- Иқтисод

Кӯлоб: ба доди модари бечора кӣ мерасад?

Сафармоҳ Масаидова, модари бечора ва бе хонаву дар, ки бо сабаи бехонагӣ дар кӯдакистоне дар шаҳр зиндагӣ мекунад, ба редаксия омада аз вазъи бади зиндагӣ ва ноадолатии баъзе масъулони ҳукумати шаҳр шикоят кард. ӯ мегӯяд дар ба дари идораҳо мегардаду масъулини ҳукумати шаҳр ба додаш намерасанд.

Ин нафар мегӯяд соҳиби чаҳор духтар ва як писар аст ва зиндагияшро бо мушкилӣ пеш мебарад. Аз сабаби он ки хона надорад, 18 сол мешавад, ки дар кӯдакистони №11-и маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб зиндагӣ дорад. Ба хотири он ки соҳиби манзил шаванд, ягона писари ноболиғаш Абдуллоев Далерҷон соли таваллудаш 24.01.2002 соле қабл ба хотири соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шудан бо ихтиёри худ ариза навишта ба сафи артиш рафтааст. Аммо аз хизмати ӯ 1 солу 13 рӯз гузаштаву масъулини шаҳр ба ӯ қитъаи замин барои сохтмони хона надодаанд. Ҳатто аз сабаби надоштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият писараш натавонистааст шаҳодатномаи ронандагӣ бигирад.

Холаи Сафармоҳ мегӯяд зиндагии хеле вазнин дошта, худаш фаррошу шавҳараш посбон шуда дар кӯдакистон кор мекунанд. Барои кӯмак ва гирифани қитъаи замин борҳо ба масъулини шаҳр муроҷиат кардаву касе ба додаш нарасидааст. Ҳатто ба раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф се маротиба муроҷиат карда, танҳо ваъда гирифтааст. Нафақа намегирам, корҳои мардумро карда мӯзди ночизе мегирам ва зиндагиамро пеш мебарам. Ҳатто варақаи камбизоатӣ (кӯмаки унвонии иҷтимоӣ) надорам. Вақте ба шуъбаи иҷтимоӣ муроҷиат кардам гуфтанд дело надорем.

Тахмина Ҳасанова Мутахассиси шуъбаи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба «Пайк» гуфт, ки “ҳоло дело надорем ва делоҳо дар моҳи июн мешаванд”.

Пас, савол ин аст, ки аз ин зан дида камбизоаттар касе аст ва чаро кӣ то имрӯз касе ба додаш намерасад?
Дарвоқеъ ин зан ва оилаи ӯ ба кӯмак ниёз доранд. Агар нафароне, ки дар ин моҳи мубораки Рамазон ба ин зан нияти хайр кардан доранд, метавонанд тариқи ин рақамҳо 988721088 ба ӯ дар тамос шаванд. Рафта аз наздик аз аҳволаш хабар гиранд ва бо чашми худ аз вазъи зиндагияш воқиф шаванд.

«Пайк»