- Сиёсат

ВОРУХ

Овозаҳои ваҳмангез ба аланга ҳезум зам мекунанд

Даргириҳои алоҳида дар марз бо Қирғизистон аллакай печида ба овозаҳои ваҳмангез гаштанд. Таҷриба нишон додааст, ки маҳз ҳамин гуна овозаҳо дар оғоз шудани низоъҳои калон нақши бориз мебозанд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин гуна овозаҳои бардуруғ сабаби ба дарозо кашидани раванди сулҳ шуданд.

Ахиран дар Қирғизистон овозаҳое паҳн шуданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гӯё якчанд нуқтаҳои аҳолинишини Қирғизистонро забт карда гирифтаанд. Чунин овозаҳоро метавонанд нерӯҳои мухолифи давлати Қирғизистон ё Тоҷикистон паҳн кунанд. Чун қоида, ин нерӯҳо то ба ҳадде ташнаи бартараф кардани рақибони сиёсиашон гаштаанд, ки аз барангехтани ягон низоъ рӯ наметобанд. Манофеи шахсиашон воло гирифта мафҳуми ватан ва миллат барои онҳо дигар вуҷуд надорад. Ҳамин гуна вазъият дар гузаштаи начандон дур дар Қарабоғи Кӯҳии марзҳои Озарбойҷон ва Арманистон рух дода буд. Дар чунин вазъият миллате бурд мекунад, ки аз ақли солим кор мегирад ва ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ бовар намекунад. Гузашта аз ин алайҳи паҳнкунандагони ин гуна, ба қавли нерӯҳои бехатарии замони Иосиф Сталин дар Шӯравӣ  -«саботаж», на танҳо нерӯҳои амниятии кишварҳо, балки мардуми оддӣ ҳам бояд мубориза барад. Чуноне, ки дар оғоз гуфтем бадхоҳони давлати қирғиз ё Тоҷикистон овоза дар мавриди аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи тоҷик ишғол шудани маҳалҳои аҳолинишини Қирғизистон паҳн карданд.

Котиботи Шӯрои Амнияти Қирғизистон ин иддаоро рад карда изҳор дошт, ки ин гуна овозаҳо дурӯғи маҳзанд, ҳақиқат надоранд.

29 апрели соли 2021 соати 22:38 дақиқа. Шӯрои Амнияти Қирғизистон: «Ин гуна овозаҳо дурӯғи маҳзанд ва хислати низоъбарангезӣ доранд. Айни ҳол дар сатҳи вазоратҳои хориҷаи ду мамлакат қарор дар мавриди қатъи пурраи оташсӯзӣ то соати 20-00- и 29 апрел ва аз марзҳо дур кардани нерӯҳои мусаллаҳ имзо шуд. Дар бастагӣ Шӯрои Бехатарӣ мардумро даъват кардааст, ки ба чунин ахбори низоъбарангез бовар накунанд ва ҳам дар паҳн сохтани ахбори носанҷида саҳм нагиранд» — қайд кардааст Замирбек Нодирбеков, муовини сардори Шӯрои Бехатарии Қирғизистон.

Ин изҳороти Шӯрои Бехатарии Қирғизистон далели он аст, ки ҳукумати Қирғизистон мисли ҳукумати мо муқобили ҳама гуна низоъ дар марз ҳастанд. Низоъи бархеста бошад ба таври стихиявӣ сар зада  ба эҳсосот ва мушкилоти сокинони наздимарзӣ пайвастагӣ дорад. Онҳое, ки вазъияти марзҳои Тоҷикистону Қирғизистонро ба Қарабоғи Кӯҳии Қафқоз баробар мекунанд хато кардаанд. Ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ дар сатҳи ҳукуматҳо сурат гирифта буд, ки мазарраташро ду миллати ҳамсоя чашид.

Дар ҳар сурат новобаста аз вазъияти сарҳад шаҳрвандони ҷумҳурии мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва мудом баҳри дифои ватани худ омода бошанд. Ҳатто нерӯҳои опозитсиони кишвар низ дар вазъияти барои ватан ҳассос ҳама гуна манофеи шахсии худро бояд фаромуш сохта баҳри ҳифзи ватан камар банданд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто онҳое ҳам, ки ҳукумати Шӯравӣ тамоми аҷдодашонро бою кулак гуфта нобуд сохта буду худашонро ба муҳлати зиёд маҳбасӣ карда буд, баҳри дифои ватан ҷонбозиҳо карданд. Опозитсияе, ки дар вазъияти барои ватан мушкил тарафи душманро мегирад хиёнаткор будани худро исбот месозад.

Хотиррасон менамоем, ки ҳафтаи охир дар марз бо Қирғизистон вазъият ноором шуд, ҳатто задухурди мусаллаҳона миёни марзбонони ду кишвар ва осеб дидани 31 нафар то соати 20-00 29 апрел ба қайд гирифта шуд. Як нафар ба ҳалокат расидааст.

 А. Иброҳим