон аст.»

   Дар сохтмонҳои ҷашнии то 30 солагии ҷашни Истиқлолият танҳо соли 2020 дар деҳаи Шугнов як кӯдакистон сохта ба истифода дода шуд. Дар маркази ноҳия бо сабаби пайдо нашудани сарчашмаи маблағгузор сохтмон анҷом наёфт.

   Ба иддаои ин масъул ду кӯдакистон барои як ноҳия кифояткунанда аст, зеро талабот ба боғчаҳои наврасон кам аст. Аммо аз шуъбаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар мавриди масъала ишораи дигар карданд.

   Мувофиқи маълумоти аз ин шуъба дастрасшуда дар минтақаи Кӯлоб дар ноҳияи Ховалинг аз 5705 кӯдакони аз 3 то 6 сола танҳо 177 нафарашон дар кӯдакистонҳо таълим мегиранд. Дар тамоми минтақа бошад 138491 кӯдкони аз 3 сола то 6 ба қайд гирифта шудаанд ва 48 кӯдакистон, 442 Маркази инкишофи кӯдак дар якҷоягӣ 17144 нафар кӯдакро ба таълим фаро гирифтаанд, ки дар маҷмӯъ 12% нақшаи фарогириро ташкил мекунад. Сабаби иҷро нагардидани ин барнома бемории ҳамагир ва пайдо нашудани сарчашмаҳои маблағгузор гуфта мешавад.

   Агарчи барномаи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар минтақа, аз ҷумла ноҳияи Ховалинг иҷро нашудааст, мудири маориф Амирсайидов онро қаноатбашх меҳисобад. Дар ҳоле, ки ҳамагӣ 14% кӯдакон ба боғчаҳои кӯдакона фарогир ҳастанд, ки ин рақам хеле кам асту кифояткунанда нест. Волидони ҳазорҳо кӯдакон интизоранд, то фарзандонашонро дар боғчаҳо ба таълим фаро бигиранд.

Худододи ИСЛОМ