Пайк

ХАБАРҲО

Мудири Бонки миллӣ боз аз нишаст гурехт!

Таъмин намудани пул дар бонкҳо ин вазифаи аввалиндараҷаи бонки миллӣ мебошад. Имрӯзҳо бисёр ба чашм мерасад, ки сокинон дар назди бонкҳои минтақа аз субҳ то шом навбат мепоянд, билохира аз набудани маблағ боз ночор роҳ сӯи хона мегиранд. Чунин ҳолатро қабл аз иди Рамазон ҳам мушоҳида кардан мумкин буд. Аммо директори бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб Абдулваҳҳобов Сайфулло парвое надораду дар фикри ба пуррагӣ гирифтани вазифаи мудири бонк мебошад.

Абдулваҳҳобов қонун мешиканад.

Соли гузашта дар ҳамин  маврид дар ҳафтавори «Пайк» ду мақола зери унвони «4 дурӯғи бонки миллӣ» ва «дуруғи 5-уми бонки миллӣ» ба нашр расида буд, ки саросар аз дуруғҳои роҳбарияти ин бонк қисса мекарданд, ки ин ҷаноб дидаву дониста муқобили фармону қонунҳое, ки Пешвои миллат дар зерашон имзо гузоштааст бепарвогӣ зоҳир мекунад. Ба ягон мақолаи танқидӣ вокуниш наменависад.

Ин бор ҳам дар нишасти матбуотӣ иштирок накард. Ин барои бори аввал нест, ки роҳбарияти бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб Абдулваҳҳобов Сайфулло дар нишастҳои матбуотӣ ширкат намеварзад. Ҳар гоҳ, ки нишасти матбуотӣ наздик шуд зуд ба рухсатӣ мебарояд. Кас намедонад ин ҳама рухсатиҳоро ба ӯ кӣ медиҳад!?

13 ҳолати коррупсионӣ дар бонк

Ҳамоно бармегардем сари масъалаи нишасти матбуотӣ. Дар нишаст гуфта шуд, ки имсол 13 ҳолати корупсионӣ дар бонкҳои аз тарафи Агентии мубориза бар зидди фассод дар  минтақа ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбати соли гузашта зиёд аст. Аз ҳама риққатовараш ин буд, ки дар давоми ин шашмоҳа аз тарафи худи бонки миллӣ 68 маротиба санҷишҳо гузаронида шуда буд ва ягон ҳолати коррупсионӣ аз тарафи масъулини бонки миллӣ ошкор нашуд, пас ин бемасъулиятии ин масъулинро намефаҳмонад, ё ҳама санҷишҳо дуруғ буд, муҳтарам Абдулваҳҳобов, ки дар 68 санҷиш ҳадди ақал як амали корупсионӣ ошкор карда натавонистед?!  Дигар ниҳод бошад баякбор 68 ҳолат ошкор кард.

Мошинҳои  хизматии бонк дар хизмати Абдулваҳҳобов

Пас аз ба анҷом расидани нишасти матбуотӣ як нафар аз корманди бонки миллӣ, ки хоҳиш кард номаш ифшо нашавад (дар ҳолати истисноӣ исмаш гуфта мешавад) омада чунин гуфт: Ҳоло дар бонк 4 мошини хизматӣ бо ном дар хидмати кормандон мебошанд, вале афсус, ки мудири бонк 2 ададашро дар гараж қулф карда ба рухсатии меҳнатӣ рафтааст. 2 адади дигар бошад дар ихтиёри шуъбаи ҳамлу нақд ба пулкашонӣ машғуланд, як муовин ва дигар кормандон аз хидмати ин мошинҳо дур мондаанд.

Хуллас, мудири бонк чӣ гунае, ки мехостааст дар дохили ин бонк ҳукмронӣ мекардааст.

«Дар моҳи июл мудир ба рухсатӣ баромад, мо ба роҳбар гуфтем,ки муҳтарам, дар ин моҳ нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон будааст, хуб мешуд, ки ин маҷлисро мегузаронидед, баъд ба рухсатӣ мерафтед. Мудир бошад худатон гузаронед»,- гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Об аз боло лой шудааст

Аз ҳама аҷиб ва қонуншикании Абдулваҳҳобов ва мудири бонки миллии Тоҷикистон дар он аст, ки Абдулваҳҳобов ду сол боз ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб фаъолият карда истодааст. Ба фикри мо худи у низ аз иҷрокунанда буданаш шарм медорад, ки дар пушти дараш чунин навиштааст: МУДИРИ ШУЪБАИ БОНКИ

МИЛЛӢ АБДУЛВАҲҲОБОВ САЙФУЛЛО НАЗРУЛЛО.

Дар охир суоле ба мудири бонки миллии Тоҷикистон дорем-ОЁ масъул бояд чанд моҳ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФА боқӣ монад?  Ҳоло, ки иҷрокунанда аст, ин маънии онро дорад, ки бонк таи ду соли ахир бе мудир фаолият кардааст. Ҳоло боз байни мардум овозаҳое паҳн гаштааст, ки Абдулваҳҳобов корхонаи хусусии суратгирӣ ҳатто  ба номи худ дорад, ки ин амал  амали коррупсионӣ аст.  Қавонини ҷории кишвар ба ин иҷозат намедиҳад.

Муҳаммади Мӯсавӣ, "Пайк"

Комментарии  

 
#1 Беҳруз 04.08.2017 02:59
Абдулваҳҳобов Сайфуллоро мардум ҳамчун суратгир мешинохтанд, ӯ таҷрибаи кофии иқтисодию бонки надошт,лекин ба вазифаи иҷрокунандаи мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб чи тавр таъин шуд,мардум дар ҳайрат аст.
Цитировать
 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru