Пайк

ХАБАРҲО

РОҲИ ДУРУСТИ МУБОРИЗА БО ИФРОТ КАДОМ АСТ?

Печать PDF


 

Тартибот ҷорӣ мекунем гуфта баъзан масъулин аъмолеро рӯйи даст гирифтаанд, ки хеле хандаовар аст. Ду масъули ҳукуматро дидам, ки бо як корманди милиса пушти дарахтон пинҳон шуда донишҷӯдухтаронро мепоистанд. Ҳамин ки касе дар сар рӯймол пайдо мешуд, зуд ӯро мавриди таҳдиду таҳқир қарор дода, сарлуч карда, сипас ба дарс равон мекарданд. Сабаб пурсидам, ки гуфтанд мо бо унсурҳои бегона аз қабили ифротгароӣ мубориза мебарем. Гуфтам аз кай боз румоли тоҷикӣ унсур шудааст? Гуфт инҷо наздик ба донишгоҳ румол аст, дуртар равад сатр мешавад. Чун нек нигаристам ин масъул худ дар тан юбка ва кофтаи аврупоӣ дошт. Яъне аврупоӣ мумкин будаасту тоҷикӣ не?

Ҳоло мо тоҷикон аз касофати ифротгароӣ ва терроризм, ки ин ду тоифа дар либоси ислом зулм мекунанд, ҳама ашёеро, ки ба онҳо дахл дорад бад мебинем. Аммо фаромӯш набояд кард, ки рӯмол ва поҷомаи тоҷикӣ ҳеҷ гоҳ ашёи террористон набуд ва минбаъд ҳам нахоҳад шуд. Ин либоси миллии тоҷикӣ аст. Бо руймол мубориза бурдан мисли он аст, ки бо соя мубориза барӣ. Ҳар қадар ки чунин муборизаи аблаҳона мебарем ба ҳамон андоза румолпӯшон ва поҷомадорон зиёд шудааст. Маҳз ана ҳамин тоифае, ки барқасди масъулин ин ду либоси тоҷикиро мепӯшанд хатарнок мешаванд. Филмҳои солҳои 50 ва 60 тоҷикиро бинед, дар кӯча аксарияти духтарони тоҷик бо либоси атлас ва бе поҷомаанд, чунки дар он давра дар ҳақиқат муқобили унсурҳои маънавии бегона мубориза мебурданд  на унсурҳои миллӣ ва худӣ. Ҳоло ки барқасди масъулини бемаънӣ ҷавонон риш мемонанд ё румол мепӯшанду сатр мекунанд, ҳушдор медиҳад, ки инҳо барқасд унсури бегона шудаанд. Ин тоифа акнун иштирокчиёни гирдиҳамоиҳои ташаннуҷовари ояндаанд. Ё шояд кадом нерӯйи ғараздори зидди давлати мо аст, ки чунин роҳи муборизаро тавсия додаасту ташаннуҷ эҷод мекунад? Ин кори нерӯҳои амниятии кишвар аст, ки бояд мӯйро аз хамир ҷудо кунанд. Набошад ҳатто маълумоти ибтидоӣ доштагон ҳам хуб медонанд, ки бо ифротгароӣ ва экстремизму бегонапарастӣ мубориза бурдан дар либоси миллӣ қулайтар аст. Маҳз дар либоси миллӣ метавон ба террористон фаҳмонид, ки мо ҳам кофир нестем, мусалмонем, аммо мисли шумо бадхоҳон бар зидди халқи худо мубориза намебарем. Маҳз аврупоигароии мо барои он тоифаи хунхор ангеза мешавад!

Дар коллеҷ сар метарошанд

Мо инҷо факту рақам намеорем, то касе худро таҳқиршуда наҳисобад, хоса мақсади мо таҳқир кардани касе нест, балки мақсад дарёфти роҳи дурусти мубориза аст бо ифротгароӣ ва бетартибӣ дар ҷумҳурии азизамон. То сулҳ пойдор бошаду мамлакат гул-гул шукуфад.

Хулласи калом, ҳамин чанд рӯз қабл дидам, ки дар яке аз коллеҷҳо муаллимон, ба гуфти худи онҳо якҷо бо кормандони милиса, ба синфхонаҳо даромада мӯйи сареро, ки ба қабза меояд қайчӣ мезананд. Тасаввур кун хонанда, се чор устод, якҷо бо муовини директор ҷавонро аз дасту пояш дошта, дуқат карда мӯйи сарашро мисли мӯйи гусфанд метарошанд. Дар ин синну сол одатан ҷавон ошиқ мешавад. Агар маъшуқааш дар наздик бошаду бинад, ки мӯйи ӯро бузтарош мекунанд, мутамаинан дилаш на танҳо аз таълиму тадрис, балки аз муаллимону ҷомеа мемонад. Баъди ин гуна ҷавонҳо чӣ гуна ватандӯст мешаванд? Ҷавоне, ки ба таҳқир шуданаш имкон медиҳад, латта асту ғуломхӯ. Одатан чунин ҷавонон ватандӯст ва муҳофизи ватан шуда наметавонанд. Ё худ дили духтараки нозук, ки навакак ошиқ шудааст, ин гуна бори таҳқирро намебардорад. Вақте чанд зану мард ӯро дар кӯча дошта кашида рӯмол ё поҷомаашро аз танаш мегиранд, дигар рӯҳаш мешиканад. Чун одат, чунин ҷавондухтар дар оянда ё сарпасту ғулому мутеъ мешавад ё ба муборизаи беамон алайҳи чунин ашхос оғоз мекунад. Дар чунин ҳолат хуб аст, агар масъуле ёфт шаваду ӯро аз ин роҳ баргардонад ва ба роҳи дурусти ватандӯстӣ ҳидоят кунад, набошад бо ин ошуфтагӣ ва хуйи тундшуда метавонад ҳатто аз пайи пешвои разилони гетӣ -Абубакри Бағдодӣ равад!

Албатта, эътирози ин гуна ҷавонони таҳқиршуда сараввал ба чашм наметобад. Эътироз дар шакли пушидани сатр асту риш мондан ё худ намоишҳои ватандӯстонаи телевизионро хомӯш кардану рӯ ба филмҳои туркӣ овардан аст, аммо ин гуна эътироз, мутаассифона марҳилаи сабзиш дорад.

Шумо гумон мекунед, иштирокчиёни гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ӯм, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда буд, ҳама дӯстдорони Абдуллоҳи Нурӣ буданду Қозикалон? Не азизон, аксарияти ин тоифа эътироз ба ҷомеа доштанд. Фарзандонашон гуноҳ карда маҳбасӣ буданд, ё ҳукумат ба онҳо замини наздиҳавлигӣ надода буд ё хонаи истиқоматӣ ё навбати мошинаш расида буду дигар кас ҳаққашро ситонида буд. Ҳамин буд, ки садҳо ҳазор иштирокдорони гирдиҳамоӣ то охир ҳукуматро дар даст нигоҳ дошта натавонистанд. Набошад ин миқдор одам агар ҳамфикру ҳамзабон мешуданд на танҳо ҷумҳуриро, балки тамоми Осиёи Миёнаро ба даст гирифта метавонистанд. Моҳи майи соли 1992 аввалин садои тир баромаду нафаре қурбон шуду ҳама пароканда шуданд. Фақат гурӯҳҳои ҷинояткори яроқбадаст ва дузду ғоратгар дар сафи опозитсия боқӣ монд.

Ҳоло ҳам, агар мехоҳем, ки ин ҳолат такрор нашавад бояд даст ба таҳқири ҷавонон назанем. Ҳар гуна, ки ба ҷавонон муносибат накунем, онҳо ҳам ҳамонгуна бо мо ва ҷомеа муносибат мекунанд.

