Пайк

ХАБАРҲО

"Ҳосилот" ҳамтақдири "Равшан" мешавад?

Масъулони дастаи футболи "Ҳосилот" мегӯянд, ки ин тим дар ҳоли ҳозир бо мушкилоти молӣ дучор шуда, ба кӯмаки сарпарастон ниёз дорад. Ба гуфтаи онҳо, агар бошгоҳ аз ҷониби мақомот ва сарпарастон пуштибонӣ нашавад, ба тақдири дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб, "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан ва "Хайр"-и Ваҳдат, рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар бозии охирин ва марказии даври панҷуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки шаби 11 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид, тими «Истиқлол», қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ҷоизадори нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии кишварро бо ҳисоби бузурги 8:2 шикаст дод.

осилот" дар рӯбарӯи мушкили молӣ

Ин дувумин бохти “Ҳосилот” дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон ба шумор меравад. Футболбозони ноҳияи Фархор дар даври сеюми мусобиқа 18 март аз дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда буданд.

Вале дар мусобиқаи имсола бо ҳисоби бузургтарин шикаст хӯрдани “Ҳосилот” аз тими “Истиқлол” боиси нигаронии ҳозорҳо алоқамандони дастаи пуртаҷрибаву номдори футболи кишвар гардидааст. Ҳол он ки “Ҳосилот” 4 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон тими «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, барои аввалин бор соҳиби Ҷоми олии футболи Тоҷикистон шудааст.

Ба гуфтаи раҳбарияти бошгоҳи “Ҳосилот”, даста, ки имрӯз бо мушкилоти молӣ рӯбарӯст, ба дастгириву кӯмаки сарпарастон ниёз дорад. Аъзои даста чор моҳ мешавад, ки маош нагирифтаанд. Ба ин иллат бархе аз бозигарони калидӣ, аз қабили Иброҳим Рабимов, Ойбек Абдуғаффоров, легионери ӯзбекистонӣ Сайриддин Ғаффоров ва дигарон дастаро тарк намудаанд.

Умуман, аз бозии даври панҷум бо “Истиқлол” чунин ба назар мерасид, ки бозигарони “Ҳосилот” хуши бозӣ кардан надоранд. Ин чизро, пеш аз ҳама, сармураббии даста Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев хуб эҳсос карда, дар ҷараёни бозӣ хеле ором ва аз баҳри дастурдиҳӣ ҳам гузашта буд.

Бар замми мушкилоти молӣ, Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор, ки дар онҷо соли гузашта ҳар як бозии “Ҳосилот” бо ҳузури беш аз даҳ ҳазор мухлис баргузор мешуд, то ҳоло ба мавсими имсола омода карда нашудааст. Аз ин рӯ, тамринҳои даста саривақт анҷом намеёбанд ва бозиҳои хонагии “Ҳосилот” дар Душанбе баргузор мешаванд.

Агар “Ҳосилот” феълан аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фархор дастгирӣ наёбад, онгоҳ ба мисли дастаҳои пурмухлистарини кишвар – “Равшан”-и Кӯлоб, “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан, “Хайр”-и Ваҳдат – ҳамтақдир шуда, бо лигаи олӣ хайрухуш хоҳад кард.

Алорағми бохт "Ҳосилот" пешсаф аст

Ёдовар мешавем, 8 апрел дар ду бозии даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бар дастаи меҳмон - «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ - бо ҳисоби якхелаи 2:1 пирӯз шуданд.

Дар як бозии дигари даври панҷум, ки 9 апрел дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар доир шуд, ССКА «Помир»-и Душанбе бар тими “Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб, дастаи «Ҳосилот” бо вуҷуди бохт дар ҷадвали мусобиқа бо 9 имтиёз мавқеашро дар зинаи аввал нигоҳ дошт. Дастаҳои “Истиқлол” ва «Хуҷанд» бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум қарор доранд. “Истиқлол” ҳамагӣ се бозӣ кардааст.

 

 

 

 

 

 

 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru