- Варзиш

Бохти «Равшан», ноадолатии доварон мухлисонро ба шӯр овард

   Дар даври 6-уми Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ду даста аз вилояти Хатлон бо ҳам рақобат карданд. Дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дастаи «Хатлон»-и Бохтарро дар майдонаш қабул кард. Бояд гуфт, ки ин бозиро ҳайъати доварон, сардовар Амирҷон Хоркашов (Душанбе), доварони кунҷӣ Вафо Қараев (Шаҳринав) ва Фарҳод Куралов (Душанбе), довари эҳтиётӣ Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе), нозири доварон Юсуф Ишматов (Бохтар) ва комиссари бозӣ Бобоҷон Қаландаров аз шаҳри Душанбе ҳакамӣ мекарданд.

   Дар ин рақобат аз оғоз мизбонон фаол буданд ва бештари ҳуҷумҳоро дар назди дарвозаи меҳмонон созмон медоданд. Фоизи бештари идоракунии туб дар дасти мизбонон буд. Чӣ аз канорҳо ва чӣ аз маркази майдон лаҳзаҳои хатарноки голзаниро анҷом медоданд. Аммо ба гол задан имкон наёфтанд.

   Футболбозони дастаи «Хатлон», ки камфаол буданд, дар дақиқаи 16 бо зарбаи сар ҳисобро боз карданд. Аммо дар дақиқаи 35 сардовари бозӣ Амирҷон Хоркашов (Душанбе) туби ба дасти футболбози меҳмонон дар ҷаримагоҳи 16 метра расидаро, ки аз нишастгоҳҳо расиданаш бараъло ба назар намуд, дидаву дониста ҳисоб накард.

   Қисмати дуюми бозӣ пурра зери контроли мизбонон буд. Дар як ҳуҷум ҳам як ҳолати расиши туб ба дасти бозингари Хатлонро довар дубора ба назар нагирифт. Ин ҳолат ҳазорҳо мухлисони дастаи «Равшан»-ро ба шур овард.

   Шурӯъ аз қисмати дуюми рақобат чунин менамуд, ки футболбозони дастаи «Хатлон» ба бењуда сарф кардани вақт майл менамуданд. Эшон бо ҳар баҳона худро болои сабза мепартофтанд, хоса дарвозабони даста дар ин кор хеле нақш бозид. Барои ин амалашон эшон корти сурх ҳам гирифтанд.

Дақиқаи 80-ум меҳмонон голи дуюми худро ба дарвозаи дастаи кӯлобиҳо заданд. Баъди чанде такопу дар дақиқаҳои иловагӣ легионери рақами 18-и дастаи «Равшан» ҳисобро ба 1:2 расонд.

   Аммо аз он ки довари марказӣ ду пеналтии дастаи мизбонро ба инобат нагирифту даста ба бохт рӯ ба рӯ шуд, мухлисон аз беадолатии сардовар Амирҷон Хоркашов ба шӯр омада ба бетартибӣ даст заданд. Санг партофтану норозигӣ баён кардан ва билохира шикастани шишаҳои нақлиёти автобуси футболбозони меҳмон аз ноадолатии кори сардовар оғоз шуд. Ҳатто як не, ду ҳолати пеналтиро ба ҳисоб нагирифт, ки хеле ноадолатӣ аст, дар кори доварӣ.

Чӣ лозим буд ҳазорҳо мухлисонро ба шӯр овардан, агар як ҳолати онро сардовар ба ҳисоб мегирифт, кор ба ин бетартибӣ намерасид. Агар чи довар дар майдон ба ҳайси варзишгар ҳисоб ёбаду кори ду дастаро ҳакамӣ кунад, бояд ӯ пеш аз ҳама дониши ҳуқуқӣ (юридикӣ) дошта бошад.

   Чунин ҳолатҳои ноадолатии доварон ва баҳсбарангез дар футболи тоҷик зиёданд, хушбахтона бо фаҳми дурусту санҷиши амиқ онҳо ҳал мешаванд, яъне доварон ҳақро ба ҳақдор мерасонанд, ки боиси тањсину офарини мухлисон мешавад.  Ҳеҷ як нафар фикр накунад, ки мо тарафдори онем, ки бояд мухлисони дастаи «Равшан» ба чунин эҳсосот дода мешуданд, лекин агар сардовар дар доираи адолат амал мекард, мухлисон ба шӯр намеомаданду бетартибӣ намекарданд.

Дар бозиҳои Лигаи олии футболи тоҷик имкони насби VAR-ро надорем, кишварҳое, ки аз мо хеле мутараққианд ҳам чунин имконро надоранд, аммо хизмати ҳамин низомро худи сардоварону доварони кунҷӣ то андозае карда метавонанд, агар дар фаолияташон поквиҷдодона амал кунанд. Дар чунин ҳолатҳо, ки оқибаташ ба бетартибӣ омада мерасад, мебояд Федератсияи футболи Тоҷикистон кори ҳайъати доваронро таҳлил карда, гунаҳкоронро муҷозот кунад.

Х. Ислом