Пайк

ХАБАРҲО

ДИССЕРНЕТ ШЎР МЕАНГЕЗАД Ё МУҒРИЗОНИ ВАТАНӢ?

Печать PDF

 

 

Андешае чанд атрофи сару садоҳо перомуни асардуздии чанд олими тоҷик

Сару садоҳо маноқиби хабари пахшкардаи саҳифаи «Ахбор барои афкор»-и сомонаи иҷтимоии Фейсбук дар бораи гўё асардуздии раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода шурўъ аз рўзи гузашта бисёриҳоро ба ташвиш овард. Роҷеъ ба ин масъала ҳафтавори «Пайк» бо раиси вилояти Хатлон мўҳтарам Давлатшо Гулмаҳмадзода дар тамос шуд. Қабл аз он ки мо сўҳбати раиси вилоятро пешкаши хонанда гардонем ба баъзе аз торикиҳои қазия рушанӣ меандозем.

Раҷаби Мирзо, масъули саҳифаи «Ахбор барои афкор» хабарро бо такя ба манбаъ, яъне сомонаи «Диссернет»-и Федератсияи Русия пахш кардааст.

Дар хабар омадааст, ки рисолаи номзадии Гулмаҳмадзода гўё моломоли афкори дигарон будааст ва ин рисола бо чунин шева ягона нест. Сомонаи «Диссернет» дар маҷмуъ 6 нафар номзадҳои тоҷикро ба асардуздӣ муттаҳам кардааст.

Баъди мутолиаи хабар мо ба сомонаи «Диссернет» сар халонда мадорики пешниҳоднамудаи  ин сомонаро мавриди таҳлилу тадқиқ қарор додем.

Нахуст дар бораи кори илмии Давлатшо Гулмаҳмадзода чунин маълумотро дарёфтем:

Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич
"УПРАВЛЕНИЕ ЗЕМЕЛЬНЫМИ РЕСУРСАМИ ТРУДОИЗБЫТОЧНОГО РЕГИОНА В УСЛОВИЯХ АГРАРНОЙ РЕФОРМЫ : НА МАТЕРИАЛАХ СЕЛЬСКОГО ХОЗЯЙСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН" 
Диссертация на соискание ученой степени кандидата экономических наук 
Чун кори илмӣ бо забони русӣ навишта шудааст мо салоҳ надидем номи онро тарҷума кунем ин, гумон дорам, барои хонанда муҳим ҳам нест.

Хуллас, маълум шуд, ки мадорики овардаи сомона дар бораи асардуздии раиси вилоят ва чанд нафар аз олимони дигари тоҷик хеле муғризонаанд. Оне, ки вожаҳои рисолаи Давлатшо Гулмаҳмадзода ба вожаҳои баъзе аз олимони дигар монандӣ доранд, дуруст аст. Аммо бингаред, ки чӣ гуна метавон, масалан тадқиқотеро дар мавриди ислоҳоти замин аз тадқиқоти дигар олимон хеле мутафовит навишт?

Муғризон иддао доранд, ки Гулмаҳмадзода аз кори илмии Мешеряков чизеро нусхабардорӣ кардааст. Бингаред:

При проведении земельной реформы необходимо руководствоваться следующими принципами: земля должна находиться в руках тех, кто способен эффективно ее использовать для производства сельскохозяйственной продукции; при распределении земли должно учитываться её плодородие, местонахождение. 
Если не учитывать эти факторы, то необходимо регулировать справедливость в распределении земли дифференциацией налоговых платежей. 
должны быть созданы условия для использования техники и прогрессивной технологии, что предполагает обеспечение достаточной величины земельных участков и их неделимость;

(Мещеряков, Геннадий Петрович; Управление земельными ресурсами в условиях аграрной реформы : Региональный аспект. Диссертация)


Бингаред, ки Гулмаҳмадзода дар кори илмии худ чӣ гуна ислоҳоти заминро шарҳ медиҳад:

«Успех земельной реформы зависит от того: какими методами она произведена, т.е. 
насильственным или демократическим путем, при участии или без участия дехкан, в интересах или против их интересов; получила ли она материально-техническую, финансовую и правовую поддержку; созданы ли специальные органы (комитеты, комиссии и т.д.) управления, которые должны осуществлять земельную реформу, реорганизацию сельхозпредприятий; насколько уверены дехкане (фермеры) в стабильности и необратимости аграрной политики государства.»

Шояд ин ду иқтибос мазмунан наздик бошанд, аммо як ҳақиқатро чи гуна метавон тамоман мутафовит тасвир кард? Масалан, чанд нафар агар шоҳиди як ҳодиса бошанд, шоҳидии онҳо аз якдигар хеле кам тафовут дорад. Корҳои илмии ин ҷанобон низ ба ҳамин монанд аст. Фикрҳо шояд дар инъикоси як масъала  наздиканд, аммо ин маънои асардуздиро надорад. Чунин монандиҳо дар кори илмии дилхоҳ олимони дигар низ во мехуранд, аммо барои «Диссернет» ашхоси оддӣ объекти танқид шуда наметавонанд.

Ва аммо ба андешаи мо барои он тудаи муғриз муҳим иқтибоси зайл аст:

«Гулмаҳмадов Д.К. (2009), стр. 138: «В таких условиях страна нуждалась в умелом, компетентном и решительном лидере, главе государства, который вывел бы страну из тяжелого кризиса.»

Маҳз нақши намоёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон  баҳри баровардани мамлакат аз қайди бўҳрони шадид чун хор ба чашми бадхоҳони ин давлат мерасад ва ба «Дисернет»-њо муроҷиат карда, ба қавле, «дил хунук мекунанд.» (Дар шеваи ҷануби кишвар-ку ба ҷои «дил» қисми поёни миёнро ном мебаранд.)

Додарбек Сайдалиев, номзади илми сиёсатшиносӣ дар сўҳбат бо «Пайк» иброз дошт, ки тадқиқоти «Диссернет» хеле муғризона аст. Бубинед, ки байни объектҳои мавриди тадқиқот қарор гирифтаи ин сомона ягон нафар аз мардуми оддӣ нест, корҳои илмии раиси вилоятро таҳқиқ кардаанду писари вазирро ё сарвари кадом муассисаи дигарро. Аслан раиси як вилоят ё шаҳр бояд имкони кори илмӣ карданро надошта бошад. Аммо Гулмаҳмадзода кори илмиро замоне карда буд, ки раиси вилоят набуд.

Давлатшоҳ Гулмањмадзода мегўяд:

Чаро масъулини сомонаи «Диссернет» баъди нўҳ соли дифоъ шудани кори илмӣ бедор шуданд? Гузашта аз ин, чаро «матбуоти зард»-и мо гаштаю баргашта дар сомонаҳои худ менависанд, ки «рисолаи номзадии раиси вилоят.» Охир он замон ман раиси вилоят набудам. Он замон банда вақти зиёд ва имконияти бештар доштаму рисолаи номзадӣ таълиф кардам. Баъди он ки раиси вилоят таъин шудам, навиштани рисолаи докторӣ бароям мушкил афтод, чунки ҳамвора ба корҳои   давлатӣ  бандам.»   
Ҷаноби Сайдалиев мегўяд: Шўри ангехтаи муғризони сомонаи «Диссернет» бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон бояд худ Комиссияи Олии Аттестатсионӣ (Высшая Атестатсионнная Комиссия ВАК) дошта бошад. Мутаассифона мо то ҳанўз дар ин масъала дастнигари мамлакати дигар ҳастем.

Давлатшо Гулмаҳмадзода дар сўҳбат бо Пайк иброз дошт:

«Ман намедонам, ки асари киро дуздидаам ва чӣ гуна. Оё худи он тангназарон медонанд, ки чӣ навиштаанд? Охир онҳо руирост ВАК-и Русияро гунаҳкор карда истодаанд. Гумон дорам, бояд Академияи Илмҳои ҷумҳурӣ дар ин маврид хулосаи худро барорад.»

