Пайк

ХАБАРҲО

Директоронро барои либоси мактабӣ аз кор пеш карданд

Дар шаҳри  Кӯлоб баъди ба итмом расидани таҳсили имсола , 5 нафар аз директорони мактабҳоро аз кор гирифтанд. Ин МТМУ №10, 12,17,32 , 36 мебошанд, ки ба иттилои як манбаъи муътамад ин дректоронро ба ҷамъоварӣ накардани маблағи либосҳои мактабӣ аз кор пеш карданд. Кенҷамо  Маҷидова   муовини раиси шаҳри Кӯлоб дар  сӯҳбат бо мо панҷшанбеи имрӯз 21 июн гуфт, ки онҳо бо хоҳиши худашон аз кор рафтанд ва ҷиҳати паст будани фоизи ҷамъоварии маблағҳо барои либосҳои мактабӣ ва бемасъулиятию ноӯдабароиҳои вазифавӣ бо хоҳиши худашон аз кор рафтанд.Хонум Кенҷамо илова карда гуфт:

«Вақте ба мактабҳо барои санҷиш мерафтем, аксарияти мактабҳо дар ҳолати бад қарор доштанд, яъне бисёр валангор буданд, ки ин аз бемасъулятии роҳбарни муассиса дарак медод. Ин нафрони аз кор рафта аксарияташон дар кори худ уҳдбаро набуданд».

Руйхати он директороне, ки аз кор пеш карда шуданд.

МТМУ № 10: Баҳром Шеров

МТМУ № 12: Азизулло Маҳмадалиев

МТМУ № 17: Саид Назаров

МТМУ № 32: Раҷабалӣ Мирзоев

МТМУ № 36: Рустам Иззатов

Барнои БЕГМАДЗОДА

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru