Пайк

ХАБАРҲО

Афғонистон: "Модари бомбаҳо" 36 ҷангандаи "ДИ" нест кард

Печать PDF

Вазорати дифои Афғонистон хабар дод, ки бар асари таркиши яке аз бузургтарин бомбаҳои ғайриатомии ИМА дар вилояти Нангарҳор ба камияш 36 ҷангии гурӯҳи ваҳшатафкани «Давлати исломӣ» кушта шудаанд.

Ба ғайр аз ин ду нақби зеризаминӣ, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ нобуд карда шуданд. Ба гуфтаи ҳарбиён, аҳолии осоишта аз таркиши ин бомба осеб надидааст.

Ҳокими вилояти Нангарҳор Гулоб Мангал гуфт, шабакаи нақбҳое, ки аз инфиҷори бомба фурӯ рафт, аз тарафи ҷангиён ҳамчун маҳбас ва макони машваратҳои муҳими ҳарбӣ истифода мешуд.

ИМА бомбаи ғайриҳастаии GBU-43B ё «абарбомба»-ро бори аввал дар соли 2003 озмуданд ва то ин вақт он ягон бор истифода нашуда буд. Нерӯи ин бомба ба 11 тонна тротил баробар буда, масоҳати зарбааш қутри 280 метрро фаро мегирад.

Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфт, ин ҳамла дар ҳамоҳангии пешакӣ бо ҳукумати кишвар ба вуқӯъ пайваст.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru