Пайк

ХАБАРҲО

Вазорати Адлия: 27 маҳбус бо марги табии фавтид

Печать PDF

Дар нишасти хабарии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикисон, ки рӯзи 26.07.2017 дар ш. Душанбе доир гардид муовини вазир Мирсаидзод Ҳаким  иброз дошт.

"Айни замон дар зиндонҳои мо зиёда аз 10 000 маҳбус сукунат доранд,  аз ҷумла 237 нафар зан,  39 нафар ноболиғ дар калонияҳои тарбиявӣ, ба ҷазои як умра 80 нафар, 353 нафар шаҳрвандони хориҷӣ,   1548 нафар вобаста ба  ҳаракатҳои динию экстремистӣ,  239 нафар вобаста ба аъзогӣ ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ва ҳолати  фавти маҳкумшудагон дар ин давра 27 нафарро ташкил дода, ҳамаи онҳо бо марги табиӣ, яъне бе ношинонаи марги маҷбурӣ ба қайд гирифта шудаанд".

Маҳбасҳои иловагӣ дар ҷумҳурӣ таъсис наёфтаанд, лекин қобили қайд аст, ки  сохтумони ду бинои нав рафта истодааст ва дар назар аст, ки баъзеҳо аз биноҳои пешина ба биноҳои нав кучонида шаванд, илова намуд Мирсаидзод.

Ба саволи рӯзноманигор, ки “Феҳристи номҳои миллӣ иҷроишаш ҳатмист ё тавсиявӣ муовини вазир чунин гуфт: феҳристи номҳое, ки тавсия шудаанд  аз худи нома маълум аст, ки ин  тавсиявӣ аст ин ба мақсади нигоҳ доштан ва баланд бардоштани фарҳанги миллӣ аст  ва ба сабаби он, ки ин номгӯ бо санади расмӣ ба қайд гирифта шудааст риояи онҳо ҳам аз ҷониби мақомотҳои вазорати адлия  ва расёсатҳои бақайдгирии  асноди ҳолати шаҳрвандӣ  назорат карда мешавад ва бояд гуфт, ки дар вақти номгузорӣ, агар шаҳрвандон номе пешниҳод кунанд, ки дар феҳристи тавсия шуда набошаду лекин мувофиқ бошад он номро ба комиссияи махсус пешниҳод мекунанд ва дар сурати қаул шуданаш ба феҳрист илова мешавад.

Эълони номи наздикони Гулмурод Ҳалимов

Печать PDF

Мақомоти интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб номи наздикони Гурмурод эълон кард ва гуфт, ки дар ин миён яке аз ҳамсояҳои Ҳалимов низ дар кӯшда шудааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии Кӯлоб дар суҳбат ба «Пайк» гуфт, ки аз миёни ҳафт нафар Алӣ Ҳалимов, Комил Ҳалимов ва Назир Ҳалимов зинда монда, аммо Фозил Ҳалимов, Султон Ҳалимов, Афзал Абдуразидов ва ҳамсоашон Насим Раҳматов кӯшта шуданд. Ин мабаъ гуфт, ки ин чаҳор нафар ба кормардони мақомот бархурд карда, дар пайи бархурд кӯшта шуданд. Ба гуфтаи манбаъ ин ҳама аз Дараи Фонии ноҳияи Варзоб буданд.

Элони номи наздикони Гулмурод Ҳалимов дар ҳолест, ин афрод дар пайи як задухурд бо мақомоти интизомӣ дар деҳаи Ибратӣ ҷамоати Тугаракаи ноҳияи Восеъ чаҳор нафар кушта ва се нафари дигар, аз ҷумла бародари Ҳалимов боздошт шудаанд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар суҳбат ба «Пайк» ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт ин афрод мехостанд бо ин деҳа убур карда ба Афғонистон ҷирор кунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ ҳангоми боздошт онҳо бо кормандони мақомот муқобилият нишон дода, бародари Ҳиюалимов бо корд як корманди милисаро захмӣ кардааст.

«Ин ҳодиса шаб соатҳои 19 ба 20 дар деҳаи Ибрат рӯх дод, зеро аз кушиши убури онҳо огоҳ шуда, мезостанд монеа шаванд, аммо ба кормандони мақомот муқобиличт карда, ӣародари Ҳилимов як корманди милисаро захми намуданд. Ҳоло ҳамаи назидикони Ҳалимов, ки ҳафт нафар мебошад боздошт ва нисбаташон тафтишот оғоз гардидааст»,-- гуфт мусоҳиби мо.

Аммо як манобеи дигар аз мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб дар суҳбат ба "Пайк" гуфт, ки дар инҷо задухурд ба амал омада, чор нафар аз наздикони Ҳалимов кушта шуда, се нафари дигар дар боздошт мебошад. Ин манбаъ афзуд, ки аз тарафи кормандони мақомот низ ҷароҳат бардошта шудааст. Аммо ин манбаъ гуфт, ки ҳоло нисбати ин ҳодиса парванда боз шуда, кормандони ҷароҳатбардошта дар бемористонанд.

Сокинони деҳаи Ибрат гуфтанд, ки ҳудуди 10 15 дақиқа садои тирпарониро шунидаанд.

Бойназар Тағоев, сардухтури бемористони марказии ноҳияи Восеъ ба "Пайк" гуфт, ки Анвар Ҳусейнов, корманди пулис ҷароҳати вазмин набардоштааст. Ба гуфтаи ҷаноби Тағоев, аммо аз суи афроди боздоштшуда чаҳор нафар кӯшта шудаанд. Ӯ гуфт, ки корманди милиса сиҳат буда, ҳоло суҳбат карда истодааст, ки баъди пурра сиҳат шудан аз бемористон ҷавоб дода мешавад.

Амалиёти боздошти бародар ва наздикони Ҳалимовро, ки қасди фирор ба Афгонистон доштаанд, ваҳоратзонаҳои интизомӣ пеш бурдаанд, гуфт як манбаъ аз мақомоти минтақаи Кӯлоб.

Боздошти бародар ва наздикони Гулмурод Ҳалимов дар ҷануби Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ афтод, ки мақомот ҳафтаи гузашта бародарзодаи Гулмурод Ҳалимовро аз Ҷумҳурии Адигеяи Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Истирдоди бародарзодаи Ҳалимов ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳоло додгоҳ парвандаи Беҳрузи Гулмурод, писари 18-солаи ӯро баррасӣ мекунад. Беҳрӯзро мақомот барои қасди пайвастан ба гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» муттаҳам медонанд.

Боздошти пайвандони Ҳалимов замоне иттифоқ афтод, ки дар моҳи апрел рӯзномаи бритониёии “Таймс” навишт, ки Гулмурод Ҳалимов дар шаҳри Мавсили Ироқ кушта шудааст, вале ин гузориш то кунун аз дигар манобеъ таъйид нашудааст. Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва баъди як моҳ аз ҳузураш дар Сурия хабар дод. Ӯ дар як видеои тарғиботии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” гуфт, ки ба нишони эътироз аз шеваи кори Вазорати умури дохилӣ дар робита ба намозу либоси исломӣ ба ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст.Ҳалимов, ки дар Амрикову Русия шеваҳои маҳви террористонро омӯхтааст, дар Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад ва дар феҳрасти мавриди таъқиб дар Интерпол низ қарор дорад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар рӯйхати террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ 3 миллион доллар подош ваъда карда буд. Ҳанӯз зинда будан ва ё кушта шудани Гулмурод Ҳалимов тасдиқи бебаҳси худро наёфтааст.

 

"Шикор"-и кормандони пешини Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон

Печать PDF

Бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, тайи чанд рӯзи ахир дар шаҳри Душанбе дасти кам 10 корманди Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар дастгир шудаанд.

Манобеъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ин бора ба шарти ифшо нашудани номашон иттилоъ дода, мегӯянд, тамоми боздоштшудаҳо дар фасодкорӣ ва қаллобӣ айбдор мешаванд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров 26 апрел дар ҷаласаи порлумон гуфт, "маълум мешавад, шахсоне, ки зидди фасод бояд мубориза мебурданд, худ фасодкор будаанд". Вай хост, ин афрод ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ба иттилои хабаргузории «Азия-плюс», сардори Раёсати ташкилӣ-нозиротӣ Ҷамолиддин Муҳаммадзода ва муфаттиши пешини Оҷонсии зидди фасод Фирдавс Ниёзбадалов боздошт ва як мақоми баландпояи дигари ин ниҳод Умед Камолов мавриди пайгард аст.

Чанде пеш Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дода буд, ки муфаттиши пешини ин ниҳод Фирӯз Холмуродзода бо гумони қаллобӣ ва сӯистифода аз мақом дастгир шуд

Ҳамчунин хабар доданд, ки муовини пешини раиси ин оҷонсӣ Давлатбек Хайрзода ҳам бозддошт шудааст. Хайрзодаро 21 апрел, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар пеш аз парвоз ба Русия дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд боздошт кардаанд.

 

Мақомот: шаҳрванди Тоҷикистон бо айби марзбонҳои узбек кушта шуд

Печать PDF

Марзбонони тоҷик иддаои марзбонони Узбакистонро рад карда гуфтанд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон бо гуноҳи сарҳадбонони Узбакистон кушта шудааст.

Баёнияи марзбонони тоҷик дар ҳоле садод дод, ки марзбонони Узбакистон аз убури ғайриқонуӣ ва кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон гузориш дода буд. Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ бо ирсоли баёнияе гуфт, ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳеҷ гуноҳе надорад ва бо айби сарҳадбонони Узбакистон кушта шудааст.

Ҳодиса рӯзи 15-уми апрел дар наздикии рустои Шулум дар ноҳияи Турсунзода ба вуқӯъ пайвастааст ва як шаҳрванди дигари Тоҷикистон захм бардоштааст. Дар баёния омадааст, ки марзбонони Узбекистон бар хилофи тамоми меъёрҳои башарии байналмилалӣ шаҳрванди маҷрӯҳи Тоҷикистонро дар ҷойи ҳодиса гузошта рафтаанд ва рафтори марзбонони кишвари ҳамсоя “нақзи мусаллаҳонаи сарҳади Тоҷикистон аст”

Аз ин пештар Кумитаи марзбонии Узбекистон гуфт, ки Аслиддин Шоимов, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми ҳамла ба марзбонони узбекистонӣ тир хурда кушта шудааст.

Ба гуфтаи марзбонони Узбакистон рӯзи 15-уми апрел се шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми чаронидани чорво дар назди рустои Қуруқсойи Узбакистон марзро убур кардаанд ва бо “сарҳадбонон даъво кардаанд, ки чарогоҳ дар қаламрави Тоҷикистон аст” ва сипас ба сари онҳо калтаку корд кашидаанд.

Дар посух ба гуфтаи мақомоти Узбекистон, марзбонон маҷбур шудаанд, ки барои ҳимояти худ ба самти шаҳрвандони Тоҷикистон тир андозанд.

Вале дар баёнияи Раёсати марзбонии Тоҷикистон тамоми ин иддаоҳо рад шудааст.

Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки ҳодиса дар чарогоҳ дар дохили Тоҷикистон соати 17:30 сурат гирифтааст. “Дар ин вақт, ду марзбони узбек то 100 метр ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда ва подабонҳои тоҷикро дастгир кардаанд. Вақте онҳо гуфтаанд, ки инҷо қаламрави Тоҷикистон аст ва онҳо ба сардори минтақаи марзӣ хабар медиҳанд, яке аз сарҳадбонон ба хашм омада ва гуфтааст, ки “ҳоло ман ба шумо нишон медиҳам.”