Манбае, ки худро ифшо кардан нахост гуфт:

«Сомонаи «Диссернет» закаси Муҳиддин Кабириро иҷро кардааст. Кабирӣ баъди аз мамлакат фирор карданаш чанд нафар аз сагчаҳояшро мукаллаф кардааст, ки гоҳо дар дохили мамлакат шўр барангезанд. Шўри барангехтаи «Афкор барои ахбор» назири шўрангезии ҳамин тоифаанд. Набошад чаро онҳо ба як сомонаи аҷнабӣ бовар карда, перомуни сафсаттаҳои он сомона тадқиқот нагузаронда, зуд он афкори ботилро ба маъраз гузоштаанд. Барои инҳо ягон муқаддасот намондааст. Метавонанд ба дилхоҳ дурўғгў бовар карда обирўйи дилхоҳ ҳаммилату ҳамватани худро резонанд. Барои онҳо муҳим шўр барангехтан аст.»

Аҳмади Иброҳим

Комментарии  

 
#11 ДиссерНет 30.04.2018 12:20
Инсоф чизи хуб аст. Шумо бо кадом рўятон кушиши сафедкунии ин дуздонро доред?Кори илмии Гулмаҳмадов Давлатшо Курбоналиевич, қариб 80 дар садаш плагиат аст.Гап сари як ҷумлаву ду ҷумла намеравад!80 дар 100! Бовари дорам, ки рузаш мерасаду шумо мушкилии ҳамхоби бо оилаатонро низ бар сари Кабирӣ бор мекунед. Мерасад, агар нарасида бошад.
Цитировать
 
 
#12 Мансур 01.05.2018 05:37
Аҳмадча чанд сум гирифти сагбачахои Саёф
Цитировать
 
 
#13 МУАЛЛИМ 01.05.2018 12:07
Однажды мышь заметила, что хозяин фермы поставил мышеловку. Она рассказала об этом курице, овце и корове. Но все они отвечали: "Мышеловка - это твои проблемы, к нам она никакого отношения не имеет!".

Чуть позже в мышеловку попалась змея и укусила жену фермера. Пытаясь ее излечить, жене приготовили суп из курицы. Потом зарезали овцу, чтобы накормить всех, кто приехал навестить больную. И, наконец, закололи корову, чтобы достойно накормить гостей на похоронах.

И все это время, мышь наблюдала за происходящим через дырочку в стене и думала о вещах, которые ни к кому никакого отношения не имеют…
Если Вас что-то не касается напрямую, не думайте, что это что-то не ударит Вас по голове.
Цитировать
 
 
#14 МУАЛЛИМ 01.05.2018 12:32
ЭТО КАСАЕТСЯ,ТЕМ КТО РАДУЕТСЯ,И ТЕХ КТО ПИШЕТ С РАДОСТИ,НАПАМИН АЮ, ЧТО озоди написал,что мо давлатхои дигаро хам паигири мекунем,я лично жду про какого государство они напишут так пасмотрим.
Цитировать
 
 
#15 МУАЛЛИМ 01.05.2018 12:52
ЕЩЕ СКАЖУ,ЧТО КТО ЭТО ОРГАНИЗАВАЛ ОНИ ВРАГИ ТАЖИКОВ КТО БЫ НЕБЫЛИ,Я САМ НЕЗНАЮ НИ ГУЛМАХМАДОВА И ДРУГИХ ПРО КОТОРИХ ПИШУТ.
Цитировать
 
 
#16 МУАЛЛИМ 01.05.2018 13:01
я вижу,только одни теже каторый пишут.
Цитировать
 
 
#17 СЮТ 25.05.2018 10:03
Шамъи мо дар дилу дидахо фурузон аст,
Њомии он Эмомали Рахмон аст.
Харки ба мо бад гуфту бад кард,
Аз кирдори худ пушаймон аст.

Илохо душмани точик кам бод!
Гирифтори дарду гам бод!
Бо пуфи У хомуш нагардад шамъи мо,
Кур монад, набинад Вахдати мо.

Бадгумон доим овора аст,
Решааш дар гахворааст.
Нахурда шири поки модар,
Аз бахили доим шавад дарбадар.
навкалам
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru