Пайк

ХАБАРҲО

РАИСИ ВИЛОЯТРО ФИРЕБ...


РАИСИ ВИЛОЯТРО ФИРЕБ ДОДАНД

Яке аз иқдомҳои неки сарвари давлат Пешвои миллатамон ин шинонидани дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва сарсабзгардонидани диёрамон мебошад. Аз ин рӯ ҳамасола дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ярмарка- фурӯши ниҳолҳо баргузор мегардад. Ин ид «ярмарка» дар шаҳри Кӯлоб имсол 15 январ дар назди донишгоҳи Кӯлоб баргузор гардид, ки ҳама масъулин аз Кулоб, Восеъ, Данғара, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Фархор, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон ва  Шоҳин иштирок карданд. Аз ин маърака муовини раиси вилояти Хатлон Курбонбой Ҳакимзода дидан намуда,  беҳтаринҳоро бо ифтихорнома сарфароз гардонид. Ва аммо иддае аз масъулини бесалоҳият дар инҷо ҳам даст ба фиреб заданд.

Даст холӣ, кисса пур…

Як чиз боиси таъкид аст, ки ҳама масъулин аз ноҳияҳо бо дасти холӣ вале киссаи пур омаданд. Гап сари он, ки танҳо аз 3 ноҳия дарахтҳоро ба ярмарка оварданду тамом. Ин ҳам бошад Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъ, дигар ҳама аз деҳқонони минтақаи Кӯлоб аз номи ноҳияҳо баромад намуданд. Дар дилхоҳ хайма даромада пурсӣ, ки ниҳолҳо аз куҷоянд, посух як аст: «Мо аз «Лесапутовникем», 100 сомонӣ ба мо доданд ва гуфтанд, ки аз номи ноҳияи мо баромад кунед. Ин ҳолатро дар хаймаҳои Темурмалик, Муъминобод, Ховалинг ва дигар ноҳияҳо дидан мумкин буд. Бо чанд нафар масъулин ҳамсӯҳбат шудам, яке аз онҳо, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, чунин гуфт:

«Кадом гумроҳ  аз ноҳияҳои дурдаст дарахт пушт карда меояд, вақте дар хоҷагии боғпарварии ноҳияи Восеъ, ки 2 км аз шаҳри Кӯлоб дуртар воқеъ аст дарахт бисёр. Ин кишоварзон дарахтони худро дар бозори Кӯлоб бе ярмарка ҳам савдо мекунанд, мо онҳоро киро мекунем, дар ярмарка аз номи мо дарахт савдо мекунанд, кӣ медонад, ки ин дарахтони ноҳияи моян аз Восеъ?

Як нафари дигар, ки худро Зафар Холиқов, муовини раиси ҷангали ноҳияи Муъминобод муаррифӣ кард чунин гуфт:

«Ҳамаи дарахтони мо аз ноҳияи худамон оварда шудааст.»

Ва  аммо  нафаре, ки дар дохили хаймаи Муъминобод ба намоиш ва фурӯши ниҳол машғул буд чунин гуфт: маро пул доданд, ки омада аз номи онҳо баромад кунам, аслан ман аз «Лесапутовникам».

Минбаъд аз масъулин хоҳиш мекунем, ки ақалан дарахтфурӯшони бегонаро ба ҷуз 100 сомонӣ додан, боз таъкид кунанд, ки сиро фош насозанд, набошад ҳамаамон шарманда мешавем.

Магар мушкил аст аз ноҳияи худ пушти мошини сабукрав ё ягон «тангем» 500-1000 дарахт овардан. Бовар дорем, бо ҳамон 100 сомонӣ метавон ба мошин бензин рехт ва ба Кӯлоб дарахт овард, аммо ин мардум ончунон аз фиреб лаззат мебардоранд, ки аз қавли рост онқадар ҳаловат намебаранд.

Пас, суоле матраҳ аст, ки ба чӣ хотир муовинон ва масъулини шаҳру ноҳияҳо бе ягон азоби виҷдон Пешвои миллат, раиси Вилоят ва муовини ӯ Қурбонбой Каримовро фиреб медиҳанд? Каримов бо умед аст, ки навоҳӣ дарахтони худро ба маъраз гузоштаанд, аммо масъулини бемасъулият ҳамаро баякбор фиреб додан мехоҳанд. Мо ҳам гумон кардем, ки агар ҳафтавори «Пайк» ин ҳақиқатро нагӯяд он фақат барои раиси вилоят пӯшида мемонад, аммо мардум онро медонанд-ку. Писханд мезананд.

Бинобар ин, барои он, ки писханди мардум бемаънӣ шавад, мо аз раиси вилоят хоҳиш дорем, ки намоиш-ярмаркаи ниҳолро бори дигар дар шаҳри Кӯлоб баргузор намуда, бо назардошти эроди гирифтаи мо гузаронанд, то иқдоми Пешвои миллат иҷро шаваду фиреб ба майнаи масъулин ва мардум таъсири бад нагузорад.

Чун нек нигарӣ ҳатто ҳамин фиреб-ярмарка ҳам фоида дошт, аммо хуб мешуд, агар кор бефиреб сурат мегирифт ва фоидаи бештар ба соҳаи кишварзӣ меовард.

Қурбонбой Каримов бошад, ба андешаи мо чорабиниро дар сатҳи баланд гузаронд, аммо аз куҷо донад, ки масъулини айёр ҳамаро фиреб карданд?

Муҳаммади Мӯсавӣ

Добавить комментарий

Суроғаи мо:

Joomla ru