Пайк

ХАБАРҲО

Либоси мактабиро маҷбур медиҳанд?

Либоси мактабиро маҷбур медиҳанд?

Дар асоси дастуру супориши ҳукумати кишвар барои хонандагони тамоми муассисаҳои таълимӣ то соли хониш либоси ягона пешниҳод карда мешуд. Аз чӣ бошад, ки дар аксар муассисаҳо ин фармонҳоро нодида мегиранд? Аз оѓоз шудани соли хониш чанд рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол дар аксар муассисаҳо нақша ба пуррагӣ иҷро нагардидааст. Дар ин миён, аз ҳама риққатовараш ин аст, ки барои хонандагон либосҳои дарозу соли гузашта духташударо, ки сифаташон ба муҳассилин маъқул набуд, медиҳанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ш.Кӯлоб аз шумори чунин муассисот аст. Барои хонандагоне, ки имсол ба синфи як мераванд, либосҳои андозаашон калонро, ки тамоман ба қомати хонанда намезебад, бо ҳар гуна роҳу восита ба сари волидони онҳо бор карда истодаанд. Роҷеъ ба ин масъала хостем бо директори муассисаи болозикр Муродова Зарафшон сӯҳбате дошта бошем, аммо ин хонум гуфт: «Ҳоло ман бо Шумо сӯҳбат карда наметавонам, зеро дар кабинети ман намояндаҳои суд дар масъалаи танзим омадаанд».

Муродова Зарафшон, Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ш.Кӯлоб

Раҳмонова Гулҷаҳон, масъули дигари ин муассиса, ки маҳз барои таъмини сару либос вазифадор буд, чунин гуфт: «Мо чӣ кор кунем? Моро аз ҳукумати шаҳр маҷбур мекунанд, ки хонандагонро бо либос таъмин кунем.»

Мӯҳтарам Раҳмонова, ин беҳтарин иқдоми сарвари давлат ва ҳукумати шаҳр аст, ки аз корхонаҳои худи сару либосро харидори намоед, аммо ба фикри мо касеро маҷбур накардаанд, ки либосҳоро харидорӣ намоянд. Дар дигар муассисаҳо чунин маҷбурсозӣ нест, танҳо худи хонанда рафта дар коргоҳи дӯзандагӣ либос бо хости дилаш супориш медиҳаду расидро ба муассиса меорад, лекин дар ин макони таълимӣ ҳама масъулин ба фурӯхтани либос машѓул мебошанд.

Ин нуктаро Кенҷамо Маҷидова, муовини раиси шаҳри Кӯлоб дар соҳаи маънавиёт чунин шарҳ дод: «Мо то имрӯз ягон масъули муассисаро барои харидани либос маҷбур накардаем. Ба онҳо танҳо таъкид намудаем, ки сифати либосро, тарзи духти онро бинанд ва ба падару модар нишон диҳанд, то норозигӣ баён накунанд. Шояд он либосҳое мебошанд, ки аз соли гузашта боқӣ мондаанд. Пул насӯзад гуфта, имсол оноро ба сари хонандагон бор мекунанд. Ҳатто худи раиси шаҳри Кӯлоб ба мудири маориф супориш дода буд, ки рафта бинанд, то ягон мушкилоте дар сару либоси хонандагон набошад.

Мо ба онҳо танҳо гуфтаем, ки корхонаҳои саноатиро дастгирӣ намоянд, нисбати бозор арзонтар ва сифаташ ҳам беҳтар аст, лекин директор барои аз сари худ соқит кардан чунин суханонро гуфтааст».

Муомилаи педагогхои имрӯза, бо намояндагии васоити ахбори омма ба мисли як хонандаи синфи панҷро мемонад, пас мо аз насли оянда, ки ояндасозони ҷомеа унвон додаем чиро интизор бошем? Худ қазоват намо, хонандаи азизу гиромӣ, вақт ки худ довар аст исботи ин гуфтаҳост.

Муҳаммади Мусавӣ, "Пайк"

 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru