Пайк

ХАБАРҲО

"Шикор"-и кормандони пешини Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон

Печать PDF

Бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, тайи чанд рӯзи ахир дар шаҳри Душанбе дасти кам 10 корманди Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар дастгир шудаанд.

Манобеъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ин бора ба шарти ифшо нашудани номашон иттилоъ дода, мегӯянд, тамоми боздоштшудаҳо дар фасодкорӣ ва қаллобӣ айбдор мешаванд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров 26 апрел дар ҷаласаи порлумон гуфт, "маълум мешавад, шахсоне, ки зидди фасод бояд мубориза мебурданд, худ фасодкор будаанд". Вай хост, ин афрод ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ба иттилои хабаргузории «Азия-плюс», сардори Раёсати ташкилӣ-нозиротӣ Ҷамолиддин Муҳаммадзода ва муфаттиши пешини Оҷонсии зидди фасод Фирдавс Ниёзбадалов боздошт ва як мақоми баландпояи дигари ин ниҳод Умед Камолов мавриди пайгард аст.

Чанде пеш Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дода буд, ки муфаттиши пешини ин ниҳод Фирӯз Холмуродзода бо гумони қаллобӣ ва сӯистифода аз мақом дастгир шуд

Ҳамчунин хабар доданд, ки муовини пешини раиси ин оҷонсӣ Давлатбек Хайрзода ҳам бозддошт шудааст. Хайрзодаро 21 апрел, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар пеш аз парвоз ба Русия дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд боздошт кардаанд.

 

Комментарии  

 
#1 самад 05.05.2017 02:37
Хамин ниход дар Точикистон умуман даркор нест. Агар онхо 100000 камбуди ёбанд хатман 100000-и дигар долияи худашон аст. Бехтараш хамин ниходро бархам диханд. фасодкорро бе инхо хам ёфтан мумкин аст.Худашон маълуманд ки кихоанд.Агар барои давлат лозим шавад дар як hep хамаашро бе инхо хам дастгир кардан мумкин аст.
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru