- Тандурустӣ

Аз 1406 модари фарзанд таваллудкарда 1322 нафарашон эмгузаронии зардпарвини гурўҳи “В” шудаанд

Тули се моҳи соли равон дар Маркази перинаталии таваллудхонаи шаҳри Кўлоб 34 нафар тифлони навзод фавтидаанд ё беҷон таваллуд шудаанд.

Дар ин бора дар сўҳбат бо ҳафтавори “Пайк” муовини сардухтури беморхонаи вилоятии №2 дар шаҳри Кўлоб Ҳалима Гадоева иттилоъ дод. Мавсуф инчунин гуфт, дар ин муддат дар ин беморхона 459 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки 412 тои он буриши қайсарӣ (кесарево) будааст. Дар семоҳаи аввали имсол 3 ҳодисаи фавти модар низ ба қайд гирифта шудааст.

Бино бар гуфтаи Гадоева ин занҳоро дар ҳолати вазнин аз навоҳии атрофи Кўлоб ба таваллудхона овардаанд.

Тифлони бо нуқсон таваллудшуда низ 10 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Боис ба зикр аст, ки тули муддати зикршуда аз шумори 1406 модари фарзанд таваллудкарда 1322 нафарашон эмгузаронии зардпарвини гурўҳи “В” шудаанд.

Дар маҷмўъ бошад ба беморхонаи мазкур 2017 нафар бо оризаҳои гуногун муроҷиат кардаанд. Шумори дугоникҳо ҳам дар имсол афзудааст, он 29 ҳолатро ташкил медиҳад. Зоиш то синни 20 сола, мегўяд Ҳалима Гадоева 214 нафар ва аз синни 35 сола боло 54 ҳолат аст.

                              С. Исломова