- Фарҳанг

Ҳашар дар «Боғи бобои Шамс»

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ҳамасола садҳо гектор боғҳои нав бунёд карда мешавад. Дар ноҳияи баландкўҳи Шамсиддин Шоҳин низ ин дастури Пешвои миллат дастгирӣ ёфта, дар 5 соли ахир даҳҳо гектар боғҳои нав бунёд шудааст.

Боғи бобои Шамс як намуна аз гуфтаҳои болост, ки бештар аз 7 ҳазор дахатони мевадиҳанда шинонида шудааст.

Барои бунёди боғҳои тоза ва эҳёи анорбоғҳо дар солҳои қаблӣ раиси ноҳия ва масъулони соҳаи кишоварзӣ талошҳои зиёд доштанд. То куҷо муваффақ шуданд мо мавзуро пайгирӣ мекунем. 

Дар ноҳияи Шоҳин рўзҳои истироҳатӣ сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагидорон ба ҳашар баромада ба шинонидани ниҳолу тоза кардани гирду атроф ва нарм намудани бехи дарахтон машғул мешаванд. Ҳамин гуна як чорабинии дастҷамъона дар ҳудуди «Боғи бобои Шамс», ки яке аз хоҷагиҳои калонтарини боғпарварии ин ноҳия ба шумор меравад, даҳҳо нафар сокинони касбу кори гуногун аз деҳаҳои атрофи ноҳия ва омўзгорони коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб ба ҳашар баромада, дар ободии ин ноҳияи баландкўҳ саҳми худро гузоштанд.

Ҷумъахон Назаров, сардори хоҷагии «Боғи бобои Шамс» рўзи 8-уми апрел дар суҳбати кўтоҳ ба «Пайк» гуфт: «имрўз дар ин боғ 1100 ниҳоли дигар шинонда шуд. Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз ҷиҳати боду ҳавои салқин доштан барои боғи интевсивӣ мувофиқ аст».

Коршиносон мегўянд, барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳашарот бояд дар ҳама боғҳои ин ноҳия аз заҳрхимикатҳо истифода баранд. Ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда хоҷагидорон талош доранд боғҳоро афзоиш диҳанду дар таъмини бозори дохилӣ бо меваи тару тоза саҳмдор бошанд.

Б. Сангимадов