Пайк

ХАБАРҲО

Ҷазои мансабдорони тоҷик барои пинҳон кардани душаҳрвандӣ

Печать PDF

 

 

 

 

Шахсоне, ки мехоҳанд, дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон соҳиби кор шаванд, дар сурати пинҳон кардани душаҳрвандиашон, муҷозот хоҳанд шуд. На танҳо муҷозот, балки мансабдороне, ки душаҳрвандиро пинҳон мекунанд, аз кор ронда мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, 10 апрел дар ҷаласаи Шӯрои порлумон лоиҳаи қонуни “Ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” баррасӣ шуд ва дар ин санад банди наве дар мавриди таъйини ҷазо барои чунин ашхос ворид гашт.

Ин манбаъ афзуд, ба моддаи 501-и Кодекси “Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” банди нави “Пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар” илова шудааст, ки тибқи он, афроди муҷрим ба миқдори аз 20 то 30 нишондиҳанда (аз 1000 то 1500 сомонӣ) ҷарима хоҳанд шуд.

Зимнан, бар асоси тағйиру иловаҳо, ки рӯзи 2 ноябри соли гузашта порлумон ба ду қонун “Дар бораи хидмати давлатӣ” ва “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон” ворид кард, аз ин баъд танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ҳаққи фаъолият дар сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои Кумитаи давлатии амнияти миллиро дошта бошанд.

Тоҷикистон танҳо бо Русия созишномаи ҳаққи душаҳрвандиро бастааст ва тасмими ахир барои манъи кори шахсони дорои шаҳрвандии иловагӣ ба ҷуз Тоҷикистон, марбути онҳо мешавад.

 

 

Вохӯрии сарони Олмон ва Туркия

Печать PDF

Канслери Олмон Анжела Меркел рӯзи гузашта бо сафари расмӣ ба Туркия омад. Ҳадаф аз ин сафар якҷо бо президенти Туркия Раҷаб Тойиб Эрдуғон ҳалли масоили гурезагон ва озодии баён дар ин кишвар будааст. Ин аввалин сафари расмии як шахси воломақом ба Туркия аст, баъди балвои ҳарбиён ва ба маҳбас кашида шудани ҳудуди 25 000 гумонбари турк. Алҳол ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гуфтушуниди ҷонибҳои даргири Сурия бояд идома дода шавад.

Путин дар Маҷористон

Печать PDF

Президенти Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Маҷористон (Венгрия) омад. Ҳадаф аз ин сафар мустаҳкам кардани равобити иқтисодии ду кишвар будааст. Президенти Маҷористон Виктор Орбан зимни вохӯрӣ бо Путин иброз дошт: «таҳримҳои сиёсиро алайҳи Русия ҷонибдорӣ намекунад. Масоили сиёсиро тавассути таҳримҳои иқтисодӣ ҳал кардан нашояд.»

Ин дар ҳоле, ки ба ҳуҷҷати Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия Орбан ҳам имзо гузоштааст.

Дар ин вохӯрӣ Путин масъалаи идомаи сохтмони нерӯгоҳро дар Маҷористон мавриди баррасӣ қарор дод. Гуфт, агар Маҷористон иҷозаи идомаи сохтмонро аз Иттиҳоди Аврупо гирад Русия омодааст сохтмони нерӯгоҳро идома диҳад.

Дар ҳамин маврид  ҳудуди 3 ҳазор нафар тазоҳуротчиён ба майдони марказии шаҳри Будапешт баромада, алайҳи сафари Путин ба ин мамлакат эътироз баён карданд.

Иштирокчиёни ин ҳамоиш Путинро террористи №1 номиданд.

Трамп ба Исроил омад

Печать PDF

 

 

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп имрӯз бо сафари расмӣ ба Исроил омад. Ҳадаф аз ин сафар ҳалли масоили печида дар мавриди сохтмони манзилҳои зист аз ҷониби давлати Исроил дар заминҳои баҳсии Фаластин ва кӯчонидани сафоратхонаи Амрико ба Доруссалом аст. Ногуфта намонад, ки ин сарзаминҳоро Исроил дар охири солҳои 40-ӯми асри гузашта ишғол карда буд. Қаблан ин заминҳо мутаалиқ ба давлати Фаластин буданд. Доруссалом ҳам, ки қиблаи якуми мусалмонон бо номи Байтулмуқаддас дар ҳаминҷо аст аз шумори заминҳои баҳсӣ аст.

Шаҳрвандони Бангладеш...

Печать PDF

Шаҳрвандони Бангладеш дар марзи Тоҷикистон чӣ мекобанд?

7 шаҳрванди Бангладеш дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ҳангоми ғайриқонунӣ убури марз аз тарафи марзбонони отряди сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт гардиданд.

Насимҷон Носиров, муовини фармондеҳи қисми ҳарбии 2133-и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ, рӯзи 27 январ дар нишасти хабарии раиси ҳукумати ноҳия гуфт, ки ин афрод ҳангоми кӯшиши убури марз ба тарафи Афғонистон боздошт шуда, ҳоло нисбат ба онҳо тафтишот оғоз гардидааст.  Сарҳадшиканон мехостанд аз марзи Тоҷикистон гузашта ба ҷангҷӯёни Афғонистон  бпайванданд", - гуфт Насимҷон Носиров ва афзуд: "баррасии парванда дар дасти масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст" ва дар сурати таъйиди айбашон аз тарафи додгоҳ ба ҳар кадоме аз онҳо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Инчунин Насимҷон Носиров қайд кард, ки бори аввал нест, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон боздошт мешаванд. Тобистони соли 2014 як шаҳрванди Ироқ ҳангоми убури марз аз сӯи мақомоти амниятии тоҷик боздошт шуда буд. Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ он замон дар деҳаи Ғалабаи ноҳияи Фархор шаҳрванди Ироқ Абдуллоҳ ибни Аҳмад ал-Арабияро ҳангоми убури марзи давлатии Тоҷикистон боздошт карда буданд.

Ошкору боздошти 50 кило нашъа дар оғози соли 2017

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар оғози соли 2017 аллакай чанд ҳодисаи қочоқи маводи мухаддирро ҳам ошкор кардаанд. Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Саидқул Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ ду сокини шаҳри Кӯлоб бо 50 кило маводи мухаддир ва як силоҳ дар як амалиёти моҳи январ боздошт шуда, чор қочоқбари афғон дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ безарар карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар 11 моҳи соли 2016 дар ҳудуди ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистон 583 кило маводи мухаддир мусодира шуда, 14 қочоқбар ҳангоми кӯшиши ворид шудан ба хоки Тоҷикистон ва задухӯрди мусаллаҳона нобуд гардидаанд. Илова бар ин, 12 шаҳрванди Афғонистон, ки ба корҳои хоҷагидорӣ дар хатти сарҳад машғул буданд, аз сӯи сарҳадбонони тоҷик боздошт ва тибқи созишномаи байни Тоҷикистон ва Афғонистон ба намояндагони сарҳадбонони афғон таслим карда шудаанд.

М. Раҳматов

Страница 3 из 3

Суроғаи мо:

Joomla ru