Пайк

ХАБАРҲО

Хатари сел дар Восеъ зиёд аст

Оби рӯди Ёхсуи ҷамоати деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ соҳилҳоро қисман тахриб кардааст. Дар ин бора ба хабарнигори «Пайк» гурӯҳе аз сокинони деҳаи Иттифоқ хабар доданд, ки оби «Ёхсу» имкон аст, берун баромада, 100 -ҳо гектар заминҳои кишоварзӣ ва деҳаҳоро шӯста барад, мутаассуф ҳукумати ноҳия парвое надорад.

Сокинони деҳаҳои Иттифоқ ва Шобикаи ҷамоати деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ аз ҳоло тарс доранд, ки одатан селҳои даҳшатбор дар моҳи май меоянд. Ҳоло ин об 300-400 гектар заминҳои кишоварзиро зер кардааст ва боз ба  деҳаи онҳо "ҳуҷум" хоҳад кард. Ватанов Бегаҳмад раиси маҳаллаи Иттифоқ дар сӯҳбати хабарнигор афзуд,ки чанд сол аст,ки соҳилмустаҳкамкунии Ёхсу нашудааст ва ин мушкилие, ки деҳа дорад сўзан нест,ки пинҳон кунем ва худи шумо шоҳидед,ки чигуна соҳил рахна шуда истодааст.Чанде пеш як сокини ҳамин деҳа хоҷагии деҳқонӣ дошт ва дар 15 гектар замин гандум ва пахта кошт, ки ҳамааш ба коми сел рафт.

Гуфта мешавад, ки солҳои пеш масъулини ҳукумати ноҳияи Восеъ аз ин мушкилӣ дидан карданд ва ваъда доданд, ки пеши оби рўди "Ёхсу"-ро мустаҳкам мекунем. Инак 2 сол гузашт, ки домани сокинони деҳаро пур аз чормағзи пуч карданду халос. Агар чунин ҳолат рафтан гирад,деҳа дар масофаи 100-150 метри дигар мондааст,ки об 25-30 хоҷагиро барбод диҳад.

Раҳматулло, 1 сокини деҳаи «Иттифоқ» мегӯяд, ки барои соҳилмустаҳкамкунӣ мардумро ҷалб намудем ва хостем, ки саҳми худро низ гузорем. Дар ин маврид зиёда аз 50 нафар сокини  деҳа 200 қопчаро пур аз қуму санг карда,  хостем каме ҳам боша пеши роҳи оби рўди Ёх-суро бандем, мутаассифона ҳамаи заҳматҳои моро дарё канда бурд, дигар ба ҳоли худаш гузоштем. Мо сокинони деҳаҳҳо чунин қувват надорем, ки пеши роҳи рахна кардани рўдро гирем, аз баски мо  чанд маротиба хоҳиш кардем ва мактуб низ пешниҳод кардем ба ҳукумати ноҳия. Дар ҷавоб гуфтанд, ки мо имконияти пеши роҳи рўдро гирифтан надорем чунки баҳор асту обхезӣ зиёд.Чаро ҳукумати ноҳия дар вақте, ки об баланд нашуда буд чора наандешид, акнун баҳонаи тайёр шудааст. Агар  ҳукумати ноҳия ё мақомоти лозим пеши роҳи селро  нагиранд, эҳтимол аст, ки сел деҳаро зер кунад, афзуд сокини деҳа Раҳматулло

Дар сўҳбат хабарнигори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Восеъ Усмонов Субҳон иброз дошт, ки муддати 5 сол мешавад, ки соҳили Ёхсу заминҳои корамро рахна мекунад. Барои соҳилбандӣ маблағи бениҳоят калон лозим аст. Мутаассифона ҳукумати ноҳия чунин маблағ ва имконият надорад, ки пеши роҳи рахна кардани соҳили Ёхсуро гирад, лекин маблағи муайян  ҷудо шудааст ва  Худо хоҳад ба пуррагӣ соҳилро тобистон  мустаҳкам хоҳем кард. Ҳоло ҳамагӣ 100-150 метри дигар мондааст?

Агар чунин масофа кам мондааст ва деҳа зери хатар аст, чаро раиси ҷамоат ва намояндаи Ситод бонги хатар намезананд, охир гап сари ҳаёти одамон меравад?

Аммо Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаражданӣ дар вилояти Хатлон Исоев Сулаймон дар сӯҳбат мегуяд, ки дар миқёси вилояти Хатлон бо супориши Президенти кишвар  соҳилмустаҳкамкунӣ масъалаи ҷиддӣ аст. Инчунин дар ноҳияи Восеъ,нафарони муттасаддӣ афзуданд, ки дар лоиҳа аст, ки фасли тобистон бояд соҳилҳо мустаҳкам шаванд.

Сардори Ситод ба таври аҷиб афзуд: «Мавзеъеро,ки мардум аз он изҳори нигаронӣ мекунад зери назорати худ мегирам. Ҳоло бошад, бо супориши Президенти кишвар соҳилмустаҳкамкунї дар авҷ аст ва дар вилоят ягон мавзеъ зери хатар нест.»

Агар дар вилояти Хатлон ягон мавзеъ зери хатар набошад, чаро соҳилмустаҳкамкунӣ дар авҷ аст? Суоли матраҳ аст ба сардори ситод оид ба Ҳолатҳои Фавқулоддаи ҷумҳурии Тоҷикистон.

Боиси қайд аст, ки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шинос шуд. Ҳадаф аз сафари Сарвазир таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ҷаласаи Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дода шуда буданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар наздикиҳои рӯду дарёҳо ҷойгир мебошанд, бо масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ таъмин карда шудаанд. Дар шаҳри Кӯлоб Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои таҳкими соҳил дар мавзеъҳои сойи Даҳана, Тебалай ва дарёи Ёхсу шинос шуда, дар ноҳияи Восеъ аз мавзеъҳои наздисоҳилии Кафтархона ва Ҳоҷаи Шом дидан карданд.

Иҷрои тадбирҳои саривақтии соҳилмустаҳкамкунӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз хавфу хатарҳои ногувори ҳолатҳои фавқулода дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат амали муҳим шуморида шуд. Дар ҷараёни шиносоӣ Сарвазири мамлакат роҳбарияти вазорату идораҳо, вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро барои иҷрои босифати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирӣ аз ҳама ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини амнияту бехатарии аҳолию иншооти таъминоти гуногун ва иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро таъкид намуд.

Баҳодур Уроқов, "Пайк"

 

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru