- Тандурустӣ

Дар шиками занҳои ҳомила «аҷина»-ҳоро диданд

Ин расми ҷанини модар аст, ки ташхиси рентгенӣ нишон додааст ва истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоии интернет онро ба тамошои умум гузоштааст. Баъзеҳо ба ин бовар карда тарсидаанд, баъзеи дигарон бовар накардаанд. Муллифи расм гуфтааст, ки ин расмҳо дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи ҷанин гирифта шудаанд. Истифодабарандаи дигари шабакаҳои интернетӣ бо номи шартии plaindayne мегўяд, ки писари вай дар шикамаш ҳамин гуна қиёфа дошт, бинобар ин модарам метарсид ба расми рентгении наберааш назар кунад. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки намуди кўдакони дар батн буда айнан мисли аҷинаҳоеанд, ки одамон дар расмҳои кашидаи худ инъикос мекунанд.

«Рамблер»