Пайк

ХАБАРҲО

Миқдори зиёди фурӯши арақи худсохт ошкор ва пешгири гардид

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрванди П. А. соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ба фурӯш гузоштани арақи худсохт дастгир гардид.

Шаҳрванд П. А. бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ва фиреб намудани истеъмолкунандагон дар мавриди хосияти истеъмолкунӣ ё сифати маҳсулот 10 қутти машруботҳои спиртии тамғаи «Шоҳона» навъи «Хлебная» ба миқдори 52 адад ва «Платинум» ба миқдори 62 адад, ҷамъ 114 адад бо ғунҷоиши як адад шиша 0,5 литр, ки бо тариқи худсохт тайёр шуда буданд аз манзили муваққатан истиқомат менамудааш, воқеъ дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ба бордони нақлиёти тамғаи «Мерседес Бенс», рақамҳои қайди давлатиаш ТJ 25 - 66 СР 01 ҷойгир намуда, ба маҳаллаи Воданасоси шаҳри Душанбе интиқол медиҳад. Шаҳрванд П. А. арзиши як адад арақи тамғаи «Шоҳона Хлебная» - ро 14 сомонӣ ва арзиши як адад арақи тамғаи «Шохона Платинум» - ро 20 сомонӣ, ҷамъ 1 ҳазору 968 сомонӣ нархгузори намудааст.

Тибқи мактуби ҶДММ «Шоҳона» арзиши 1 адад арақи тамғаи «Шоҳона Платинум» ғунҷоишаш 0,5 литр 25 сомонӣ ва 1 адад арақи тамғаи «Шоҳона Хлебная» ғунҷоишаш 0,5 литр 15 сомонӣ, ҷамъ 2 ҳазору 330 сомониро ташкил медиҳанд, ки ба таври худсоз бидуни технологияҳои истеҳсоли сохта шудаанд ва ба ҶДММ «Шоҳона» дахл надоранд.

Мувофиқи хулосаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши физико - кимиёвии намунаҳои арақҳои тамғаҳои «Шоҳона Платинум», «Шоҳона Хлебная» ба талаботи ҳуҷҷати меъёрии арақҳо ва арақҳои махсус «Шартҳои техникӣ» мутобиқ нестанд.

Мувофиқи хулосаи Хадамоти назорати давлатии санитарию - эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсулотҳои озмоишуда, аз рӯи нишондодҳои намуди зоҳирӣ, қувватнокӣ ва дараҷаи ғизлати алдегит ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёри техникӣ мутобиқ набуда, истеъмоли чунин маҳсулот ба саломати зарар дорад. Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд П. А. ва дигарон бо моддаҳои 209 қисми 1 ва моддаи 294 қисми 2 – и банди «а» ва «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru