Пайк

ХАБАРҲО

3 медали тиллои варзишгарони тоҷик

Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 10-нафар Аз 8 то 23 марти 2019-ум сол дар бозиҳои тобистонаи Олимпиадаи Махсуси умумиҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Абӯ Дабии Аморати Араб баргузор гардид,  иштирок намуданд.

Дар ин бозиҳои умумиҷаҳонии тобистона 154 давлат аз рӯи намудҳои гуногуни варзишии тобистона баромад намуданд. Варзишгарони олимпиадаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабини аз рӯи намудҳои гӯштини тарзи дзю-до ва варзиши сабук қувваозмои намуда ба натиҷаҳои зерин ноил гардиданд.

1.Сорбон Рашидзода дар вазни 78 кг аз рӯи намуди гӯштини дзю-до сарфарози медали тилло гардид.

2.Абдуллоев Ҷовидон - варзиши сабук давидан ба  масофаи  400 м сарфарози медали тилло гардид.

3.Ҳафизов Меҳробиддин- варзиши сабук давидан ба  масофаи 400 м ва 800 м  сарфарози медали нуқра гардид.

4.Шарипова Муҳайё - варзиши сабук давидан ба  масофаи   200 м  медали нуқра ва давидан ба масофаи 100 м сарфарози медали биринҷӣ.

5.Мамадова Насибахон- варзиши сабук давидан ба  масофаи 200 м  сарфароз бо медали биринҷи гардид

Варзишгарони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ҳамагӣ 7-медал гирифтанд.

3-тилло

2-нуқра

2-биринҷӣ

Намояндаи дастаи мунтахаби

Ҷумҳурии Тоҷикистон:  З.Давлатов

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru