Пайк

ХАБАРҲО

Парвандаи гаравгонгирии сарбоз мӯҳри махфӣ гирифт

Печать PDF

Додситонии ҳарбии шаҳри Хоруғ нисбат ба ҳодисаи гаравгонгирии як “прапоршик”-и қисми низомӣ ва кушта шудани сарбози гаравгонгир дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон парванда боз карда, таҳқиқро идома медиҳад. Ин ҳодиса рӯзи 25-уми августи имсол рух додааст.

Масъулони Додситонии ҳарбии шаҳри Хоруғ рӯзи 5-уми сентябр гуфтанд, ки ба ин парванда "мӯҳри махфӣ" зада шудааст ва ба хотири берун нарафтани сирри тафтишот оид ба ҷузъиёти ин қазия намехоҳанд шарҳи бештар диҳанд.

Мақомот мегӯянд, сарбози қисми ҳарбии сарҳадбонӣ Сафарбек Хонов рӯзи 25-уми август пас аз тақрибан се соати гаравгонгирии як “прапоршик”-и қисми низомӣ дар ҳудуди деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кушта ё ба истилоҳи тафтишот безарар гардонда шудааст.

Маълум нест, ки гаравгонгирии “прапоршик” ва тафсилоти куштори ӯ баъдан чӣ гуна сурат гирифтааст. Баъзе манобеъ мегӯянд, Хонов бо худ норинҷак ҳам дошт, вале тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад. Ин манбаи огоҳ аз ҳодиса, аз ҷумла гуфт, “тақрибан се соат бо ӯ аз масофаи дур барои таслим шудан ва раҳо кардани “прапоршик” гуфтугӯ сурат гирифт, аммо сарбоз на танҳо таслим нашуд, балки ба сӯи дигарон низ тир холӣ кард. Маҷбур шуданд, ки ӯро безарар гардонанд.”

Идибек Хонов, падари сарбози кушташуда мегӯяд, ба тафсилоти марги писараш бовар надорад. Ӯ гуфт, фарзандашро водор кардаанд, ки даст ба чунин амал занад: “Бовар надорам, ки фарзанди ман чунин амали ношоиста карда бошад. Барои ҳамин, ба созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” муроҷиат кардам, ки маро бо адвокат таъмин намоянд. Ба додгоҳ нисбати ба ҳалокат расидани фарзандам дар қисми ҳарбӣ шикоят мебарам. Мехоҳам ҳақиқатро фаҳмам”.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru