Пайк

ХАБАРҲО

Раиси вилояти Хатлон ба беморони гемофилия кумак мекунад?

Дар баробари инки илми тиб бо суръат пеш меравад, вале гоҳо хуруҷи беморон дар саросари ҷаҳон аз мушкиле аст, ки табибонро ба ташвиш овардааст ва ҳазорҳо инсон дар синну соли мухталиф дучори беморӣ мегарданд.

Кишвари мо дар баробари рушди иқтисодиёт ва илми тиб дар миёни кишварҳои сайёра аст, ки ба бемориҳои мухталифе мубориза мебарад, яке аз ин бемориҳо бемории гемофилия мебошад, ки садҳо нафар дар кишвар гирифтор ҳастанд.

Ҷавҳарбӣ Кичанова, зане аз деҳаи Тутуи Муъминобод аст, ки дар як беморхонаи шаҳри Кӯлоб бародараш Абдулҳамид Кичанови 50-соларо парасторӣ мекунад, бародараш солҳои зиёдест, ки гирифтори бемории гемофилия аст ва ба табобати ҷиддӣ ниёз дорад. Ин зан гуфт, ки ҳоло хунравии дарунӣ дорад, ки духтурон ин бемориро гемофилия мегуянд. Писари ман, донишҷӯи соли дуюм аст ва аз ин беморӣ ранҷ мекашад, мегӯяд ҳамсуҳбати мо. Ӯ гуфт, ки бемории бародар ва ояндаи писараш, ки чӣ гуна ба ин беморї мубориза мебарад, ӯро нигарон кардааст.

Аз гирифторони бемории гемофилия дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон суол накардем, ки оё онҳо барои табобат кӯмакулї мегиранд ё на, вале ҳаминро зикр карданд, ки барои табобати ин беморӣ харҷи зиёде мекунад. Табибон бемории гемофилияро бемории ирсӣ мегӯянд, ки аз норасоии фактори 8-ум ва 9-уми хун сар мезадааст.

Нафароне, ки бо ин беморӣ зиндагӣ мекунанд хунравии зиёд доранд, шахшавии хун дар буғумҳо мушоҳида мешавад ва аз беморони ҳаёташон дар хатар буда гуфта мешаванд ва ин беморӣ ба се гурӯҳ ҷудо мешавад. Табибон ин бемориро ба гурӯҳҳои “А”, “В” ва “С” тақсим кардаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ дар Тоҷикистон гирифторони ин беморӣ 520 нафар сабт шудааст ва эҳтимол дорад, ки нафарони дигаре ба ин беморӣ гирифтор ҳастанд, вале расман сабт нашудаанд. Дар ҷануби Тоҷикистон нафарони зиёде аз ин беоморӣ ранҷ мекашанд, ки гурӯҳи онҳо факторҳои 8 ва 9 бештар будааст, ки шумораи онҳо 169, ки 135 нафар гемофилияи “А” ва 34 нафар гемофилияи “В” ҳастанд.

Наҷиб Азизӣ, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Гемофилҳо” дар сўҳбат ба ҳафтаномаи “Пайк” гуфт, ки агарчи корҳои зиёдеро анҷом додаанд, вале дар шаҳру навоҳии Хатлон ба кумаки молии мақомот барои гирифторони ин беморӣ ниёз доранд. Ӯ гуфт, ки дар вилояти Суғд дар асоси муроҷиати расмӣ барои беморон кӯмакпулӣ ҷудо шуда буд, вале дар Хатлон ба аризаҳои расмии онҳо посухе намешавад. Мо ба раиси собиқи вилояти Хатлон навиштем, посух нашуд, вале ҳудуди 20 рӯз мешавад, ки ба Ҳаким Қурбонзода, раиси феълии вилоят муроҷиат карда, мунтазири посух ҳастем. Дар вилояти Суғд, ки назар ба вилояти Хатлон беморони гемофилия камтар аст ба аризаи мо посух дода, ба беморон кӯмакпулӣ ҷудо шуд, вале муроҷиатҳои расмӣ дар гузашта бе посух мондаанд, гуфт Наҷиб Азизӣ.

Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон 21 феврали соли 2017 ташкилоти “Гемофилияҳо” расман ба қайд гирифта шудааст, ки барои дастгирии беморон бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад, хусусан дар таъмини доруворӣ.

Сиҳатии мардум дар сиёсати ҳукумати кишвар дар зинаи аввал қарор дорад, вале чаро дар гузашта ба ин беморон ҳукумати вилояти Хатлон кумаки худро дареғ надоштааст, суолест беҷавоб. Ҳоло, ки Ҳаким Қурбонзода, бо корҳои ободонию созандагӣ дар ин вилоят корро оғоз кардааст, эҳтимоли кумак ба беморони Хатлонӣ ҳаст, чун сиёсати хирадмандонаи роҳбари кишваро бо масъулият пиёда мекунад ва ғамхори мардум буданашро собит месозад. Ба ақидаи мо њар як роҳбар, ки ба ӯ бовар мекунанд, бояд вазифаашро иҷро кунад ва дилсӯзу кӯмакрасони мардум, хусусан беморон бояд бошад.

Амонҷон Муҳиддинов, махсус барои “Пайк”

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru