Пайк

ХАБАРҲО

Норозигии сокинони Туркманистон аз 10 баробар боло рафтани пули боғча

Дар Туркманистон лағви имтиёзҳои иҷтимоӣ ва боло рафтани арзиши баъзе аз хидматрасониҳо норозигии сокинонро ба бор овардааст. Аз ҷумла, 10 баробар боло рафтани пули боғча дар вилояти Дашоғузи ин кишвар ба таҷаммуи бархеи сокинон сабаб гаштааст.

Бино ба хабарҳо, аз 1 ноябр дар Туркманистон пули моҳонаи боғча барои як кӯдак аз 8 то ба 80 манат -- 10 баробар боло хоҳад рафт. Намояндагони Вазорати маорифи ин кишвар мегӯянд, дар баъзеи минтақаҳо то 96 манат боло бурда хоҳад шуд.

Як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Болдумсози Дашоғуз гуфт, болоравии нархи хидматрасонии боғчаҳо ба эътирози дастаҷамъии сокинон сабаб гаштааст. Ба гуфтаи ӯ, баъди он ки маълум шуд, пули боғча 10 баробар қиммат мешавад, волидони норозӣ дар назди ҳукумати ноҳия ҷамъ шудаанд. Онҳо то ба ҳадде хашмгин будаанд, ки таҷаммуашон ба занозанӣ печидааст.

"Дар ноҳия ҳудуди 8 боғча фаъолият дошт. Мақомот ба далели норозигии шадиди сокинон тасмим гирифтанд, феълан онҳоро банданд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки минбаъд об, барқу гази боғчаҳо пулакӣ аст ва бинобар ин, арзиши хидматрасониро боло бурдаанд. Намояндагони ҳукумати ноҳия ҳамчун чораи аввалия пешниҳод карданд, дар ҳоли ҳозир бо нархномаи нав волидайне пардохт кунанд, ки тавони онро доранд. Амр шуд, ки ин гуна волидайнро рӯйхат кунанд ва барои онҳо фаъолияти баъзе аз боғчаҳо дубора ба роҳ монда шавад. Дар натиҷа волидайне, ки тавони пардохти нархномаи навро надоранд, занозаниро оғоз карданд. Онҳо исрор мекарданд, ки давлат вазифадор аст, фарзандони худро ройгон омӯзиш диҳад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Масъулони шаҳрдории Дашоғуз ва Раёсати маорифи вилоят низ тасдиқ карданд, ки 10 октябр як гуруҳи волидайн дар эътироз ба болоравии арзиши хидматрасонии боғчаҳо дар маркази шаҳр ҷамъ шуданд.

Либоси мактабиро маҷбур медиҳанд?

Либоси мактабиро маҷбур медиҳанд?

Дар асоси дастуру супориши ҳукумати кишвар барои хонандагони тамоми муассисаҳои таълимӣ то соли хониш либоси ягона пешниҳод карда мешуд. Аз чӣ бошад, ки дар аксар муассисаҳо ин фармонҳоро нодида мегиранд? Аз оѓоз шудани соли хониш чанд рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол дар аксар муассисаҳо нақша ба пуррагӣ иҷро нагардидааст. Дар ин миён, аз ҳама риққатовараш ин аст, ки барои хонандагон либосҳои дарозу соли гузашта духташударо, ки сифаташон ба муҳассилин маъқул набуд, медиҳанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ш.Кӯлоб аз шумори чунин муассисот аст. Барои хонандагоне, ки имсол ба синфи як мераванд, либосҳои андозаашон калонро, ки тамоман ба қомати хонанда намезебад, бо ҳар гуна роҳу восита ба сари волидони онҳо бор карда истодаанд. Роҷеъ ба ин масъала хостем бо директори муассисаи болозикр Муродова Зарафшон сӯҳбате дошта бошем, аммо ин хонум гуфт: «Ҳоло ман бо Шумо сӯҳбат карда наметавонам, зеро дар кабинети ман намояндаҳои суд дар масъалаи танзим омадаанд».

Муродова Зарафшон, Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ш.Кӯлоб

Раҳмонова Гулҷаҳон, масъули дигари ин муассиса, ки маҳз барои таъмини сару либос вазифадор буд, чунин гуфт: «Мо чӣ кор кунем? Моро аз ҳукумати шаҳр маҷбур мекунанд, ки хонандагонро бо либос таъмин кунем.»

Мӯҳтарам Раҳмонова, ин беҳтарин иқдоми сарвари давлат ва ҳукумати шаҳр аст, ки аз корхонаҳои худи сару либосро харидори намоед, аммо ба фикри мо касеро маҷбур накардаанд, ки либосҳоро харидорӣ намоянд. Дар дигар муассисаҳо чунин маҷбурсозӣ нест, танҳо худи хонанда рафта дар коргоҳи дӯзандагӣ либос бо хости дилаш супориш медиҳаду расидро ба муассиса меорад, лекин дар ин макони таълимӣ ҳама масъулин ба фурӯхтани либос машѓул мебошанд.

Ин нуктаро Кенҷамо Маҷидова, муовини раиси шаҳри Кӯлоб дар соҳаи маънавиёт чунин шарҳ дод: «Мо то имрӯз ягон масъули муассисаро барои харидани либос маҷбур накардаем. Ба онҳо танҳо таъкид намудаем, ки сифати либосро, тарзи духти онро бинанд ва ба падару модар нишон диҳанд, то норозигӣ баён накунанд. Шояд он либосҳое мебошанд, ки аз соли гузашта боқӣ мондаанд. Пул насӯзад гуфта, имсол оноро ба сари хонандагон бор мекунанд. Ҳатто худи раиси шаҳри Кӯлоб ба мудири маориф супориш дода буд, ки рафта бинанд, то ягон мушкилоте дар сару либоси хонандагон набошад.

Мо ба онҳо танҳо гуфтаем, ки корхонаҳои саноатиро дастгирӣ намоянд, нисбати бозор арзонтар ва сифаташ ҳам беҳтар аст, лекин директор барои аз сари худ соқит кардан чунин суханонро гуфтааст».

Муомилаи педагогхои имрӯза, бо намояндагии васоити ахбори омма ба мисли як хонандаи синфи панҷро мемонад, пас мо аз насли оянда, ки ояндасозони ҷомеа унвон додаем чиро интизор бошем? Худ қазоват намо, хонандаи азизу гиромӣ, вақт ки худ довар аст исботи ин гуфтаҳост.

Муҳаммади Мусавӣ, "Пайк"

 

Тахминаи Нурзод:"Милиса шудан мехостам, аммо дар имтиҳон роҳ наёфтам" (Видио)

Ё чаро орзуи як духтари 16 сола, ки корманди пулис шудан мехост амалӣ нашуд?

Як духтари 16 сола мехост, ки дар оянда милиса шуда, ба халқу ватанаш хизмат кунад, аммо баъди як имтиҳони Коллеҷи милисаи шаҳри Кӯлоб аз имтиҳон нагузашт ва баҳои ду гирифта ба хона баргашт. Вале ин духтар иддао дорад, ки ӯ аз имтиҳон гузашт, аммо қурбонии ноадолатӣ шуд.

Тахминаи Нурзод, як сокини 16-солаи деҳаи Раҳмонбердии ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ духтаре, ки баръакси садҳо духтари маҳаллӣ орзуи пулис шуданро дошт, аз имтиҳони дохилшавӣ ба Коллеҷи милисаи Кӯлоб нагузашт. Ӯ бисёр мехоҳад пулис шавад ва мисли милисазанҳое, ки дар филмҳо бо ҷинояткорон даст ба гиребон мешаванд, ба як намунаи зани ҷасур дар Тоҷикистон табдил ёбад, аммо ин орзуҳояш амалӣ нашуданд.

Аслан дар Тоҷикистон бештар писарон талоши пулис шуданро доранд. Аммо Тахминаи Нурзод, бо синни худ нигоҳ накарда дар миёни чандин нафар аз довталабони таҳсил Коллеҷи милиса довталаб буд.

Орӯзи кӯдакии як духтари 16-сола, то куҷо ба воқеъият мепайвандад?

Ӯ мегӯяд, ки дар давидану паридан дар имтиҳони аввал муваффақ буд, вале фардояш, яъне рӯзи 21-уми июли соли 2017 ногаҳон ӯро баҳояшро эълон карданд, ки ӯ баҳои ду гирифта, дар дигар имтиҳон роҳ намеёбад. Тахмина мегӯяд, ки шеваи имтиҳонгирӣ аз ӯ ноодилона буд, вале ин чиз ӯро дилшикаста накардааст ва таҳсилро дар макотиби миёна идома дода, ҳатман дар оянда донишҷӯ хоҳад шуд.

-Пеш аз дохилшавӣ омодагии ҷиддӣ дидам. Имтиҳони рӯзи аввалро супоридем, вале фардо рафтем, ба ман гуфтанд, ки ту баҳои ду гирифта афтидаӣ ва ҳатто ҳуҷҷат низ нишон надоданд ва сабабашро низ нафаҳмидам, ки барои чи ман  афтидам. Ҳатто аз ятимхона духтарон омада буданд онҳо низ аз имтиҳон афтиданд ва як духтар аз имтиҳон гузашт,- гуфт Тахминаи Нурзод.

Ин духтари ҷавон мегӯяд, ки аз хурдӣ мехост, таҳсил карда командир шавад ва болои сари сарбозон бошаду ба сарбозон кумак кунадад, аммо баъдан фаҳмид, ки ҳар зан комондир шуда наметавонад, хост милиса шуда, бештар ба мардуми камбизоат хизмат кунад. Ин духтар мегӯяд, ки ҳарчанд дар хонавода ба ӯ пешниҳод карданд, ки ба ин роҳ нараваду оянда омӯзгор ё табиб шавад, вале баъди хатми синфи нуҳ тасмим гирифт, ки ба Коллеҷи миллиса ҳуҷҷат супорад, аммо дар имтиҳони аввал муваффақ нашуд. Ӯ мегӯяд, ки сабаби омӯзгор нашудану табиб нашуданаш ин аст, ки аз хӯрди аз сузандору метарсид ва аз ин хотир ба ин роҳ рафту хост бар зидди ноадолатиҳо мубориза барад.

Ситора Сафарова модари Тахмина мегӯяд: "Духтарам якравӣ карда хост ба Коллеҷи миллиса дохил шавад ва қарз кардам, соли дароз ҳуҷҷат омода кардам, аммо духтари маро қабул накарданд. Ба ҳукумати ноҳияи Восеъ муроҷиат кардам, аммо онҳо гуфтанд, ки ин кори онҳо нест ва ба милиса муроҷиат кунанд. Тасмим гирифтам, ки ба назди вазири милиса равам. Ман шаш фарзанд дорам, ки 12 сол мешавад падарашон боре онҳоро суроғ накардааст ва то ҷое иттилоъ дорам падарашон дар Амрико ба сар мебарад, аммо масъулини комиссияи имтиҳонӣ инро ба инобат нагирифтанд".

Гулсара, баъди мақолаи хабарнигори тоҷик вориди таълимгоҳ гашт, Тахмина чӣ?

Аммо ин аввалин духтаре нест, ки аз шомил нашуданаш ба Коллеҷи миллиса шикоят мекунад. Соли 2015 Гулсара Азимова, ягона духтаре буд, ки мехост қолабшиканӣ карда, дар миёни даҳҳо писар ба Коллеҷи милиса ворид шавад, аммо баъди ваъдаҳои зиёд, ки ту ба ин даргоҳ дохил мешавӣ ӯро аз имтиҳон афтонданд, вале баъди як гузориши хабарнигори тоҷик Маҳмудҷон Раҳмадзода бо супориши Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Гулсара Азимова бо даҳҳо духтари дигар ба ин коллеҷ шомил шуда, таҳсили худро идома дода истодаанд. Ҳоло Гулсара дар курси сеюм таҳсил мекунад, аммо муҳтарам Рамазон Раҳимзода, ки волидайни Гулсара мегуфтанд беадолатӣ сурат гирифтааст, адолатро барқарор карда, чанди масъули имтиҳонотиро танбеҳ дода буд.

Тахминаи Нурзод ин дуюмин духтаре аст, ки иддао мекунад, ки нисбати ӯ беадолатӣ сурат гирифта, аз надошти пуштибон ӯро дигар ба имтиҳони боқимонда роҳ надоданд. Ин духтар мегӯяд, ки ин арзи ӯ ба гушӣ Рамазон Раҳимзода расад, ҳатман бахт ба рӯяш механдаду ба Коллеҷи милиса мисли Гулсара дохил шуда, дар оянда ба халқу миллаташ хизмат хоҳад кард.

Ҳоло дар Шӯъбаи умури дохилии Кулоб ва Раёсати шуъбаи умури дохилии минтақаи Кӯлоб даҳҳо зан аз рутбаи лейтенант сар карда, то майор кор мекунанд ва онҳо низ аз духтарон тақозо доранд, то қолабҳоро бишикананд ва дунболи орзуҳои худ раванд. Коллеҷи милисаи Кӯлоб соли сеюм аст, ки барои довталабон рӯи худро боз намуда, даҳҳо донишҷӯ таҳсили илм карда мехоҳанд дар оянда дар мақомоти  миллиса кор карда ба халқу ватанашон хизмат кунанд ва дар мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми худро гузоранд.

 

 

 

 

ДДК: Чаро шароит барои омӯзонидани касби журналистӣ нест?!

Ҳар саволе, ки меҳмонони мо медоданд, бидуни мушкиле ҷавоб медодам. Ба ҷӯз саволҳое, ки «Синфхонаҳои амалӣ дар куҷост? Дарсҳои амалӣ дар куҷо гузаронида мешаванд? Ё худ чаро кӣ дар як донишгоҳи замонавӣ (кафедраи журналистика дар назар аст) кабинетҳои таҷҳизонида бо асбобҳои даркорӣ вуҷуд надорад? Монанди ҳамин саволҳое, ки дар ҳақиқат дар ҷавоб доданашон оҷиз будам. Чизе ки нест, бояд нест гуфт. Чунки дасти тиҳиро пур гуфтан ба нафъи кор нахоҳад буд!

Ҳафтаи сипарӣ чанд тан аз донишҷӯёни Факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зимни сафар ба шаҳри Кӯлоб баробари тамошои нуқтаҳои фарҳангию таърихӣ, инчунин аз бинои нави ДДК, ки бахши рӯзноманигорӣ дар Факултаи филологияи тоҷик ва журналистика амал мекунад, дидан карданд ва бо донишҷӯёни фаъоли шуъбаи мазкур сӯҳбати ихтисосӣ анҷом доданд. Дар шакли дигар гӯем аз ҳамкасбони ояндаи худ хабаргирӣ намуданд. Чунончӣ аз сӯҳбат бо эшон маълумамон гашт, ҳадафи асосии донишҷӯёни фавқ пеш аз ҳама шиносоӣ пайдо намудан ба раванди таълиму тарбия, шароиту имконоти дарсомӯзӣ ва иштирок дар дарсҳои амалии ихтисосии журналистӣ дар кабинетҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои лозима, (базаи моддӣ-техникии кафедраи журналистика) бахусус сӯҳбати озод оростан бо донишҷӯёни фаъол иборат буд.

Мақсади дидорбинӣ аз журналистони оянда чӣ буд?

«Мақсади омадан танҳо саёҳат ва тамоши маконҳои мухталиф буд. Махсусан дидор аз бинои нави Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва фаҳмидан аз он чӣ ки байни донишҷӯёни факултаи журналистикаи ДМТ ва факултаи Филологияи тоҷик ва журналистика (бахши рӯзноманигорӣ)-и ДДК чӣ фарқияте вуҷуд дорад. Дар ин ҳангом мо бо онҳое шинос гаштем, ки ба мо якчанд дарҳоро боз намуданд. Бо ҷуръат сухан рондан, тасаввуроти хуби ихтисосӣ доштани донишҷӯён, анқариб дар савияи дониш аз мо камие надоранд. Донишҷӯён низ дар сӯҳбат бо мо хеле фаъол буданд. Мо ин ҳад фаъолиро интизор набудем. Маълум шуд, ки эшон қудрати журналист шуданро доранд ва мо инро аз гуфтори онҳо эҳсос кардем. Аз вохӯрӣ бо ин нафарон мо ба худ як чиз тавонистем ки бигирем». Зикр доштанд ҳамсӯҳбатони мо.

Мо кай бо донишҷӯёни факултаи журналистикаи ДМТ дар як саф қарор мегирем?

Наметавон, ки дар набудани ҷиҳати манфӣ байни мо ва меҳмонони омада худнамоӣ кард. Фарқ аст, хеле калон. Ҷиҳати умумӣ ва мубрами фарқиятро чунин шарҳ доданд донишҷӯёни факултаи журналистикаи ДМТ: «Чизи маълум дар тафовут аз мо ва шумо ин аст, ки шароитҳои мо хубтар аст. Журналистика худ амал аст. Дарсҳои мо дар синфхонаҳои алоҳида амалӣ мегузаранд. Агар гӯем, ки дар шумо дарсҳои амалӣ гузаронида намешаванду шароит муҳайё нест, хатое намекунем».

Эроди гирифтаи меҳмонон қобили қабул аст. Зеро ки дар тули фаъолияти кафедраи журналистика аз соли 2008  боре ҳам як синфхонаи иборат аз дастгоҳҳои аккосӣ, наворбардорӣ ё ин ки сабти овоз таъсис наёфтааст. Ҳоло ки дар синфхонаҳои нав қарор дорем, вазъият мисли дирӯз аст, яъне ба мафҳуми томаш ҳоло ҳам то кунун чунин шароит рӯи кор наомадааст. Чаро? Ҳамин як калимае, ки вақти саволдиҳии донишҷӯёни меҳмон маро сахт ташвиш медод! Бояд пеш аз ҳама масъулонро ҳам ташвиш бидиҳад. Чаро ки то кунун дар як донишгоҳи муқтадир тавре, ки пиндоштем, барои дарсҳои амалии ихтисоси рӯзноманигорӣ шароити созгор нест? Агар фарқ танҳо миёни мо ва донишҷӯёни ДМТ дар дарсҳои амалӣ бошад, пас бикушед мо бо эшон дар як зина қарор бигирем.

Як ҳамсӯҳбати дигари мо бетаваҷҷӯҳиро нисбат ба мушкилоти зикршуда дар он донист, ки шуъбаи рӯзноманигорӣ тобеи факултаи Филология буда, бештар ба адабиёту шеър таваҷҷӯҳ дода мешавад ва дигар унсурҳои таълими журналистӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд. Дар сурати таъсиси факултаи мустақили рӯзноманигорӣ шояд авзо беҳ гардад. Чуноне, ки дар донишгоҳи мо факултаи мустақили рӯзноманигорӣ амал менамояд, илова намуд мусоҳиби мо».

Худойдоди ИСЛОМ, "Пайк"

ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯ...

ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯ СОҲИБИ 21-ПАТЕНТ АЗ РӮИ ИХТИРООТ

Тибқи иттилои директори Донишгоҳи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Акбар Ниёзов зимни нишасти матбуотиаш бо хабарнигорон  тазаккур дод, ки давоми соли ҷорӣ донишҷӯёнашон соҳиби 21 –патент аз рӯи ихтроот ва як нафар донишҷӯ Ҷумаев Фаридун аз рӯи ихтирооти нав дар соҳаи дорусозӣ (фарматсевтӣ) соҳиби патент гардидаанд. Дар ин бора Ниёзов А. гуфт: « Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб тибқи қарори Ҳукумати Ҷ.Т. аз 25- октябри соли 2003 таҳти № 471, ҳамчун филиали Донишгоҳи технологӣ Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таъсис ёфта буд. Баъдан дар асоси қарори Ҳукумати Ҷ.Т. аз 13-марти соли 2015 таҳти № 149, ба Донишкадаи технология  ва менеҷменти инноватсионӣ табдил дода шуд. Донишкада аз рӯи 33-ихтисос зинаи бакалаврият ва 10-ихтисос зинаи магистратура мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазирро омода  мекунад.  Қабули донишҷӯён аз рӯи зинаҳои бакалавр ва магистратура сурат мегирад. Алъон дар Донишкада 5-факултет,13 кафедра фаъолият менамоянд. Ва 2004- нафар донишҷӯён дар шӯъбаи рӯзона магистратура ва таҳсилоти фосилавӣ таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 1802-нафар таҳсилоти рӯзона, 202-нафар таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона), 1167-нафарашон тариқи шартномавӣ ва 830-нафари дигар тариқи буҷавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон 189-нафарро ташкил медиҳанд.»

Мавсуф инчунин илова кард, ки Донишкада бо зиёда аз 40-корхона ва муассисаҳои шаҳру минтақаи Кӯлоб ҳамкорӣ дорад. Инчунин парки инноватсионӣ- технологӣ бо фаъолияти 6-сехӣ истеҳсолӣ амал менамояд. Дар Донишкада истифодаи 24 –доскаи электронӣ ва 160- компютер барои донишҷӯён муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Аз ин  шумора 28- компютер ба шабакаи интернет пайваст буда, донишҷӯён ройгон аз он истифода мебаранд. Яке аз дастовардҳои хуби Донишкада дар соли 2016 ин сохта ба истифода додани маҷмааи варзишии он аст, ки то ин замон вуҷуд надошт. Гуфта мешавад, ки зимни сафари кории худ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб, ба як қатор иншоотҳои наву замонавӣ санги асос гузоштанд. Аз ҷумлаи он сохтмони иншоотҳо бинои нав барои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб аст. Аллакай сохтмони он рӯзҳои наздик оғоз мегардад. Масоҳати замини ҷудошуда 5,8 гектарро ташкил медиҳад. Айни ҳол корҳои заминӣ дар ин самт идома доранд.

Исломи РАҶАБАЛӢ

Суроғаи мо:

Joomla ru