Пайк

ХАБАРҲО

Варзишгарони Кӯлоб дар шаш моҳ 407 медал ба даст оварданд

-Дар 6 моҳи соли 2018 варзишгарони минтақаи Кӯлоб дар 43-мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 3 мусобиқаи байналмилалӣ ширкати фаъолона намуда, сазовори 407-медал гардиданд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Зайниддин Давлатов.

Номбурда, инчунин, қайд кард, ки аз шумораи 407-медали ба даст овардаи варзишгарони минтақаи Кӯлоб 104 медали тилло, 116 медали нуқра ва 187 медали биринҷиро соҳиб шуданд. Дар ин давра бахши кор бо ҷавонони минтақаи Кӯлоб миёни ҷавонон як қатор чорабиниҳои фарҳангию фароғатиро ба роҳ монданд. Дар ин нишасти хабарӣ рӯзноманигорон аз майдони футбол дур шудани дастаи овозадори «Равшан»-и Кӯлоб суол гузоштанд. Давлатов муҷиби аз байн рафтани дастаи овозадори Равшани Кӯлобро дар набуди сарпараст унвон кард.

И.Раҷабалӣ

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru