Пайк

ХАБАРҲО

ДДК: Чаро шароит барои омӯзонидани касби журналистӣ нест?!

Ҳар саволе, ки меҳмонони мо медоданд, бидуни мушкиле ҷавоб медодам. Ба ҷӯз саволҳое, ки «Синфхонаҳои амалӣ дар куҷост? Дарсҳои амалӣ дар куҷо гузаронида мешаванд? Ё худ чаро кӣ дар як донишгоҳи замонавӣ (кафедраи журналистика дар назар аст) кабинетҳои таҷҳизонида бо асбобҳои даркорӣ вуҷуд надорад? Монанди ҳамин саволҳое, ки дар ҳақиқат дар ҷавоб доданашон оҷиз будам. Чизе ки нест, бояд нест гуфт. Чунки дасти тиҳиро пур гуфтан ба нафъи кор нахоҳад буд!

Ҳафтаи сипарӣ чанд тан аз донишҷӯёни Факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зимни сафар ба шаҳри Кӯлоб баробари тамошои нуқтаҳои фарҳангию таърихӣ, инчунин аз бинои нави ДДК, ки бахши рӯзноманигорӣ дар Факултаи филологияи тоҷик ва журналистика амал мекунад, дидан карданд ва бо донишҷӯёни фаъоли шуъбаи мазкур сӯҳбати ихтисосӣ анҷом доданд. Дар шакли дигар гӯем аз ҳамкасбони ояндаи худ хабаргирӣ намуданд. Чунончӣ аз сӯҳбат бо эшон маълумамон гашт, ҳадафи асосии донишҷӯёни фавқ пеш аз ҳама шиносоӣ пайдо намудан ба раванди таълиму тарбия, шароиту имконоти дарсомӯзӣ ва иштирок дар дарсҳои амалии ихтисосии журналистӣ дар кабинетҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои лозима, (базаи моддӣ-техникии кафедраи журналистика) бахусус сӯҳбати озод оростан бо донишҷӯёни фаъол иборат буд.

Мақсади дидорбинӣ аз журналистони оянда чӣ буд?

«Мақсади омадан танҳо саёҳат ва тамоши маконҳои мухталиф буд. Махсусан дидор аз бинои нави Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва фаҳмидан аз он чӣ ки байни донишҷӯёни факултаи журналистикаи ДМТ ва факултаи Филологияи тоҷик ва журналистика (бахши рӯзноманигорӣ)-и ДДК чӣ фарқияте вуҷуд дорад. Дар ин ҳангом мо бо онҳое шинос гаштем, ки ба мо якчанд дарҳоро боз намуданд. Бо ҷуръат сухан рондан, тасаввуроти хуби ихтисосӣ доштани донишҷӯён, анқариб дар савияи дониш аз мо камие надоранд. Донишҷӯён низ дар сӯҳбат бо мо хеле фаъол буданд. Мо ин ҳад фаъолиро интизор набудем. Маълум шуд, ки эшон қудрати журналист шуданро доранд ва мо инро аз гуфтори онҳо эҳсос кардем. Аз вохӯрӣ бо ин нафарон мо ба худ як чиз тавонистем ки бигирем». Зикр доштанд ҳамсӯҳбатони мо.

Мо кай бо донишҷӯёни факултаи журналистикаи ДМТ дар як саф қарор мегирем?

Наметавон, ки дар набудани ҷиҳати манфӣ байни мо ва меҳмонони омада худнамоӣ кард. Фарқ аст, хеле калон. Ҷиҳати умумӣ ва мубрами фарқиятро чунин шарҳ доданд донишҷӯёни факултаи журналистикаи ДМТ: «Чизи маълум дар тафовут аз мо ва шумо ин аст, ки шароитҳои мо хубтар аст. Журналистика худ амал аст. Дарсҳои мо дар синфхонаҳои алоҳида амалӣ мегузаранд. Агар гӯем, ки дар шумо дарсҳои амалӣ гузаронида намешаванду шароит муҳайё нест, хатое намекунем».

Эроди гирифтаи меҳмонон қобили қабул аст. Зеро ки дар тули фаъолияти кафедраи журналистика аз соли 2008  боре ҳам як синфхонаи иборат аз дастгоҳҳои аккосӣ, наворбардорӣ ё ин ки сабти овоз таъсис наёфтааст. Ҳоло ки дар синфхонаҳои нав қарор дорем, вазъият мисли дирӯз аст, яъне ба мафҳуми томаш ҳоло ҳам то кунун чунин шароит рӯи кор наомадааст. Чаро? Ҳамин як калимае, ки вақти саволдиҳии донишҷӯёни меҳмон маро сахт ташвиш медод! Бояд пеш аз ҳама масъулонро ҳам ташвиш бидиҳад. Чаро ки то кунун дар як донишгоҳи муқтадир тавре, ки пиндоштем, барои дарсҳои амалии ихтисоси рӯзноманигорӣ шароити созгор нест? Агар фарқ танҳо миёни мо ва донишҷӯёни ДМТ дар дарсҳои амалӣ бошад, пас бикушед мо бо эшон дар як зина қарор бигирем.

Як ҳамсӯҳбати дигари мо бетаваҷҷӯҳиро нисбат ба мушкилоти зикршуда дар он донист, ки шуъбаи рӯзноманигорӣ тобеи факултаи Филология буда, бештар ба адабиёту шеър таваҷҷӯҳ дода мешавад ва дигар унсурҳои таълими журналистӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд. Дар сурати таъсиси факултаи мустақили рӯзноманигорӣ шояд авзо беҳ гардад. Чуноне, ки дар донишгоҳи мо факултаи мустақили рӯзноманигорӣ амал менамояд, илова намуд мусоҳиби мо».

Худойдоди ИСЛОМ, "Пайк"

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru