Пайк

ХАБАРҲО

Раҳкирои миёншикани сайрхати Душанбе-Суғд

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки ягона роҳи пайвандкунандаи шимоли Тоҷикистон бо марказ мебошад, нархи роҳкиро ба осмон баромадааст. Феълан ҳоло ягона терминали мусофирбарӣ аз самти Душанбе ба Суғд терминали “Маром” мебошад, ки дар қисмати шимоли ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Аз ин терминали мусофирбар, ки қариб ҳамаи нақлиёти мусофирбари он хусусӣ аст, сокинони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд истифода мебаранд.

Аз сабаби он ки боло бурдани нархи роҳкиро дар арафаи ҷашну идҳо барои ронандагони ин терминал одат шудааст, айнан ҳамин тавр, пеш аз оғози рўзњои истироҳатӣ дар иди Наврӯз роҳкирои муқаррарӣ аз 40-50 сомонӣ ба 100-120 сомонӣ боло бурда шуд. Кунун ҳафтаи дуюм аст, ки мўњлати тањсил ба охир расидааст, нархи роҳкиро ба ҳарду самт тағйир намеёбад, ки ин боиси нигаронии сокинон, алалхусус донишҷӯён гардидааст.

Дар сўҳбат чанде аз сокинони навоҳии вилояти Суғд, ки дар шаҳри Душанбе таҳсил ва кору фаъолият мекунанд, бо изҳори нигаронӣ ёдовар шудаанд, ки дар арафаи иду ҷашнҳо роҳкиро дар ин самт боло бурда мешавад ва ронандаҳо забон як карда аз нархи гуфтаашон поён намераванд ва маҷбур мешавӣ, ки розӣ шуда бо баҳои хўрокаи якҳафтаина роҳро давом диҳӣ.

Чунончи дар сўҳбат бо “Пайк” сокини ноҳияи Деваштич Шукриддини Шарофиддин, ки дар шаҳри Душанбе таҳсил мекунад иброз дошт, ҳангоми рафтан ба деҳа роҳкиро муқаррарӣ буд 50-60 сомонӣ, аммо вақти бозгашт ба Душанбе нарх ба 100-120 сомонӣ баромадааст. Ронандагони шаҳри Истаравшан аз бисёрии сокинон истифода бурда, нархро мебардоранд ва ба ҳамон истодагарӣ мекунанд. Аз ин сабаб маҷбур шудам бо кашмакаши зиёд бо 90 сомонӣ ба Душанбе оям.

Ҳотамбойи Одина, донишҷӯйи дигари пойтахт, ки дар ДМТ таҳсил мекунад, низ аз баланд шудани раҳкиро дар ташвиш аст. Ронандаҳо, ба қавли худашон “мавсими пулкоркунӣ” доранд, ки он ҳам дар арафаи ҷашнҳо ва таътилҳо мебошад. Аммо агар дар вақтҳои муқаррарӣ қасди сафар дар ин масир дошта бошӣ, ҳатто ба 40 сомонӣ ҳам розӣ мешаванд. Бинобар ин аз самти Душанбе ба Суғд бо 100 сомонӣ роҳкиро рафтам.

Дар баробари ин донишҷӯён садҳо нафар муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, ки дар Душанбе таҳсил доранд, ба ин нарх рафту омад доранд.

Сабаби гаронии роҳкиро дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқро асосан ба пулкӣ будани  ин роҳ рабт медиҳанд. Бинобар ин ҳоло ширкати IRS  масъули нигаҳдории роҳ мебошад, ки 7 плазаҳои толлингии насбшуда дар шоҳроҳро ба уҳда дорад.

Дар баробари ин болоравии нархи роҳкиро ба самтҳои Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Хатлон, Душанбе-НТМ ва Душанбе-Бадахшон дар арафаи иду ҷашнҳо бараъло ба назар мерасад.

Н.Карим

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru