- Иҷтимоъ

Хуҷанд: Директор беш аз як миллион сомониро тасарруф кард

Барои даст задан ба ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва сўиистфода аз ваколатҳои мансабӣ нисбати директори генералии КДК «Нақлиёти мусофиркашон»-и шаҳри Хуҷанд Баҳоваддинов Саидхоҷа Махсутович  парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Бино ба иттилои сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аваззода Шараф Тавар 512 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ва хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шудааст.

Бино ба иттилои сардори Раёсат Аваззода Шараф Тавар  соли 2020 512 адад ҷинояти корррупсионӣ  ошкор шудааст, ки аз он 6 ҷиноят оид ба соҳаи нақлиёт  аст.

“Парвандаи ҷиноятӣ нисбати директори генералии КДК «Нақлиёти мусофиркашон»-и шаҳри Хуҷанд Баҳоваддинов Саидхоҷа Махсутович 24 августи соли 2020 бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.

Зимни тафтиши пешакӣ дар фаъолияти корхона санҷиши молиявӣ гузаронида шуда, ҳолатҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва сўистфода аз ваколатҳои мансабӣ ошкор карда шуд. Зарари умумӣ бо парвандаи ҷиноятӣ 1.041.880 сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб ба манфиати давлат 460.600 сомонӣ ва ба манфиати шаҳрвандон 581.280 сомонӣ мебошад. 

Аз натиҷаи тафтиши пешакӣ Баҳоваддинов С.М. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б», 247 қисми 4 банди «б», 314 қисми 1 ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, 28-декабри соли 2020 парванда ба суд ирсол карда шудааст. Баррасии судии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад”-афзуд сардори Раёсат. 

Некрўз РАҲМАТОВ