- Кишоварзӣ

ВАХШ: Майдони қулфинай ба 400 га расонида шудааст

Дар соли гузашта майдони кишти қулфинай дар Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳият Вахш зиёда аз 300 — гектарро ташкил медод. Аммо барзгарони ин минтақа кишту парвариши ин намуди маҳсулотро ба 400— га расонидаанд.  

   Мувофиқи маълумоти расида дар Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш майдони 400 гектар  қулфинай кишт карда шуда, ҳамарӯза дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят  беш аз 5 тонна ин анвои маҳсулот истеҳсол мегардад, ки аз 80 то 90 фисади онро барзгарони   ноҳияи Вахш ташкил медиҳад.

   Бо афзун гардидани ин намуди маҳсулот, қимати он дар бозорҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар рӯз то рӯз коҳиш меёбад. Ҳоло як кг қулфинай 8- 10 сомонӣ арзиш дорад.

                                          Аҳмади Раҳим “ПАЙК”