Пайк

ХАБАРҲО

РАҲМЕ БА ВАЗЪИ МАЙДОНЧАИ ФУТБОЛ

Аҷиб, дар ҳоле, ки майдончаҳои варзишии футболе, ки соҳибкорон ва шахсони алҳида сохтаанд, сарашонро ба санг зада ҳама гуна шароитҳои тамрину бозиро муҳайё сохтаанд, нигоҳубин шаванд, баръакс дар майдончаи футболи боғи фарҳангӣ, ки унвони вилоятиро дорост, на ин ки баҳузур футбол карда намешавад, балки бо иллати даридани гилеми варзишӣ ( алафи сунъӣ) ба ҷони тамрингарон хатари маъюбу маслуқ шудан таҳдид мекунад.

Солҳои аввали ба истифода додани ин майдончаи футбол, ки бо ибтикори бахши ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб сохта шуд, ҳамагӣ барои як соат бозӣ соатҳо ва ҳатто рӯзҳо интизор шудан лозим меомад. Чун ин майдон нахустин майдони хурди футбол дар дохили шаҳр, канори боғи фарҳангии Кӯлоб буд, ки дӯстдорону ҳавасдорони ин гуна варзишро ба машғулият моил сохт. Он замон майдон аз ҳама навъ шароитҳо муҳайё буд. Гилеми варзишии (гозон) наву замонавӣ, дарвозаҳои бо турҳо ороста, нишастгоҳ барои тамошо, хоса ҷавобгӯ ба талаботи давр. Вале бо гузашти ҳафт сол ин майдончаи варзишӣ дигар имкони ба тамрин фаро гирифтани наврасон (дастпарварони мактабҳои варзишӣ) ва сокинонро надорад. Зеро нишастгоҳ ва панҷараҳое, ки гирду атрофи майдончаро мепӯшонад, нуқсон пайдо карда, ба ҷойи гилеми варзишии нарму ҳанвор бо иллати даридаву корношоям шудани он дар болои қабати бетоние, ки аз таги гилем рехта шудааст, бозӣ мебояд кард. Чаро ки ҳукумати вилоят ва худи маъмурон ба ин масъала расидагӣ намекунанд, инро эшон ин зайл шарҳ медиҳанд.     

Зайниддин Давлатов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб дар мусоҳиба бо «Пайк» масъаларо ин тавр шарҳ дод:«Майдончаро ҳафт сол пеш аз ҳисоби маблағҳои ҳукуматӣ сохтем. Имрӯз ки ба ин ҳол аст, аз дасти мо гирифта ба тавозуни мактаби варзишии вилоят супурданд, вагарна барвақт таъмир мекардем. Иншоот, ки дар тавозуни мактаби мазкур аст, бояд роҳбари муассиса ба ҳар роҳе набошад онро таъмир намояд. Мӯҳлати истифодабарии гилеми варзишӣ 4 сол аст. Гилеми варзишии майдончаи мазкур соли 2017 тамом шуда буд. Барои харидории гилеми варзишӣ маблағ лозим асту онро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин овардан мебояд.».

Ин ягона майдони хурди футбол нест, ки бо сабаби ғайри қобили истифода шуданаш сокинон, ё маҷмуан шавқмандон аз футбол маҳрум гардида бошанду ба ҳамин футболи хурд дар Кӯлоб ба нестӣ равад. Зеро мушоҳидаҳо собитгари онанд, ки дар ин қатор соҳибкорон барои оммавигардонии футболи хурд ва сохтани майдончаҳои варзишӣ аз идораҳои давлатӣ, ки масъули сохтану нигоҳубини майдончаҳоянд, ҳеҷ камие надоранд. Ҳоло дар ин росто майдончаҳои футболи хурди таъсисдодаи соҳибкорон бо ҳама гуна шароит ва ашёи зарурӣ муҳайё асту барои як соат бозии пулакӣ ба ақидае миёни ҳаводорон кашталкашӣ. Чунин шароит бартарии комили майдончаҳои хусусиро аз давлатӣ беш аз пеш нишон медиҳад ва баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ба футбол, вижатан ба даст овардани фоида бо пардохти 50-60 сомонӣ барои як соат имкон медиҳад.

Толиб Давлатов, директори мактаби варзишии вилоят ки масъули нигоҳу бини майдончаи футбол аст, дар мусоҳибаи телефонӣ гуфт, ки «майдончаро охири соли 2017 ба мувозинати мо гузаронданд. Барои вазъияти ҳозираи он ба Федератсияи футбол ва мақомот муроҷиат кардем. Гуфтанд, ки кӯмак мекунем. Гилеми варзишии он 7-8 сол мешавад, ки дар истифода қарор дорад. Мактабҳои варзишие, ки тобеи муассисаи мо ҳастанд, аз саҳар то бегоҳ дар он ҷо тамрин мекунанд. Ин кор маблағи калонро талаб менамояд. Бо ҷудо шудани маблағ соли оянда мо онро таъмири замонавӣ мекунем.»

Футболи хӯрд яке аз маъруфтарин намуди варзиш на танҳо дар кишвари мо, балки дар олам аст. Дар давлати мо ҳам бо беҳ шудани шароит қадам ба қадам он рушд карда истодааст.»

Бо ин имконоти носозгор фикр надорам, ки миёни наврасони минтақаи Кӯлоб чунин варзиш пурра пиёда гашта бошад. Ин ҷаноб чунон бо умеду боварӣ сухан мегуфт, ки «наврасон аз саҳар то бегоҳ тамрин менамоянд,» ту гуфтӣ хонанда, ки ҳатто наврасон аз сабаби «шароитҳои созгор»- и майдонча хӯроки нисфирӯзиро дар онҷо хӯрда тамринро идома медиҳанд. Охир кадом тамрин, тамрини болои «газон»-ҳои сӯроху дарида ва бетонҳои намоёни он?! Ҳеҷ гуна тамрин надидем. Тамрине, ки хатар ба саломатӣ дораду агар аз эҳтиёт кор нагиранд, афтидану шикастани дасту пой ва умуман маъюб гардидани ҷисми машқварзон аз эҳтимол дурр нест. Дар чунин шароити созгор барои як ниҳоди статуси вилоятӣ дошта, нанг аст, ки як майдончаи хурдро нигоҳ дошта натавонанд.

Зайниддин Давлатов дар идома гуфт, ки «агар майдонча дар ҳолати омодабош бошад, метавон аз ҳисоби маблағҳои даромад барои нигоҳубини як посбон, барои тозагӣ як фаррошро ба кор таъмин кард. Дар ин сурат хароҷотҳоро бо маблағи худи майдон пушонда метавон.»

Кам нафаронеро вохӯрдан мумкин, ки майли футбол дар ин майдонча дошта бошад. Чунки бо бад гаштани шароит кайҳост ин макон нуфузи худро миёни дигар майдончаҳо аз даст додаву байни дигар майдонҳо рақобатро аз даст додааст. Риққатовараш он аст, ки ин майдони вайрона дар маркази шаҳр воқеъ асту назари ҳар нафари гузаранда хоҳ ёр хоҳ ағёр ба он расида метавонад. Мабодо чашми меҳмон ё бадхоҳе ба ин макон бар нахӯрад, вагарна футболдориву футболдӯстии моро то ба ҳамин ҳадди хорию корношоямии як майдон баҳо медиҳанд.

«Пайк»

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru