Пайк

ХАБАРҲО

ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ИТТИҲОДИ МАРДУМ ВОБАСТА АСТ

Печать PDF

Мавҷудияти аҳзоби сиёсӣ ва матбуоти озод дар дилхоҳ ҷомеа омилҳое мебошанд, ки мавҷудияти демократияро собит месозанд. Рукнҳои исботи демократия зиёданд, аммо ду омили номбаршуда фишанге мебошанд, ки мамолики абарқудрати ҷаҳон тавассути онҳо демократияи ин ё он мамлакати рӯ ба тараққиро баркаш мекунанд. Мутаассифона исботи демократӣ будан, барои мамолики дар ҳоли рушд қарор дошта дар назди моликони дунё, ки азимтаринашон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Федератсияи Руссия мебошанд, барои рушди минбаъда муҳим аст. Моликон бошанд, ҳамвора мекӯшанд, ки мамолики дигари ҷаҳон бо роҳи нишондодаи онҳо рушд кунанд. Яъне зери нақораи онҳо бирақсанд. Дар фарҷоми мақола ба идомаи талаққии ин афкор дубора бар мегардем.

Солиёни зиёд абарқудратон кӯшидаанд зимоми мамолики камқудраттарро дар дасти худ нигоҳ доранд. Демократияи ғарбӣ бошад, зери асбоби сайқали онҳо ба тариқи дилхоҳ суфта гаштааст. Моликон Чин ва Ирон барин мамлакатро чашми дидан надоранд, чунки ин ду саркаш демократияи онҳоро қабул надоранд, яъне зери навои нақораи онҳо рақсидан намехоҳанд. Мутаассифона, Тоҷикистон барин мамлакати дар нисбати онҳо камқудраттар барои худ чунин зиннатро раво дида наметавонад. Усулан ҳамаи Ҷамоҳири Осиёи Миёна ва як қатор мамлакатҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин заъфро дороянд. Заъфи онҳо баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан, зоҳир гашта.

То фурӯпошии Шӯравӣ, ки масоҳаташ сеяки ҷаҳонро ташкил медоду саркаши рақами як барои «демократхоҳон»- и  Ғарб маҳсуб мешуд, Амрико қариб нисфи Аврупо, як қисмати бузурги Осиё ва Амрикои Ҷанубиро «демократия» омӯзонида, ба доми худ кашид. Дар ин миён демократия омӯзонидани мамолики Араб барои Амрико ниҳоят гарон афтид, чунки дини пурқуввати Ислом садди бузург шуд дар роҳи демократикунонии Арабистони Саудӣ. Аморати Муттаҳидаи Араб бошад аз маркази қудрати беҳамтои  Ислом- шаҳрҳои Макка ва Мадина, ки дуртар буд, батадриҷ тавассути фурӯши нафт, ғайрирасмӣ таҳти тасарруфи сиёсати Амрико даромад. Чун Амрико роҳро барои шайхони соҳибмулки конҳои нафти Аморат барбаст, онҳо маҷбур шуданд, ба ӯ итоат карда, аз фурӯши нафт фоидаи камтар бардоранд ҳам, мусолиҳа карда, осӯдаҳолона умр ба сар баранд. Дар Афғонистон ва Ироқи исломӣ низ абарқудрат метавонад фақат табақаи дорои ин мамоликро, ки барои сарват ва ҳокимият тайёранд мардуми худро бифурӯшанд, таҳти тасарруф дароранд. Мардуми оддии мусалмон бошад ҳеҷ гоҳ демократияи онҳоро қабул нахоҳанд кард. Муқовимати онҳо алайҳи Амрико то хориҷ шудани ғосиб идома хоҳад ёфт. Чун саҳафоти таърихи ин ду мамлакати исломиро варақгардон кунем, ин ҳақиқат ошкор мегардад. Тӯли таърихи куҳан ин мардум ҳеҷ гоҳ бо ғосибон мусолиҳа накардаанд. Онҳо лаззати мубориза бо аҷнабиёнро ба дигар неъматҳои илоҳӣ иваз нахоҳанд кард.

Тасарруфи Осиёи миёна саҳлтар аст

Бо зери тасарруф даровардани нисфи ҷаҳон, Амрико ниҳоят имкон пайдо карда, рахна дар иттиҳоди Шӯравӣ зад. Яъне қисмат карда кӯшиши ҳукм рондан кард. Ҳамакнун мусобиқаи ду абарқудрат баҳри ба даст овардани нуфуз дар кишварҳои мустақилгаштаи Шӯравӣ оғоз шудааст. Чун нек назар афканем дар ин мубориза ҳиссаи шерона насиби гурги борондида ва дар ин кор таҷрибаи бештар андӯхта- Амрико гаштааст. Таљаммуи терористони писари угайи Амрико ва Русия дар Афѓонистон натиљаи раќобати ин ду абарќудрат аст.  Ҷумҳуриҳои Кавказ ва як қисми ҷамоҳири Осиёи Миёна, ки замони Шӯравӣ дар итоати Руссия буданд, назар ба хоҷаи пештараашон бештар майл ба Амрико доранд, чунки баъди фурӯпошӣ, Руссияи нисбатан заиф натавонист дар қиболи Амрико истодагарӣ намуда, нуфузашро дар ин ҷамоҳир нигоҳ дорад. Ҷумҳуриҳои атрофи баҳри Балтик бошанд ҳанӯз дар оғози рахнаи Иттиҳоди Шӯравӣ аз дасти Руссия рафта буданд. Ҳамакнун, ки Руссия нисбатан пурқувваттар гаштааст дар роҳи мубориза баҳри зери тасарруф даровардани ҷумҳуриҳои мухталиф гомҳои устувор гузошта истодааст. Яъне бо усули нав ё худ ваъдаи худмухторӣ,  дақиқтар, ташкили Ҷамоҳири Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, нуфӯзи аздастрафтаашро баргардонидан мехоҳад. Диктатура ё худ яккаҳокимиятӣ, дар ин ҷамоҳир мутобиқи дархости Руссия ва ба манфиати ӯст. Дар ин сурат чун зимоми мамлакат дар дасти як кас аст, тасарруфи он бамаротиб саҳлтар мегардад. Чун дар ҷумҳурии Қирғизистон парлумон бар хилофи дархости Руссия пурқудраттар гашт, ин ба манфиати Руссия набуд. Кӯшишҳои хоҷаи қаблӣ баҳри барпой мондани президенти ин мамлакат, диктатор дар либоси демократия - Аскар Акаев, то андозае барбод рафт. Тахмин меравад ин маънии муваффақияти Амрикоро дошт дар ин ҷумҳурӣ.  Аммо низоъ на бе дахолати ду абарқудрат барангехта шуд. Амрико бошад дар қиболи Руссия демократияро гузоштааст. Маҳз ҳамин мафҳумро дастак карда ба Ироқ ва Афғонистон лашкар кашид. Ҳамакнун мубориза баҳри дарёфти нуфӯзи бештар дар ин ҷумҳурӣ, мисли ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Миёна, идома дорад. Чун ҳарду мубориз қудрати зиёд доранд, оқибати ин муборизаи, алҳол сиёсӣ, пешгӯинашаванда аст. Хирадмандии сарварони ин ҷамоҳир он вақт собит мешавад, ки аз миёни ин ду аждаҳо бо ҷароҳати камтар вораҳанд. Аммо яккаҳокимиятӣ маънои масъулиятро бар дӯш гирифтани  як касро дорад, ки бо чунин роҳ халосӣ аз ин варта бамаротиб мушкил мешавад. Агар ба ҳамин ҳам нигоҳ накарда, муъҷизае пеш ояду ин як нафар ҷумҳурияшро аз ин мушкил берун кашонда тавонад, номи ин як роҳбар дар саҳафоти таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Бедодгарии нерўњои терористии ДИИШ ва гурўњњои дигари ба он содиќу душман алайњи њукумати Башор Асади содиќ ба Русия дар Сурия идомаи бозињои сиёсии Русия ва Амрико аст.

Тоҷикистон дар байни ду аждаҳо

Ҳамаи  ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, ки даъвии соҳибмухторӣ доранд, ба истиснои Туркманистон, тахмин меравад, бештар майл ба Амрико доранд. Лофи истиқлолият задан бошад маънии аз худ дур кардани Руссияро дорад. Амрико, ки  баъди фурӯпошии Шӯравӣ вақтро ғанимат шуморида, ба ин мамолик сар халондааст, дар ин миён фурсати ба даст гирифтани зимоми ин ҷамоҳирро тавассути садҳо ташкилоти ба истилоҳ ғайриҳукуматӣ, дарёфтааст. Ба истиснои Туркманистон, ду ҷумҳурии дигар Қирғизистон ва Узбакистон истиқлолият эълом дошта, дар қиболи ду аждаҳои абарқудрат мусолиҳаро авло донистаанд. Яъне ба ҳарду ваъдаи ҳамкории баробар медиҳанд. Тоҷикистон бошад, дурӯягӣ накарда якбора эълом дошт, ки Руссияро шарики стратегии худ меҳисобад. То кадом андоза ин роҳ дуруст ва ё нодуруст аст, алҳол касе намедонад. Сиёсатмадорон оқибати инро фақат тахмин мезананд. Қисмате аз онҳо бар ин ақидаанд, ки Амрико ин густохии Тоҷикистонро ҳеҷ гоҳ бахшида наметавонад. Садҳо ташкилоти амрикоӣ дар Тоҷикистон бомуваффақият фаолият доранд, ҳазорҳо шаҳрванди кишвар бевосита аз кӯмакҳои ташкилотҳои хориҷӣ аксаран, амрикоӣ, бархӯрдор гаштаанд. Ба замми ин тӯли 17 соли истиқлолият ба мамолики хориҷӣ даст дод, ки Тоҷикистонро садҳо миллион доллар қарздор намуда, як дараҷа зимоми ихтиёрашро ба даст бигиранд. 520 милён доллари қарзи хоҷагиҳои кишоварзии сартосари кишвар аз ин шумӯл аст. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки ғарб ҳеҷ гоҳ намехоҳад Тоҷикистон ин қарзҳои  ҳангуфтро ба осонӣ пардохт намуда, бо ҳамин аз ин дом вораҳад, балки бар онанд, ки тавассути ин қарз мудом Тоҷикистонро забонкӯтаҳ нигоҳ доранд. Чуноне, ки қайд кардем Руссия низ дар Тоҷикистон манфиатҳои худро ҷӯё аст, балки ин кишварро моли худ меҳисобад.

Таъсири Руссия ба Тоҷикистон хело бештар аз таъсири Амрико аст. Қариб ҳамаи таҷҳизоти корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт, коммуникатсия, умуман кулли иншооти ҳаётан муҳими кишвар замони Шӯравӣ, аслан бо кӯмаки Руссия ва бо таҷҳизоти истеҳсоли корхонаҳои он кишвар сохта шудааст. Ба замми ин иншоотҳои бузурги тақдирсози кишвар аз қабили корхонаи алюминиум, нерӯгоҳҳои Норак, Роғун ва Сангтуда бо исми Руссия тавъам аст. Корхонаи истеҳсоли ураниуми шаҳри Чкаловски собиқ вилояти Ленинобод то ҳанӯз ба пуррагӣ моли Тоҷикистон нагаштааст. Пойгоҳи низомии  шарики стратегӣ дар кишвари мо исботи он аст, ки нуфӯзи Руссия дар Тоҷикистон хело бештар аз Амрико аст.  Омили дигар нуфузи волои забони русӣ дар Тоҷикистон аст, гарчанде, ки омӯзиши забони англисӣ ба таври назаррас мақоми хосса касб карда истодааст. Омӯзиши забони англисӣ дар Марказҳои Амрикоии сартосари ҷумҳурӣ исботи дигари ин далел аст. Яъне Амрико вазъиятро ақаллан дар ин самт ба манфиати худ анҷом дода истодааст.

Аз ин лиҳоз, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлати Тоҷикистон низ тақозои замон  аст. Хирадмандии Пешвои миллати мо асосгузори сулњу вањдат, Президенти кишвар мўњтарам Эмомалї Рањмон ҳам дар ҳамин аст, ки бо ҳарду то андозае мусолиҳа карда тавониста истодааст. Тољикистон тули 27 соли истиќлолият ба даст овардан на танњо дар фазои сулњу осоиштагї ба сар бурд, балки ба таври бесобиќа рушд кард. Манфиатҳои яке аз ин ду абарқудрати манфиатхоҳро ба инобат нагирифтан оқибати хатарбор дорад. Ин аст ки истиқлолияти воқеии Тоҷикистон фақат баъди ворастан аз таъсири ин ду манфиатҷӯ рӯи кор омада метавонад. Яъне бидуни манофеи ин ду абарқудрат на Тоҷикистон ва на ҷумҳурии дигари Осиёи Миёна «ман»-и худро дошта наметавонад. Барои «ман»-и худро молик шудан истиқлолияти иқтисодӣ ва ҳарбӣ лозим аст, ки дар марҳилаи кунунии рушд гумон аст, ки ба касе аз ҷамоҳири ёдрасшуда даст диҳад. Ин маънои онро дорад, ки масъулияти ба дарозо кашидани ворастан аз бунбастҳои иқтисодию сиёсӣ на танҳо бар дӯши роҳбарияти вақти ин кишварҳо вогузор аст. Яъне сабук ҷаста аз бунбасти иқтисодию сиёсӣ берун шудан танҳо ба роҳбарияти кишвари мо вобаста нест, ки нест!!!.

Ҷанги таҳмилии солҳои навадӯми асри гузаштаи Тоҷикистон, низоъҳои пайдарпаи Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон, ҷумҳуриҳои Қафқозу Укроин натиҷаи беэҳтиётии роҳбарияти вақти ин мамолик ва ғазаби абарқудратони манфиатхоҳ буд. Ин таҷрибаи талх собит сохт, ки каме беэҳтиётии роҳбарияти ин мамолик, алалхусус Осиёи Миёна, ки президентони онҳо дар қабули тасмимот пурра худмухтор ҳастанд, барои ҷумҳуриҳояшон метавонад хело риққатбор анҷом пазирад.

Роҳи раҳоӣ дар чист?

Дар чунин вазъияти  ҳассос барои Тоҷикистон барин мамлакати кӯчак  ва дар минтақа аз лиҳози нажодӣ танҳомонда пеш аз ҳама иттиҳоди нерӯҳои дохилӣ лозим аст. Дар њоле, ки нерўњои иртиљої аллакай бо куштани сайёњони хориљї дар ноњияи Данѓара ба давлат ва миллат дандони тез нишон доданд иттињоди њама нерў ва табааи дохилї лозим аст.

Чун нек бингарем, мебинем, ки террористон назар ба яроќ зарбаи сахттар тавассути иттилоъ ба њадафњои худ мезананд. Яъне собит месозанд, ки наќши Васоити Ахбори Омма дар ањди рушди техникаи иттилоърасонии муосир барои њимояи мо ва дањшатафкании душманон наќши њалкунанда бозида метавонад. Аксарияти љавонони кишварро идеологњои њатто тупойи террористон тавассути интернет аз роњ бароварданд. Дар љумњурї бошад, ягон масъул ягон расонаи мустаќилро ба таври расмї алайњи нерўњои иртиљої сафарбар накард. Куљо расад ба таъмини ВАО-и озод бо таљњизот, маблаѓ ё њатто интернети ройгон.

Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки масъулини алоњида дар ҳукумати Ҷумҳурӣ нақши тақдирсози Васоити Ахбори Оммаро то ахир эҳсос накардаанд. Дуруст аст, ки Пешвои миллат таи чанд соли ахир кӯшишҳои зиёд баҳри рушди ВАО карда истодааст, аммо нофаҳмиҳои масъулини ҳукуматҳои дур аз марказ садди бузург гаштаанд дар роҳи татбиқи ин тасмимот. Нигаронкунанда аст, ки то ҳанӯз матбуоти озоди кишвар ҳамчун писари угай қабул карда мешавад.

Масъулин фаромӯш кардаанд, ки дар иттиҳоди ҳамаи нерӯҳои мавҷуда, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, маҳз матбуоти озод метавонад ҳиссаи шерона дошта бошад. Маҳз бетеваҷҷӯҳӣ сабаб гаштааст, ки ҳатто матбуоти озоду зиндаи кишвар натавониста истодааст халои иттилоотиро пур созад. Аксарияти зиёиёни мо аз саҳафоти интернет суроғаҳои матбуоти зидди давлатиро ҷӯё гашта, дар вазъияти қулай ва маҳрамона мӯҳтавои онро ба дигарон мерасонанд, ки оқибати хуб нахоҳад дошт.

Яъне кишвар дар байни ду аждаҳои дижам қарор дошта бошад ҳам, мо муноқишаи байниҳамдигариро дар заминаи маҳалгароӣ, мансабталошӣ, тақсими амволи дохилӣ, тарк карда наметавонем. Шояд ин сиёсати махсуси яке аз манфиатхоҳон аст?

Баҷои он, ки ҳама   созмону ташкилотҳои ватанӣ муттаҳид гашта роҳҳои ба даст овардани истиқлолияти воқеиро ҷӯё бошанд , байни худ муноқиша мекунанд. Дар хориҷи кишвар  бошад зиёиёни тоҷики аз ҳукумат ранҷида, баҳри ба аҳдофи нопоки худ расидан фитнаи нав эҷод мекунанд.

Коршиносон бар онанд, ки то иттиҳоди воқеии тамоми тоҷикони дохилу хориҷ ба даст наояд, ситораи бахти ин миллат ба таври бояду шояд нахоҳад дурахшид ва Тоҷикистон дар байни ду аждаҳо ва дар доираи газанди  бадхоҳони ҳамсоя боқӣ хоҳад монд. Таљаммуи гурўњњои террористии бадхоњ исботи ин гуфтањост.

Аҳмади Иброҳим

Нуриддин Раҳмонов даргузашт

Печать PDF

Нуриддин Раҳмонов, бародари калонии президенти Тоҷикистон ва раиси хоҷагии “Раҳмонҷон” дар ноҳияи Данғара, дар 67-солагӣ даргузашт. Ҳукумати Тоҷикистон дар як эъломия гуфт, ки Нуриддин Раҳмон рӯзи 7-уми октябр бар асари сактаи қалб ҷон дод ва ба раиси ҷумҳуру пайвандонаш изҳори таслият кард.

Ҳоло барои гӯру чӯби Нуриддин Раҳмон як комиссия таъсис шудааст. Ба ҳайати комиссия намояндагони ҳукумати вилояти Хатлон, нозирони роҳ ва кормандони пулис шомиланд.

Нуриддин Раҳмон соли 1950 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кор кардааст. Баъдан, ӯ роҳбарии хоҷагии деҳқонии "Раҳмонҷон"-ро ба ӯҳда дошт.

Аҳли эҷоди ҳафтавори «Пайк» ба Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати марги нобаҳангоми бародари гиромиашон Нуриддин Раҳмонов таъзия баён мекунад. Аз Худои муттаъол илтиҷо  дорем, ки барои Ӯ ва фарзандону аҳли байти майит сабри ҷамил ато фармояд. Илоҳо рӯҳаш шод ва хонаи охираташ обод бошад.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун.

Куриё ба ҷанг алайҳи Амрико тайёрӣ мебинад?

Печать PDF

Президенти Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ын суханронии президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трампро дар бораи нобуд сохтани Куриё ҳамчун эълони ҷанг қабул кард. Дар ин бора дар Оҷонсии Иттилоотии давлатии СТАК-и Куриё хабар додаанд.

«Бо сабаби он, ки Трамп алайҳи давлати мо ба таври хеле шадид ҷанг эълон кард, мо ҳам шадидан ба ин ҷанг тайёрӣ мебинем. Мўйсафедаки девонаи амрикоиро ман тавассути оташ ром мекунам»- гуфта мешавад дар ин хабар.

21 сентябр вазири корҳои хориҷии Куриё Ли Ён Хо, ки барои иштирок дар ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид омада буд, баромади Трампро ҳамчун «ҷакиши саг» маънидод кард.

19 сентябр Трамп аз минбари СММ ваъда дод, ки «Куриёи Шимолиро пурра нобуд месозад.»  Бино бар гуфтаи Трамп ИМА роҳи дигаре надорад, агар ақли Пхенян ба ҷояш надарояд. Ким Чен Ын худ ва ҳукумати худро ба худкушӣ мерасонад-гуфт Трамп.

Манзури Трамп аз «ба ҷояш даромадани ақли Пхенян» қатъи озмоиши мушакҳои ҳастаӣ аст аз ҷониби Куриё.

 

Парвандаи гаравгонгирии сарбоз мӯҳри махфӣ гирифт

Печать PDF

Додситонии ҳарбии шаҳри Хоруғ нисбат ба ҳодисаи гаравгонгирии як “прапоршик”-и қисми низомӣ ва кушта шудани сарбози гаравгонгир дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон парванда боз карда, таҳқиқро идома медиҳад. Ин ҳодиса рӯзи 25-уми августи имсол рух додааст.

Масъулони Додситонии ҳарбии шаҳри Хоруғ рӯзи 5-уми сентябр гуфтанд, ки ба ин парванда "мӯҳри махфӣ" зада шудааст ва ба хотири берун нарафтани сирри тафтишот оид ба ҷузъиёти ин қазия намехоҳанд шарҳи бештар диҳанд.

Мақомот мегӯянд, сарбози қисми ҳарбии сарҳадбонӣ Сафарбек Хонов рӯзи 25-уми август пас аз тақрибан се соати гаравгонгирии як “прапоршик”-и қисми низомӣ дар ҳудуди деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кушта ё ба истилоҳи тафтишот безарар гардонда шудааст.

Маълум нест, ки гаравгонгирии “прапоршик” ва тафсилоти куштори ӯ баъдан чӣ гуна сурат гирифтааст. Баъзе манобеъ мегӯянд, Хонов бо худ норинҷак ҳам дошт, вале тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад. Ин манбаи огоҳ аз ҳодиса, аз ҷумла гуфт, “тақрибан се соат бо ӯ аз масофаи дур барои таслим шудан ва раҳо кардани “прапоршик” гуфтугӯ сурат гирифт, аммо сарбоз на танҳо таслим нашуд, балки ба сӯи дигарон низ тир холӣ кард. Маҷбур шуданд, ки ӯро безарар гардонанд.”

Идибек Хонов, падари сарбози кушташуда мегӯяд, ба тафсилоти марги писараш бовар надорад. Ӯ гуфт, фарзандашро водор кардаанд, ки даст ба чунин амал занад: “Бовар надорам, ки фарзанди ман чунин амали ношоиста карда бошад. Барои ҳамин, ба созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” муроҷиат кардам, ки маро бо адвокат таъмин намоянд. Ба додгоҳ нисбати ба ҳалокат расидани фарзандам дар қисми ҳарбӣ шикоят мебарам. Мехоҳам ҳақиқатро фаҳмам”.

Парвандаи хешовандони Гулмурод Ҳалимов ниҳоӣ шуд

Печать PDF

 

 

 

Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаи се хеши сардори пешини ОМОН-и кишвар ва "вазири ҷанг"-и гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) Гулмурод Ҳалимовро ба поён расондааст, ки дар кӯшиши фирор ба Афғонистон барои пайвастан ба сафи ДИ айбдор мешаванд.

Алӣ Ҳалимов - бародарзода, Комил ва Назир Ҳалимовҳо - бародарони Гулмурод Ҳалимов шаби 5 июли соли равон дар натиҷаи як амалиёти кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ, ҳаммарз бо Афғонистон боздошт гаштанд.

Чаҳор нафари дигар -- бародари 53-сола ва бародарзодаи дигари Ҳалимов -- Султонмурод ва Фозил Ҳалимовҳо ҳамроҳи ду ҳамсояашон - Афзал Абдурашидов ва Насим Раҳматов ба кормандони пулис муқобилият нишон дода, дар натиҷа кушта шуданд.

Ба гуфтаи мақомот, бародарони Ҳалимов мехостанд, ба Афғонистон фирор кунанд ва дар он тарафи дарёи Панҷ ҷангиёни ДИ онҳоро мунтазир буданд. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ гуфт, Насим Раҳматов ба воситаи як узви ДИ бо сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон пайваста дар тамос будааст.

Мақомоти махсуси кишвар мегӯянд, Ҳалимов ҳамчунин бо бародараш Назир тамос доштааст. "Ба Назир нигоҳубини хонаводаашро таъкид карда ва мегуфтааст, ки вақте супориш дод, аҳли оилаашро ба Афғонистон интиқол диҳанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Вазорати дифои Русия 8 сентябр хабар дод, ки Гулмурод Ҳалимов дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавопаймоҳои ин кишвар дар минтақаи Дайр-уз-Зори Сурия кушта шуд. Нирӯҳои Русия як ҷаласаи фармондеҳони ДИ-ро дар Дайр-уз-Зор ҳадаф қарор доданд, ки дар онҷо “вазири ҷанг” Гулмурод Ҳалимов низ ҳузур доштааст.

Президент ба раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон танбеҳ дод

Печать PDF

Дар баъзе расонаҳои иттилоотӣ ибтидо аз рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ таҳти унвони "Баромади ансамбли дойранавозон боиси аз вазифа сабукдӯш гардидани раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Хуросон гардид" ба нашр расид. Атрофи ин мавод фикру мулоҳизаҳои нодуруст, аз ҳақиқат ва асли воқеа дур дарҷ гардиданд.

Сараввал бояд зикр кард, ки сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагӣ ва мулоқоти ошкоро бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат сурат мегирад, на барои баҳодиҳии сатҳи маросимҳои истиқбол, ки мардум аз сари сидқу вафо ва самимият Пешвои худро истиқбол мегиранд. Дар натиҷаи гузаронидани тафтиши хизматӣ муайян карда шуд, ки зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ягон эрод ё изҳори норозигӣ нисбати фаъолияти гурӯҳи зикргардида нашуда буд. Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода дар баробари дигар камбудиҳо Саломова Зиёда Алматовнаро дар таърихи рӯзи 11.08.2017 аз вазифа сабукдӯш намудааст. Новобаста ба ин, Саломова Зиёда ба вазифаи пешинааш барқарор гардида, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.08.2017 ба раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш "танбеҳ" дода шуд.

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» амр медиҳам:
Ба раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш танбеҳ дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 августи соли 2017
№АП-932

Додгоҳи олӣ ду корманди собиқӣ корупсияро ба 10 соли зиндон маҳкум кард

Печать PDF


Додгоҳи олии Тоҷикистон муовини пешини раиси Оҷонсии назорати молию мубориза бо коррупсияи кишвар Давлатбек Хайрзода ва муовини раиси гумруки шаҳри Хуҷанд Фаридун Беназирзодаро 10 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Фаридун Беназирзода дар гузашта сардори пешини шуъбаи тафтишотии раёсати Оҷонсии зиддифасод буд.

Наздикони Хайрзода 1 август гуфтанд, ки ҳукми Додгоҳи олӣ рӯзи панҷшанбе, 27 июл содир шуд. Хайрзода ва Беназирзода бар пояи банди 319 (пора гирифтани шахси мансабдор дар ҳаҷми калон)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор эълом шудаанд.

Баррасии парвандаи кормандони дигари боздоштшудаи оҷонсӣ дар додгоҳ идома дорад. Мурофиаи нахустини ин афрод 19 июл дар Додгоҳи олии кишвар пушти дарҳои баста оғоз шуда буд.

Дар курсии айбдорӣ, ҳамроҳ бо кормандони Оҷонсии зиддифасод 3 корманди Хадамоти гумрук ва Додситонии кулли Тоҷикистон низ нишастаанд, ки қаблан корманди оҷонсӣ буданд.

"Ғаффор - Седой" гуруснашинӣ эълон кард

Печать PDF

Ғаффор Мирзоев, яке аз генералҳои бонуфӯзи замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо ҷурми кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд, ба нишони эътироз алайҳи бозбинӣ нашудани парвандааш даст ба гуруснанишинӣ задааст.

Оиша Мирзоева, хоҳари калонии Ғаффор Мирзоев гуфт, рӯзи чоршанбе аз маҳбас занг заданд ва хабари гуруснанишинии ӯро расониданд.

Оиша Мирзоева мегӯяд, бародараш ба нишони эътироз алайҳи бозбинӣ нашудани парвандааш, даст ба гуруснанишинӣ задааст. Ғаффор Мирзоевро ба утоқи танҳоӣ бурдаанд ва феълан дар ҳамон ҷо нигаҳдорӣ мешавад.

Ба гуфтаи Оиша Мирзоева, бародараш ба ин бовар аст, ки номаҳояш ба раиси ҷумҳур ва Дастгоҳи раёсати ҷумҳур намерасанд, вагарна бархӯрд ба ӯ бояд дигар мешуд.

​Оиша Мирзоева мегӯяд, ки "Ғаффор ба унвони Дастгоҳи президент ва ба номи раиси дастгоҳ Озода Раҳмон нома навишта, гуфта буд, ки агар посухе дарёфт накунад, даст ба гуруснанишинӣ мезанад".

Ғаффор Мирзоеви 61-сола то замони ба зиндон рафтанаш, дар соли 2006, дар мақоми фармондеҳи пешини Горди президентӣ, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ хатмкардаи шӯъбаи ғоибонаи риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва як сол пеш аз боздошташ Академияи низомии Русияро низ хатм кард. Ӯ дар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Амрико парчамбардори тими миллии Тоҷикистон буд.

Мирзоевро ниҳодҳои интизомии кишвар моҳи августи соли 2004 боздошт карданд ва Додгоҳи олӣ баъди ду соли баррасии парванда, ӯро ба ҳабси абад маҳкум намуд. Генерали собиқ Ғаффор Мирзоев ба ҷурми қасди ташкили табаддулоти давлатӣ, хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он, сӯистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин, гунаҳкор дониста шудааст.



Страница 1 из 3

Суроғаи мо:

Joomla ru