Сӯҳбати писарон бо духтарон манъ аст?

Ҳар чизе, ки инҷо мегӯем ё аллакай гуфтаем аз мушоҳидаҳо аст. Дар боғи фарҳангӣ дидам, ки масъулин ҷавонеро, ки дар гӯшае бо духтаре нишаста сӯҳбат мекард боздошт карданд ва истинтоқ мекарданд. Таҳдид мекарданд, ки ба падару модаронашон занг зада аз кирдорашон хабар медиҳанд. Дар асл кирдорашон бошад иборат аз сӯҳбати байниҳамдигарӣ буд, на чизи дигар. Ҳақиқати маҳз аст, ки ҳар ҷамъомад хеле шавқовартару рангинтар мегузарад, агар дар он дар баробари ҷавонон духтарон низ ширкат варзанд. Ин маънои фаҳшу бероҳагиро надорад. Баръакс, ҷавонон бо ҷинси муқобил худро идора карданро меомӯзад ва ин садди роҳи таҷовузу хархаша миёни ҷавонон буда метавонад. Пӯшида нест, ки даъват ба сафи артиш барои масъулин кори хеле сангин ва ҳатто нангин шудааст. Облаваю саркашӣ ва ба ҳамин монанд аъмол зиёд аст. Агар ба сафи артиш аз шумори духтарон ихтиёриёнро даъват мекарданд кор ранги дигар мегирифт. Таҷрибаи бисёр давлатҳо нишон додааст, ки ҷалби духтарон ба сафи артиш рӯҳияи ҷавононро баланд мебардорад ва онҳоро ба хизмати аскарӣ ва ватандӯстӣ дилгарм месозад. Дар Исроил барин мамлакати пешрафтаи яроқи ядроӣ дошта хизмати духтарон дар сафи артиш ҳатмӣ аст. Магар яҳудиҳо беақлтар аз мо тоҷикон ҳастанд? Дар ҳоле, ки Худо гуфтааст, ки яҳудиҳо халқи баргузидаи Худованд буданду аз ҳама миллатҳои дигар дида боақлтару серризқтар. Чаро мо аз онҳо ибрат нагирем? Бубинед, ки ҳатто террористоне, ки худро душмани ашадии яҳудиҳо меҳисобанд бо пули ин миллат ҷиҳод алайҳи мусалмонони худ мекунанду дар соатҳои фориғ аз «ҷиҳод» дар истироҳатгоҳҳои Исроил фароғат мекунанд.

Чӣ бадӣ дорад, агар як ҷавон бо духтари ҳамсинну соли худ дар боғи фарҳангӣ нишаста истироҳат кунад ё ҳатто изҳори муҳаббат кунад? Ин маънии онро дорад, ки ин ду ҷавон хеле дур аз аъмоли фаҳш ҳастанд, набошад дар ҳузури одамон сӯҳбат намекарданд. Вой бар ҳоли он ҷавононе, ки пинҳонӣ зери купруку пасткучаҳо ва дохили боғҳою пахтазор муносибат мекунанд. Маҳз дар чунин ҷойҳои хилват куштор рух медиҳаду таҷовуз ба номус. Айни ҳол бошад, ба андешаи мо боздошти ҷавононе, ки нишаста бо якдигар сӯҳбат мекунанд худ амали ифротгароёна аст. Ин гуна масъулин ба манфиати террористони худро муҷоҳид ҳукм карда амал мекунанд. Ҳадафи онҳо низ ҷумҳурии исломӣ кардан асту муносиабати озоди зану мардро мамнӯъ эълон кардан.

Ҷавонон бояд чӣ кор кунанд?

Бо вуҷуди он ки Пешвои миллат ва ҳукумати ҷумҳурӣ ҳама роҳҳоро барои ҷавонон барои таълиму тарбияи дуруст гирифтан кушодаанд, масъулини алоҳида бо гулу гумроҳии худ ба ин иқдомоти наҷиб иснод меоранд.

Ҳама нерӯҳои масъули ҷомеа аз овони хурдсолӣ алайҳи инсон мубориза мебаранд. Бозиҳои компутарӣ барои кӯдакону наврасон қатъият манъ аст. Рейдҳои махсус гузаронида наврасонро боздошт карда волидайнро ҷарима мебанданду худи онҳоро талхакаф мекунанд. Пурсида мешавад, ки чаро, чӣ лозим? Модоме, ки наврасон бозиҳои компутариро то ба ин андоза дӯст медоранд, бигзор. Аз ҳамин дилбастагии онҳо истифода бурда онҳоро метавон тарбияи дуруст дод. Ба компутарҳо бозиҳоеро ворид кардан лозим, ки аҳамияти тарбиявӣ доранд. Тестҳое ворид кардан лозим, ки ҷавон ифротро аз ақли солим фарқ карда тавонад. Чаро наврас дар даст яроқ аз пушти террорист таъқиб карда надавад? Чаро ҷавон тавассути бозиҳои компутарӣ аз даҳшати ҷанги шаҳвандии мо воқиф нашавад? Чаро навраси тоҷик тавассути бозиҳои компутарӣ аз нақши Пешвои миллати мо Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу салоҳ огоҳ нагардад? Фақат як бозии компутарӣ метавонад муҳаббати Пешворо бештар аз сад намоиши телевизионӣ дар дили наврасон ҷо кунад. Чаро олимони мо наметавонанд бозиҳоеро кашф карда бароранд, ки тавассути онҳо наврасону кӯдакон аз илми ботаника, кимиё, физика ва риёзиёт огоҳ нагарданд? Моҳона барои чӣ мегиранд?

Ё худ ҳама масъулин дар марҳилаи алоҳида алайҳи Занги охири хатмкунандагон  мубориза оғоз мекунанд. Танбеҳ медиҳанд, ҷарима мебанданд, «ҳайфи ту» мекунанд. Ин дар ҳоле, ки шояд ҳама ҳавасу армони ҷавонон дар ҳамон Занги охир бошад. Баҳона пеш меоранд, ки кадом соле кадоме аз духтарон бо кадом ҷавоне дар Занги охир ҳамхоба шудааст. Агар баҳона ҳамин аст, чаро меҳмонхонаҳоро намебандед, ки ҳамарӯза дар онҳо аъмоли фисқу фуҷур ва фаҳш сурат мегирад? Чаро мошинсавориро манъ намекунед, ки ҳар сол он миқдор мардум дар садамаҳои автомобилӣ талаф меёбад, ки дар ягон ҷанг ин миқдор ба ҳалокат намерасад? Бигзор ҷавонон дискотека кунанд, рақсу бозӣ кунанд. Метавон ин гуна чорабиниҳоро ба манфиати ҷавонон барпо кард. Чунин чорабиниҳоро тавре ташкил кардан лозим, ки дар онҳо ҷавонон бо оби чашм ва ларзаи қалб тарбияи ватандӯстӣ биомӯзанд. Шумо мубориза бо занги охир мебареду мутмаин мешавед, ки ин «амали зишт»-ро аз байн бурдаед, аммо ман дидаам, ки ҷавонон дар ҷойҳои хилват ва чашмпаноҳ «занги охир» кардаанд. Ҳама ҷо пур аз СПИД шудаасту бачабозӣ. Магар вақти он нарасидааст, ки рӯ ба тарбияи дуруст биёрем?

Ба ақидаи ман вақти он расидааст, ки бояд коре кунем, ки ҷавонон дар ҳақиқат ватандӯст шаванд. Ҷавон ватанро ҳамон вақте дӯст хоҳад дошт, ки ӯ дар он осуда ва беғаму андӯҳу мӯҳтоҷӣ зиндагӣ карда бошад. Агар ватан ҳам ҷавононро дӯст дорад ҷавонон ватандӯст мешаванд.

Аҳмад Иброҳим

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru