- Сиёсат

ҚИРҒИЗҲО: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАРОИ МО ДОҲӢ ВА ПЕШВО АСТ

Қирғизҳои Тоҷикистон дар бораи Ворух чӣ мегўянд?

Ду миллат тоҷикону қирғизҳо солҳо боз паҳлўйи ҳамдигар зиста бо якдигар риштаҳои ногусастании хешутаборӣ бастаанд. Ҳоло дигар ҷудо сохтани ин ду миллат номумкин гаштааст. Ягон муноқишаи марзӣ ва номутаносибии дигар наметавонад риштаи дўстию хешутабории ин ду миллатро барканад. Қирғизҳое, ки дар Тоҷикистон истиқомат доранду бо тоҷикон пайванди хунӣ доранд, сиёсати ғосибонаи давлати қирғизистонро дар мавриди барангехтани низоъҳои марзӣ маҳкум мекунанд. Мухбири махсуси ҳафтавори ҷамъиятию сиёсии «Пайк» ба Ҷигатол сафар карда бо қирғизҳои муқими онҷо дар бораи назари онҳо ба воқеоти марз бо Қирғизистон ҳамсўҳбат шуд,ки фишурдаи онро барои ту хонанда пешкаш месозем.

Абдуқодирова Гулмира, соли таваллуд 1966, маълумот миёнаи махсус. Ҳамшираи шафқати тибби оилавӣ, соҳиби 3 фарзанду 10 набера, ду келин- яке тоҷик дигараш қирғиз, ҷои таваллуд ҷ.д Ҷиргатол.

Модарам Узгеа Ош. Домодам тоҷик аст, фарзандонамон озод ба ду забон гап мезананд,  соҳиби маълумотанд.

Ман амалҳои ҷудоиандозии тарафи Қирғизистонро маҳкум менамоям. Фарзандони ман аъзои ду миллатанд-тоҷик ва қирғиз. Мо бо тоҷикон як халқу ду миллатем. Бо вуҷуди он, ки хешовандонамон дар Қирғизистон бошанд ҳам, мо Тоҷикистонием ва ба Пешвои давлати худ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ эҳтиром дорем. Ман дар маркази бемориҳои сили ноҳияи Ҷиргатол  роҳбарам, аз роҳбарияти ҷумҳурии Тоҷикистон басо розиам. Қирғиз бошем ҳам дар паҳлўйи бародарони тоҷики худ озодона кор ва зиндагӣ дорем, инҷо ватани мо аст ва онро мисли тоҷикон дўст медорем.

  Рашидова Гулнисо, тоҷик, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, шавҳарам қирғиз, соҳиби 6 фарзандам.  Фарзандонам бо тоҷикию қирғизӣ озод гап мезананд.

Худам бо қирғизию тоҷикию русӣ озод гап мезанам, бо қирғизҳо мо  як халқем.

Неъматов Насрулло, тоҷик, оилаам қирғиз, раиси Ҳизби Х.Д.Т.

Ғафурзода Насиба, муовини раиси ноҳияи Ҷиргатол, соҳиби 3 фарзанд, 8 набера. Келинам қирғиз 4 фарзанд дорад. Аз келин басо минатдорам. Келини хурдиамро, ки аз вилояти Суғд мебошад, ҳамин қирғиз тарбия кард.

Маҳмадова Авазбек, қирғиз. Ҳамсарам тоҷик аст. Мо бо тоҷикон як халқем. Ватанамон Тоҷикистонро сидқан дўст медорем. Солҳо дар инҷо зиндагӣ дорем, касе нагуфтааст, ки аз кадом миллатед. Бо тоҷикон мисли гўшту нохун зиндагӣ дорем. Касе моро ҷудо карда наметавонад. Шукронаи амонию тинҷӣ ва Истиқлолияти ватани худ –Тоҷикистон менамоем.

Шамов Убайдулло, раиси ҷ.д Сартоло, қирғиз. Модарам тоҷик. Дар ҷамоат 20% тоҷик 86% қирғиз. Тули таърихе, ки ман ёд дорам дустии мо бо тоҷикон хеле мустаҳкам аст. Дар Лахш ҳама оилаҳо омехтаанд, яке думод, дигаре келин қирғизу тоҷиканд. Мо доимо бо Қирғизистон рафту омад дорем, байни тоҷику қирғиз бояд ягон чизе тақсимнашуда набошад. Ман ва кулли Қирғизҳо пешвои муаззам ва Тоҷикони ҷаҳон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сидқан дуст медорем. Он кас барои мо қирғизҳои Тоҷикистон низ доҳӣ ва пешвои муаззаманд.

Юсупова Муборакшо, қирғиз, мудири бахши иқтисод ва савдо.   Оилаам қирғиз, падарам қирғиз, модарам тоҷик. Дар оила 6 духтар 2 писарем. Ман бо қирғиз хонадор шудаам, додару хоҳаронам тоҷиканд. Домодҳо 4 тоянд, ҳамаашон тоҷиканд. Дар оилаи мо озодона ба ду забон гап мезананд. Тули 32 соли зиндагӣ волидайн байни онҳо боре аз бартарии як миллат бар дигараш ҳарф назадаанд. Мо қирғизҳои сокини Лахш аз Пешвои худ Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати инсонпарваронаи он кас  розиему пурра дастгирӣ менамоем, чунки ҳамааш барои халқанд, ҳеҷ ҷойи гумон нест.

Воҳидов Маҳмадзариф, раиси ҷ.д Лахш, тоҷик. Дар ҷамоати мо  60% қирғизҳоянд, мо бо қирғизҳо аз кўдакӣ калон шудем, ба якдигар эҳтироми зиёд дорем. Касе намегўяд ту қирғизи ман тоҷик. Бародарвор зиндагӣ дорем, касе моро ҷудо карда наметавонад. Пешвои муаззами худ Эмомалӣ Раҳмонро дўст медорем. Сиёсати он касро дастгирӣ менамоем.

Шехов Аюбҷон, раиси ҷамоат. Дар ҷамоати мо  30% аҳолиро қирғизҳо ташкил медиҳанд. Бо тоҷикон хушу хурсандона умр ба сар мебарем. Ихтилоф байни мо нест. Сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсондустона ва халқпарвар аст. Мо ин сиёсатро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем. Низоъҳои марзиро бо Қирғизистон маҳкум месозем.