- Иҷтимоъ

Суғд: 31 корманди гумрук аз кор хориҷ шуданд

Соли 2020 дар Раёсати гумруки вилояти Суғд ҷиҳати сабукдўшӣ аз кор нишондиҳандаи рекордӣ гузошт. Зеро танҳо аз мақомоти зикршуда беш аз 30 корманд, ки “таҷриба”-и 20-25-солаи коридошта бо сабаби нагузаштан аз  аттестатсия, эътибор пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ  ва роҳ додан ба дигар камбудиҳо дар фаъолияти корӣ аз кор рафтаанд.

Бино ба гуфти сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, генерал-майори хадамоти гумрук Исматуллозода Баҳром Абдуғаффор нафароне, ки аз имтиҳони тахассусӣ нагузаштанд 20 то 30 соли собиқаи корӣ дар соҳаи гумрук доштанд, ки  аз сардори гумруку дидбонгоҳ то коргари қаторӣ кор мекарданд.

Сабабҳои аз кор рафтани кормандонро Исматуллозода чунин шарҳ дод:

-5 нафар барои эътибор пайдо кардани ҳукми айбдоркунии суд

-5 нафар барои дағалона вайрон кардани интизоми меҳнатӣ

-5 нафар барои нагузаштан аз аттестатсияи давлатӣ

-5 нафар барои расидан ба синни ниҳоӣ

-4 нафар бо хоҳиши худ

-4 нафар бо сабабҳои гуногун.

-3 нафар бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ

Исматуллозода Баҳром Абдуғаффор, дар баробари нигаронӣ аз ин сабукдушиҳои кормандонаш, инчунин аз он изҳори шодӣ карданд 47-нафар шаҳрвандон ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба кор қабул шуданд.

Минбаъд барои баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии кормандони Раёсати гумрук дар вилоят ҳар рўзи чоршанбе дарси тахассусӣ бо  иштироки кормандони сохторҳои гуногун гузаронида мешавад, то савияи дониши касбии кормандон баланд бардошта шуда, дар аттсестатсияҳои навбатӣ мисли 31 ҳамкори “собиқадорашон” аз кор ронда нашаванд.

Дар аттестатсияи ғайринавбатӣ то кадом дараҷа дониши касбӣ доштани кормандони соҳа муайян карда шуд. 

Ёдовар мешавем, ки дар ҷамъбасти соли 2019  29-нафар кормандони Раёсати гумрук аз кор сабукдўш шуда буданд. Дар соли сипарӣ сабаби аз кор рафтани шумораи зиёди кормандони Раёсати зикршуда вайрон кардани интизоми меҳнат гуфта шуда буд.

Умуман дар ҳудуди вилояти Суғд 16 гузаргоҳи статуси байналмилалидошта вуҷуд дорад, ки ҳамарўза рафтуи шаҳрвандони Тоҷикистону ҳамсоякишварҳо ва интиқоли воридоти мол ба роҳ монда шудааст, ки аз гумрукчиён масъулияти баланди хизматиро тақозо мекунад.

Некрўз РАҲМАТОВ