Пайк

ХАБАРҲО

Дар роҳи Данғара-Кӯлоб-Дарвоз 12510 бех дарахт шинонида шуд

Дар асоси нақша дар шоҳроҳҳо ва талу теппаҳои атрофи онҳо дар маҷмуъ ба миқдори 35515 бех, аз ҷумла дар шоҳроҳҳои Душанбе-Ваҳдат-Саритош ба миқдори 4400бех, Данғара-Кӯлоб-Дарвоз 12510 бех, Душанбе-Турсунзода 1160 бех, Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ 7745 бех, Қурғогтеппа-Қубодиён-Н.Хусрав 4500 бех ва Ваҳдат-Ёвон 3000 бех ниҳолҳои гуногуни писта, шулаш, зардолу, бодом, сузанбарг шинонида шуд. Инро Азизуллоҳ Исматзода рӯзи  25.07.2017  дар ҳисоботи шаш моҳаи аввали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард.

Дар идомаи нишасти хабарӣ Исматзода ёдовар шуданд, ки  бо кӯмаки моддии Бонки рушди Олмон (KFW) 688 гектор ҷангалзори нав ва дорои 744.4 ҳазор бех бунёд карда шуд.

Дар посух ба саволҳои пай дар пайи рӯзноманигорон директори Агентӣ чунин гуфт: Буридани дарахт ба мардум фоида намеорад дар ҳоле, ки ҳам ангиштсанг ҳаст ва ҳам гази моеъ.

Айни ҳол дар кишвар 3 мамнуъгоҳ   фаъолият дорад, вазъи мамнуъгоҳи   Бешаи Палангон дар давоми се соли охир муътадил аст. Аз тарафи коршиносони Юнеско мамнуъгоҳи   Бешаи Палангон нодиртарин мамнуъгоҳ   дар сайёра ҳисобида шудааст, гуфта шуд зимни нишаст.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru