Пайк

ХАБАРҲО

“Аввалин бонки молиявии хӯрд” занро...

Дирӯз, 1-уми март намояндагони “Аввалин бонки молиявии хӯрд” ҳавлии истиқоматии Намозова Шарофат сокини шаҳри Кӯлоб кӯчаи Чапаевро ғайриинтизор мусодира карда, молу колояшро ба хонаи ҳамсояҳо ва худу 8 кӯдаки ноболиғи хонаро дар кӯча гузоштаанд.

Намозова Шарофат сокини шаҳри Кӯлоб кӯчаи Чапаев ба редаксия омада шикоят аз он кард, ки намояндагони “Аввалин бонки молиявии хӯрд” дирӯз 1 марти соли 2019 омада маро аз хонаи истиқоматиям берун карданд. Ҳодиса аз он сар мезанад, ки соли 2016 аз ин бонк ба номи писарам Пошоқулов Муҳиддин 250 ҳазор сомонӣ қарз гирифтем. Дар ин миён писарам дар маҳбас нишаст, писари ба садама дучор шуд ва дар оилаамон нохушиҳо зиёд буданд. Қарзи бонкро месупоридем ва дар ин дарҳам барҳамии оилавӣ 1 сол қарзро супорида натавонистем. Вақте бо дасти келинам Иброҳимова Малоҳат маблағи қарзиро равон кардам, кормандони бонки мазкур маблағро қабул накарданд.

Ба иловаи манбаъ аз дигарон мешунид, ки хонаатро коркунони бонк мегиранд ва худ бовар намекард, ки то ин андоза аз хонааш маҳрум мешавад. Вале рӯзи 1-уми марти имсол коркунони “Аввалин бонки молиявии хӯрд” омада гуфтанд, ки хонаатро холӣ мекунем. Гуфтам, ки ба ман муҳлат бидиҳед то молу колоямро ҷамъ кунам, онҳо гуфтанд, ки муҳлатат тамомшудааст ва чизу чора ҳатто деги хурокамро бурда дар хонаи ҳамсоя ҷо карданд. Хонаро ба фурӯш гузошта, худаму 8-кӯдаки ноболиғи хонаро дар кӯча партофтанд.

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru