- Сиёсат

АЗ МИЛЛАТИ ҚАҲРАМОН ХИЁНАТКОР НАТАРОШЕД!

Идомаи матлаби Ҷашни истиқлолият имтиҳони давлатдорист

Чуноне, ки дар қисмати аввали мақола дар шумораи гузашта дарҷ кардем баъзе аз таъРИХнигорони мо дар шарҳи ҳар марҳилаи нангини таърих аз миллати мо хиёнаткор метарошанд. Гӯё мудом душманони миллати мо аз хизмати хиёнаткорони ватанӣ истифода бурда миллатро қир кардаанд. Дурӯғ мегӯед, ҷанобони буздил! Байни миллатҳои ориёӣ хеле кам хиёнаткорон дучор меоянд. Ҳой, ҷанобони Александрдӯстору Спитаманбадбин, худи шумоед хиёнаткори баддину бадкешу бадмиллат!

Дар идомаи матлаби «Ҷашни Истиқлолият имтиҳони давлатдорист», ки оғозаш дар шумораи гузашта ба нашр расида буд        мо бояд аз дигар боб ҳарф мезадем, аммо воқеоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқуъ пайвастанду мо ҳам риштаи суханро ба марзи ин мавзуъ кашидем.

Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре

Хуб, ҳаводисе аз куштору сухтор дар марз бо Қирғизистон таърихи 28-29 рух доданд ва мо онро аз расонаҳои хориҷӣ бошад ҳам дарк ва фаҳм кардем. Бо вуҷуди он ки мо ин ахборро холисона номида наметавонем, чунки саросар аз мазлумии Қирғизистон мегуфтанду аз золимии Тоҷикистон. Расонаҳои хабарии худи мо бошанд, мисли ҳамеша хапу хомӯш буданду мо журналистони тоҷик шармандавор саҳифаҳои интернетиро муттаҳамона варақ зада иттилоъ меҷустем. Мегӯед айби кӣ аст? Медонед-ку.  Шунидем чанд хабарнигори тоҷике, наздик ба ҷойи ҳодиса рафтанд, ки ҳақиқатро бигӯянд аз ҷониби чанд афсари тангназари мо дастгир шуда дар ҳуҷрае маҳбасиашон карданд. Хушбахтона дар онҷо сардори КДАМ-и ҷумҳурӣ мӯҳтарам Саидмумин Ятимов ҳузур доштаву аз қазия огоҳ шуда афсаронро танбеҳ дода хабарнигоронро раҳо кардаву ҳатто барояшон шароити корӣ муҳайё сохтааст. Аҳсан ба чунин ашхоси олирутбаву олиҷоҳи кишвар. Маҳз ҳамин нафарон метавонанд сутуни давлатдорӣ бошанд.

Мо ку аз забони шахсони воқеӣ ва дар қазияи Ворух ширкатдошта ҳақиқати аслро медонем. Фалсафаи воқеаро ҳар кас ҳар хел шарҳ медиҳад. Ҳатто баъзеҳо сар задани воқеоти хунрезиро ба ташрифи вазири дифои Россия Шойгу ба минтақа маънидод мекунанд. Мегӯянд Россия вақтҳои ахир аз муносиботи гарми кишвари мо бо мамолики рақибони ӯ озурдахотир гашта бошад. Чун Қирғизистон дар ҳар вазъият ба Россия содиқ мондааст, мавриди лутфу марҳамати бештари он абарқудрат қарор дорад. Аммо мо бар ин назар нестем, гарчанде аз лутфу марҳамати Россия нисбат ба Қирғизистон ба пуррагӣ огоҳем. Мо медонем, ки кургиреҳи Ворух-мақарри низоъҳо печида ба масоили иҷтимоиянд. Умуман ҳама ҷангҳои олам печида ба масоили заминанду сарват ва қудрат. Хуллас, кушодани кургиреҳи сиёсии қазияро ҳаволаи мардони сиёсати кишвар мекунем. Инҷо бошад мо аз мавқеи ҷавонони кишвар дар муқобили як чунин интервенсия ҳарф заданием.

        Ҷавонони Кӯлоб ба по хестанд

Рӯзи 30 апрел даҳҳо нафар ҷавонони кӯлобии ҳаводорони ҳафтавори «Пайк» ба банда ҳамчун ба сармуҳаррир занг зада маслиҳат мепурсиданд, ки оё салоҳ мебинам, ки онҳо барои ҳимояи марзи кишвар ба Ворух раванд. Ҳам гуфтанд аллакай байни худ ба взводу ротаҳо тақсим шудаанд. Гуфтам на, чунки ҳоло Ватан ба ин даъват накардааст. Оне, ки шумо омода шудаед ин кори хуб аст, гуфтам ба онҳо. Чун Ватан ба мубориза даъват кард, ҳамаамон баҳри ҳимояи марзҳои кишвар бо ҷону дил камари ҳиммат мебандем. Мурда мурда на барои он давлат сохтем, ки имрӯз кадом қабилаи барлос омада сабук онро аз мо биситонад. Мо ориёиему онҳо кучманчии дурагаю серага. Бигзор ҳатто Русияю Амрико тарафдораш бошанд, лозим шавад бо ҳардуи онҳо ҳам меҷангем. Барои ҳимояи Ватан лаззати акопдориро чашидан лаззат дорад. Баъзе аз ин ҷавонон аллакай ба марз рафта ба ҳимояи ватан камар бастаанд. (ниг. Ба навор дар саҳифаи Фейсбуки «Пайк»)

Банда худ дар Қирғизистон замони Шӯравӣ хизмати аскарӣ кардааму нисфи қисми ҳарбии мо шаҳрвандони худи ҳамон кишвар буданд. Ин баробар ба 400 нафар мешуд. Мо тоҷикон бошем ҳамагӣ 12 нафар будему ба онҳо чӣ хурдану чӣ нӯшиданро иҷоза медодем. Онҷо ҳам дедовшина буду азобу шиканҷа барои заифон, ки тоҷикон заиф набуданд. Қазоқҳо мардуми бо дилу гурда буданд, аммо инҳо хеле заифу ғолибан айнакдору нависандаю рассом. Дар машқҳои ҷангӣ маҳз 12 нафар тоҷикони мо аз худ маҳорати баланди ҷангӣ нишон медодему қирғизҳо баъди машқҳо пайдо шуда лаб ба ситоиши мо мекушоданд, то соҳиби нолаи равғанине аз дастони тоҷик шаванд.

Пас чӣ шуд, ки имрӯз на узбекҳои бодилу гурда на хитоиҳои ҷасур ва на ҳатто афғонҳои ҷаррори ҷангҷу даст ба гиребони мо намезананду қирғизҳо гиребони моро ғиҷим карда истодаанд, ки гиребон аз ғиҷимкунанда қтимматтар аст? Гумон дорам ин ҳам аз коҳилии мо тоҷикон аст, ки тайи ду даҳсолаи ахир аз худ «бурдборӣ»-и сталинӣ нишон додем. Ҳатто боре чанд нафар аз марзбонони қирғиз афсарони моро асир гирифтаю ба навор гирифта ба маърази тамошои ҷаҳониён гузоштанду мо тоқат кардем. Ҳатто боре ҳамон шабу рӯз як афсари тоҷик аз ҳасрат оби чашм рехт, ки ба онҳо иҷозат надоданд қасос гиранд, набошад дар як шаб метавонистанд чиҳил афсари олирутбаи қирғизро даст баста биёранд. Ҳатто чанд нафарро дастгир карда овардаанд, мисли худи онҳо гиряю нолаашонро ба навор гирифтанд, аммо иҷозат нашуд, ки онро ба маъраз гузоранд.

Соли 1941 дар аҳди Шӯравӣ Олмони Фашистӣ ҳам чунин провокатсияҳоро алайҳи марзҳои шарқии мамлакати Сталин раво медид. Ҳар сари чанд вақт касеро асир мегирифтанд ё ҳатто мекуштанд. Ҳар марзбони рус, ки муқовимат мекард ҳамчун провокатори ватанӣ ба маҳбас мекашиданд. Дар натиҷа немисҳо бисёр густох шуданд ва дар як соати наҳси 22 июни соли 1941 ба хоки Шӯравӣ зада даромаданд.

Дар мо ҳам ҳамин тавр шуд, ки қирғизҳо то ба ин ҳадд густох шуданд. Набошад кучманчӣ куҷою миллати ориёӣ куҷо. Ҳамин 1000 нафар ҷавонони кӯлобӣ басандаанд, ки давлат мусаллаҳашон кунаду ба марзҳои қирғиз бифиристад. Агар боз як ду ҳафта омодагии ҳарбӣ бигиранд олам гулистон мешавад. Ба Худо қасам як қирғиз оҳанги марзҳои мо карда наметавонад.

Ва аммо мавқеъи давлати Тоҷикистон ҳам писанд аст-таҳаммулгароӣ, бурдборӣ, пуртоқатӣ дар тамоми давру замон натиҷаи хуб додааст. Инсони неруманд ҳам ҳамин хислатҳоро дорад. Ба андешаи мо дар чунин лаҳзаҳои барои Ватан хатарнок миллат бояд дар ҳоли омодабош қарор дошта бошад, аммо тинҷу ором ва бе воҳима. Комиссариатҳои ҳарбӣ агар ба номнавис кардани аскару афсарони дар эҳтиёт қарордошта бипардозанд, чӣ бадӣ дорад? Интизор шудан лозим нест, ки фақат аскарони 18 солаи мо, ки фарзандони худи моянд бори вазнини ҳимояи ватанро бар дӯши худ бигиранд. Ё милисаҳо. Охир онҳо ҳам фарзандони худи моянд.

Дар вазъияти барои Ватан вазнин бояд ҳатто мухолифони ҳукумат ҳам изҳори ҳимояи ватан кунанд, чунки онҳо бояд мафҳуми ҳукумат ва давлату ватанро дарк кунанд. Метавон дар чунин вазъият ҳатто ба ҷинояткорони дар маҳбас буда шанс дод, ки гуноҳҳои худро бо хунашон шуянд.  Ҳеҷ кас ҳақ надорад онҳоро аз ин имкон маҳрум созад. Ҳатто метавон ба Сӯҳроби Лангарӣ-бародари Лангарӣ Лангариев ва писари Сангак Сафаров –Нурмуҳаммад Сафаров имкони шустани гуноҳҳо диҳанд. Онҳо шояд хуб дарк мекунанд, ки ҷиноят содир карданд, ватан онҳоро ҷазо дод. Дигар хел шуданаш номумкин аст, набошад чӣ маънӣ дорад давлату давлатдорӣ.