Баъди ин ба гуфтаи раёсат, сарҳадбони узбек аз дурии 3 метр ба самти шаҳрвандони Тоҷикистон тир андохтааст ва Аслиддин Шоимовро куштааст. Бародари ӯ аз дасту пояш тир хӯрда ва зинда мондааст. Ба қавли раёсат ба қаламрави Узбекистон бурдани ҷасади Аслиддин Шоимов ва раҳо кардани ду нафари дигар бо ҳадафи пинҳон кардани “амалкарди ғайриқонунии” марзбонони кишвари ҳамсоя будааст.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар ин баёния мегӯянд, зоҳиран шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми бурдан ба қаламрави Узбекистон зинда буд, зеро ҳамтоёни узбекашон наметавонистанд, чунин зуд ному насаби қурбониро маълум кунанд.

Раёсати марзбонӣ мегӯяд, посбонони сарҳад аз кишвари ҳамсоя бар хилофи меъёрҳои байналмилал, созишномаҳои дутарафа ва тавофуқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Узбекистон дар бораи ҳифзи дӯстиву бародарӣ амал кардаанд. Гурӯҳи марзбонии Узбекистон барои таҳқиқи қазия рӯзи 17-уми апрел ба маҳалли ҳодиса омадааст.

Тоҷикистону Узбекистон бештар аз 1100 километр марз доранд ва сарҳади байни ду кишвар дар самти Турсунзода, аксаран таъйину аломатгузорӣ шудааст.

 

 

Афғонистон: "Модари бомбаҳо" 36 ҷангандаи "ДИ" нест кард

Печать PDF

Вазорати дифои Афғонистон хабар дод, ки бар асари таркиши яке аз бузургтарин бомбаҳои ғайриатомии ИМА дар вилояти Нангарҳор ба камияш 36 ҷангии гурӯҳи ваҳшатафкани «Давлати исломӣ» кушта шудаанд.

Ба ғайр аз ин ду нақби зеризаминӣ, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ нобуд карда шуданд. Ба гуфтаи ҳарбиён, аҳолии осоишта аз таркиши ин бомба осеб надидааст.

Ҳокими вилояти Нангарҳор Гулоб Мангал гуфт, шабакаи нақбҳое, ки аз инфиҷори бомба фурӯ рафт, аз тарафи ҷангиён ҳамчун маҳбас ва макони машваратҳои муҳими ҳарбӣ истифода мешуд.

ИМА бомбаи ғайриҳастаии GBU-43B ё «абарбомба»-ро бори аввал дар соли 2003 озмуданд ва то ин вақт он ягон бор истифода нашуда буд. Нерӯи ин бомба ба 11 тонна тротил баробар буда, масоҳати зарбааш қутри 280 метрро фаро мегирад.

Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфт, ин ҳамла дар ҳамоҳангии пешакӣ бо ҳукумати кишвар ба вуқӯъ пайваст.

ИМА: Бо "модари бомбаҳо" дар Афғонистон зарба зад

Печать PDF

Низомиҳои Амрико дар вилояти Нангарҳори Афғонистон бузургтарин бомбаи ғайриҳастаии ҷаҳонро партоб карданд. Амрико хабар медиҳад, ки бомбаи GBU-43 соати 7:32 дақиқаи вақти маҳалии 13 апрел ба нақби ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дар мавзеи Ачин, дар наздикии марз бо Покистон партоб шудааст.

Адам Стамп, сухангӯи вазорати дифои Амрико мегӯяд, ин нахустин истифодаи низомии бомбаи GBU-43 аст. Ба гуфтаи вай, иқтидори таркиши ин навъи бомб ба ҳисоби тротил 11 тоннa буда, доираи таркишаш 140 метрро дар бар мегирад.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, амалиёти мазкур ҳамоҳанг шуда буд.

GBU-43 – бомбаи ғайриҳастаии авиатсионӣ аст, ки муҳаққиқони нерӯҳои ҳавоии ИМА ибтидои соли 2000-ум ихтироъ карда буданд. Ин навъи бомбаро ҳамзамон "Модари тамоми бомбҳо" меноманд.

Ҳафтаи пеш ИМА пойгоҳи низомии Шайрати Сурияро бомбборон кард. Шаби 7 апрел Амрико бо фармони президент Доналд Трамп 59 мушаки "Томагавк" партоб кард.

Маҳмуди Аҳмадинажод боз президент мешавад?

Печать PDF

 

Маҳмуд Аҳмадинажод, президенти пешини Эрон номзадиашро дар интихоботи навбатӣ пешбарӣ кард. Дар ин бора расонаҳои Эрон хабар медиҳанд.

Аҳмадинажодро ҳангоми сабти ном дар ситоди вазорати корҳои дохилии Эрон 12 апрел мушовираш Исфандиёр Раҳим Машшоӣ ва Ҳамидризоӣ Бақоӣ, ки дар замони роҳбарии Маҳмуд Аҳмадинажод, мақоми ноиб-президентро бар уҳда дошт, ҳамроҳӣ карданд.

Оятулло Алии Хоманаӣ, роҳбари маънавии Эрон дар гузашта аз Аҳмадинажод хоста буд, ки номзадиашро пешбарӣ накунад. Аҳмадинажод аз соли 2005 то 2013 президенти Эрон буд. Ҳасани Руҳонӣ ӯро дар ин мақом иваз кард.

Сабти номи номзадҳо барои ширкат дар интихоботи президентии Эрон 10 апрел шуруъ шуд. Ҷараёни сабти ном то 15 апрел идома мекунад. Рӯйхати комили номзадҳо 26-27 апрел эълон хоҳад шуд.

Интихоботи 12-уми президентии Эрон 19 май дар назар аст.

363 миллион доллари СММ ба Тоҷикистон

Печать PDF

ЮНДАФ, Барномаи қолабии Созмони милали муттаҳид оид ба дастгирии рушд барои панҷ соли оянда ба Тоҷикистон 363 миллион доллар ихтисос медиҳад. Ин нукта имрӯз, 11 апрел дар дидори раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари нави Барномаи рушди СММ Пратибҳа Меҳта таъкид шудааст.


Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Душанбе ва Барномаи рушди СММ баррасӣ гардид. Ба иттилои манбаъ, хонум Меҳта барои ташаббусҳои ҷаҳонии Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра баҳои баланд дода, “мавқеи устувор ва нақши пешсафию пешоҳангии Сарвари давлати Тоҷикистонро дар татбиқи барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид махсус қайд кард”.

Гуфта шудааст, феълан, дар Тоҷикистон 23 бунёд, барнома ва муассисаҳои махсуси СММ амал мекунанд ва меҳвари фаъолияти онҳоро татбиқи лоиҳаву барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии ба таъмини рушди дарозмуддату устувори кишвари мо нигаронидашуда, ташкил медиҳад.

“Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар самти татбиқи Стратегияи миёнамуҳлату дарозмуддати рушди миллии Тоҷикистон барои давраҳои то солҳои 2020 ва 2030, инчунин дар самти амалигардонии ҳадафу вазифаҳои иқдомҳои глобалии марбут ба оби Тоҷикистон - “Даҳсолаи байналмилалии амал: Об барои рушди устувор” барои давраи солҳои 2018-2028-ро дастгирӣ хоҳад намуд. Татбиқи ин барномаҳо беҳдошти шароити зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист, таъмини дастрасии васеи ҳамагон ба нерӯи барқ ва пешгирии пайомадҳои офатҳои табиии вобаста ба обро дар бар мегирад”,-афзуд манбаъ.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, дар робита ба вазъи ногувори обхезӣ, селу ярч ва тармафароӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар, ки ба талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моливу моддӣ боис мегардад, таклиф карда шуд, ки нисбат ба пешгирии офатҳои табиӣ сиёсати таҳкими иқтидори миллӣ таҳия ва татбиқ карда шавад.

Страница 2 из 3

Суроғаи мо:

Joomla ru